Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 73 – 80
-
يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ جَاهِدِ الْكُفَّارَ وَالْمُنَافِقِينَ وَاغْلُظْ عَلَيْهِمْ ۚ وَمَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ ۖ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ
Эй паёмбар бо кофирон ва мунофиқон ҷиҳод кун ва бар онон сахтгир бош. Ва ҷойгоҳашон дузах аст ва чи бад саранҷомест!
9:73 -
يَحْلِفُونَ بِاللَّهِ مَا قَالُوا وَلَقَدْ قَالُوا كَلِمَةَ الْكُفْرِ وَكَفَرُوا بَعْدَ إِسْلَامِهِمْ وَهَمُّوا بِمَا لَمْ يَنَالُوا ۚ وَمَا نَقَمُوا إِلَّا أَنْ أَغْنَاهُمُ اللَّهُ وَرَسُولُهُ مِنْ فَضْلِهِ ۚ فَإِنْ يَتُوبُوا يَكُ خَيْرًا لَهُمْ ۖ وَإِنْ يَتَوَلَّوْا يُعَذِّبْهُمُ اللَّهُ عَذَابًا أَلِيمًا فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ ۚ وَمَا لَهُمْ فِي الْأَرْضِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ
[Мунофиқон] Ба Аллоҳ таоло савганд ёд мекунанд, ки [суханони нописанде дар бораи Аллоҳ таоло ва Паёмбараш] нагуфтаанд ва ба ростӣ, ки сухани куфр гуфтаанд ва пас аз Ислом оварданашон [боз] кофир шуданд [ва бо дасиса барои қатли Паёмбар] тасмим ба коре гирифтанд, ки дар он муваффақ нашуданд. Ва ба айбҷӯӣ [ва мухолифат] барнахостанд, магар пас аз онки Аллоҳ таоло ва Паёмбараш [бо бахшидани ғаноим] ононро аз фазли хеш бениёз карданд. Пас, агар тавба кунанд, барояшон беҳтар аст ва агар рӯй бигардонанд, Аллоҳ таоло ононро дар дунё ва охират ба азоби дарднок дучор месозад ва дар замин ҳеҷ корсозу ёваре нахоҳанд дошт
9:74 -
وَمِنْهُمْ مَنْ عَاهَدَ اللَّهَ لَئِنْ آتَانَا مِنْ فَضْلِهِ لَنَصَّدَّقَنَّ وَلَنَكُونَنَّ مِنَ الصَّالِحِينَ
Баъзе аз онон бо Аллоҳ таоло [аҳду] паймон бастанд, ки: «Агар [Аллоҳ таоло] аз фазли худ [насибе] ба мо диҳад, ҳатман, садақа [ва закот] хоҳем дод ва аз накукорон хоҳем буд»
9:75 -
فَلَمَّا آتَاهُمْ مِنْ فَضْلِهِ بَخِلُوا بِهِ وَتَوَلَّوْا وَهُمْ مُعْرِضُونَ
Пас чун [Аллоҳ таоло] аз фазли худ ба онон [насибе] бахшид, нисбат ба он бухл варзиданд ва [аз он паймон] рӯ гардонданд ва [аз ҳақ] сарпечӣ карданд
9:76 -
فَأَعْقَبَهُمْ نِفَاقًا فِي قُلُوبِهِمْ إِلَىٰ يَوْمِ يَلْقَوْنَهُ بِمَا أَخْلَفُوا اللَّهَ مَا وَعَدُوهُ وَبِمَا كَانُوا يَكْذِبُونَ
Пас, бо сазои онки бо Аллоҳ таоло хилофи ваъда карданд ва ба он хотир, ки дурӯғ мегуфтанд, [Аллоҳ таоло низ] то рӯзе, ки Ӯро [дар қиёмат] мебинанд, дар дилҳояшон доғ [-у нанги] нифоқ ниҳод
9:77 -
أَلَمْ يَعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ سِرَّهُمْ وَنَجْوَاهُمْ وَأَنَّ اللَّهَ عَلَّامُ الْغُيُوبِ
Оё надонистаанд, ки Аллоҳ таоло розу наҷвояшонро [ки дар маҳфилҳояшон баён мешавад, ба хубӣ] медонад ва Аллоҳ таоло донои розҳои ниҳон аст?
9:78 -
الَّذِينَ يَلْمِزُونَ الْمُطَّوِّعِينَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ فِي الصَّدَقَاتِ وَالَّذِينَ لَا يَجِدُونَ إِلَّا جُهْدَهُمْ فَيَسْخَرُونَ مِنْهُمْ ۙ سَخِرَ اللَّهُ مِنْهُمْ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
[Мунофиқон] Касоне [ҳастанд], ки бар муъминон айб мегиранд, ки ба хости хеш садақот [-и бисёр] медиҳанд ва [ҳамчунин, фуқаро ва] афродеро, ки беш аз тавони моли хеш чизе [барои садақа] намеёбанд, масхара мекунанд. Аллоҳ таоло ононро ба тамасхур мегирад ва барояшон азоби дарднок [дар пеш] хоҳад буд
9:79 -
اسْتَغْفِرْ لَهُمْ أَوْ لَا تَسْتَغْفِرْ لَهُمْ إِنْ تَسْتَغْفِرْ لَهُمْ سَبْعِينَ مَرَّةً فَلَنْ يَغْفِرَ اللَّهُ لَهُمْ ۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ كَفَرُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْفَاسِقِينَ
[Эй Паёмбар] Чи барои онон омурзиш бихоҳӣ, чи омурзиш нахоҳӣ, [суде ба ҳолашон надорад, ҳатто] агар ҳафтод бор барояшон омурзиш бихоҳӣ, Аллоҳ таоло ҳаргиз ононро намеомурзад, чаро ки ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш куфр варзиданд, ва Аллоҳ таоло гурӯҳи нофармонро ҳидоят намекунад
9:80
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»