Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 80 – 83

  1. اسْتَغْفِرْ لَهُمْ أَوْ لَا تَسْتَغْفِرْ لَهُمْ إِنْ تَسْتَغْفِرْ لَهُمْ سَبْعِينَ مَرَّةً فَلَنْ يَغْفِرَ اللَّهُ لَهُمْ ۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ كَفَرُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْفَاسِقِينَ

    [Эй Паёмбар] Чи барои онон омурзиш бихоҳӣ, чи омурзиш нахоҳӣ, [суде ба ҳолашон надорад, ҳатто] агар ҳафтод бор барояшон омурзиш бихоҳӣ, Аллоҳ таоло ҳаргиз ононро намеомурзад, чаро ки ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш куфр варзиданд, ва Аллоҳ таоло гурӯҳи нофармонро ҳидоят намекунад

    9:80
  2. فَرِحَ الْمُخَلَّفُونَ بِمَقْعَدِهِمْ خِلَافَ رَسُولِ اللَّهِ وَكَرِهُوا أَنْ يُجَاهِدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَقَالُوا لَا تَنْفِرُوا فِي الْحَرِّ ۗ قُلْ نَارُ جَهَنَّمَ أَشَدُّ حَرًّا ۚ لَوْ كَانُوا يَفْقَهُونَ

    Вомондагон [аз ғазваи Табук] пас аз [мухолифат бо] Расулуллоҳ аз хонанишинии худ шодмон шуданд ва аз инки бо амволу ҷонҳои хеш дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод кунанд, кароҳат доштанд ва [ба афроди сустимон] мегуфтанд: «Дар ин гармо раҳсипор [-и ҷиҳод] нашавед». [Эй Паёмбар ба онон] Бигӯ: «Агар дармеёфтанд, оташи дузах [аз ин бисёр] сӯзонтар аст»

    9:81
  3. فَلْيَضْحَكُوا قَلِيلًا وَلْيَبْكُوا كَثِيرًا جَزَاءً بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ

    Ба сазои ончи мекарданд, бояд [дар дунё] кам биханданд ва [дар охират] бисёр бигирянд

    9:82
  4. فَإِنْ رَجَعَكَ اللَّهُ إِلَىٰ طَائِفَةٍ مِنْهُمْ فَاسْتَأْذَنُوكَ لِلْخُرُوجِ فَقُلْ لَنْ تَخْرُجُوا مَعِيَ أَبَدًا وَلَنْ تُقَاتِلُوا مَعِيَ عَدُوًّا ۖ إِنَّكُمْ رَضِيتُمْ بِالْقُعُودِ أَوَّلَ مَرَّةٍ فَاقْعُدُوا مَعَ الْخَالِفِينَ

    Ва агар Аллоҳ таоло туро ба сӯйи гурӯҳе аз онҳо бозгардонд ва аз ту барои ҳамроҳӣ [дар ҷиҳоди дигар] иҷозат хостанд, бигӯ: «[Аз ин пас] Ҳаргиз бо ман раҳсипор [-и ҷиҳод] нахоҳед шуд ва ҳаргиз ҳамроҳ бо ман бо ҳеҷ душмане набард нахоҳед кард, зеро шумо нахустин бор ба хонанишинӣ ризоият додед, пас, бо хонанишинон бинишинед

    9:83

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»