Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 81 – 89

  1. فَرِحَ الْمُخَلَّفُونَ بِمَقْعَدِهِمْ خِلَافَ رَسُولِ اللَّهِ وَكَرِهُوا أَنْ يُجَاهِدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَقَالُوا لَا تَنْفِرُوا فِي الْحَرِّ ۗ قُلْ نَارُ جَهَنَّمَ أَشَدُّ حَرًّا ۚ لَوْ كَانُوا يَفْقَهُونَ

    Вомондагон [аз ғазваи Табук] пас аз [мухолифат бо] Расулуллоҳ аз хонанишинии худ шодмон шуданд ва аз инки бо амволу ҷонҳои хеш дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод кунанд, кароҳат доштанд ва [ба афроди сустимон] мегуфтанд: «Дар ин гармо раҳсипор [-и ҷиҳод] нашавед». [Эй Паёмбар ба онон] Бигӯ: «Агар дармеёфтанд, оташи дузах [аз ин бисёр] сӯзонтар аст»

    9:81
  2. فَلْيَضْحَكُوا قَلِيلًا وَلْيَبْكُوا كَثِيرًا جَزَاءً بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ

    Ба сазои ончи мекарданд, бояд [дар дунё] кам биханданд ва [дар охират] бисёр бигирянд

    9:82
  3. فَإِنْ رَجَعَكَ اللَّهُ إِلَىٰ طَائِفَةٍ مِنْهُمْ فَاسْتَأْذَنُوكَ لِلْخُرُوجِ فَقُلْ لَنْ تَخْرُجُوا مَعِيَ أَبَدًا وَلَنْ تُقَاتِلُوا مَعِيَ عَدُوًّا ۖ إِنَّكُمْ رَضِيتُمْ بِالْقُعُودِ أَوَّلَ مَرَّةٍ فَاقْعُدُوا مَعَ الْخَالِفِينَ

    Ва агар Аллоҳ таоло туро ба сӯйи гурӯҳе аз онҳо бозгардонд ва аз ту барои ҳамроҳӣ [дар ҷиҳоди дигар] иҷозат хостанд, бигӯ: «[Аз ин пас] Ҳаргиз бо ман раҳсипор [-и ҷиҳод] нахоҳед шуд ва ҳаргиз ҳамроҳ бо ман бо ҳеҷ душмане набард нахоҳед кард, зеро шумо нахустин бор ба хонанишинӣ ризоият додед, пас, бо хонанишинон бинишинед

    9:83
  4. وَلَا تُصَلِّ عَلَىٰ أَحَدٍ مِنْهُمْ مَاتَ أَبَدًا وَلَا تَقُمْ عَلَىٰ قَبْرِهِ ۖ إِنَّهُمْ كَفَرُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَمَاتُوا وَهُمْ فَاسِقُونَ

    Ва ҳаргиз бар ҳеҷ мурдае аз онон намоз нахон ва [барои дуо хондан ва талаби омурзиш] бар сари қабраш наист, [чаро ки] бе тардид, онон ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш куфр варзидаанд ва дар ҳоле мурданд, ки нофармон буданд

    9:84
  5. وَلَا تُعْجِبْكَ أَمْوَالُهُمْ وَأَوْلَادُهُمْ ۚ إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ أَنْ يُعَذِّبَهُمْ بِهَا فِي الدُّنْيَا وَتَزْهَقَ أَنْفُسُهُمْ وَهُمْ كَافِرُونَ

    Ва [эй Паёмбар, афзунии] амвол ва фарзандонашон туро шигифтзада накунад. Ба ростӣ, ҷуз ин нест, ки Аллоҳ таоло мехоҳад ба ин [васила] дар дунё азобашон кунад ва дар ҳоле ки кофиранд, ҷонашон барояд

    9:85
  6. وَإِذَا أُنْزِلَتْ سُورَةٌ أَنْ آمِنُوا بِاللَّهِ وَجَاهِدُوا مَعَ رَسُولِهِ اسْتَأْذَنَكَ أُولُو الطَّوْلِ مِنْهُمْ وَقَالُوا ذَرْنَا نَكُنْ مَعَ الْقَاعِدِينَ

    Ва ҳангоме ки сурае нозил шавад [ва амр мекунад], ки «Ба Аллоҳ таоло имон биёваред ва ҳамроҳи паёмбараш ҷиҳод кунед», сарватмандонашон [барои нарафтан ба ҷиҳод] аз ту иҷозат мехоҳанд ва мегӯянд: «Бигзор, мо бо хонанишинон бошем»

    9:86
  7. رَضُوا بِأَنْ يَكُونُوا مَعَ الْخَوَالِفِ وَطُبِعَ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ فَهُمْ لَا يَفْقَهُونَ

    Онон розӣ шуданд, ки бо хонанишинон бошанд ва бар дилҳояшон муҳр [-и нифоқ] ниҳода шудааст. Пас, [хайру салоҳи хешро] дарнамеёбанд

    9:87
  8. لَٰكِنِ الرَّسُولُ وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ جَاهَدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ ۚ وَأُولَٰئِكَ لَهُمُ الْخَيْرَاتُ ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

    Аммо Паёмбар ва касоне, ки бо ӯ имон овардаанд, бо амволу ҷонҳои худ [дар роҳи Аллоҳ таоло] ҷиҳод карданд. Ононанд, ки ҳамаи некиҳо барои эшон аст ва ононанд ки растагоранд

    9:88
  9. أَعَدَّ اللَّهُ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ ذَٰلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ

    Аллоҳ таоло бар эшон боғҳое [аз биҳишт] муҳайё кардааст, ки ҷуйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст [ва] ҷовидона дар он мемонанд. Ин [ҳамон растагорӣ ва] комёбии бузург аст

    9:89

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»