Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 7 – 16
-
كَيْفَ يَكُونُ لِلْمُشْرِكِينَ عَهْدٌ عِنْدَ اللَّهِ وَعِنْدَ رَسُولِهِ إِلَّا الَّذِينَ عَاهَدْتُمْ عِنْدَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ ۖ فَمَا اسْتَقَامُوا لَكُمْ فَاسْتَقِيمُوا لَهُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُتَّقِينَ
Чигуна мушрикон метавонанд назди Аллоҳ таоло ва Паёмбараш [аҳду] паймоне дошта бошанд? Магар [дар мавриди] касоне, ки бо онон наздики Масҷиду-л-ҳаром [дар Ҳудайбия] паймон бастаед. Пас, то [мушрикон дар мавриди он аҳд] бо шумо пойдоранд, шумо [низ] бо онон пойдор бошед, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло парҳезгоронро дӯст медорад
9:7 -
كَيْفَ وَإِنْ يَظْهَرُوا عَلَيْكُمْ لَا يَرْقُبُوا فِيكُمْ إِلًّا وَلَا ذِمَّةً ۚ يُرْضُونَكُمْ بِأَفْوَاهِهِمْ وَتَأْبَىٰ قُلُوبُهُمْ وَأَكْثَرُهُمْ فَاسِقُونَ
Чигуна [паймони мушрикон арзиш дорад] бо инки агар бар шумо даст ёбанд, дар бораи шумо на [ҳаққи] хешовандиро муроот мекунанд ва на ҳеҷ паймонеро?! Онон шуморо бо забони худ хушнуд мекунанд ва ҳол онки дилҳояшон имтиноъ меварзад ва бештарашон нофармонанд
9:8 -
اشْتَرَوْا بِآيَاتِ اللَّهِ ثَمَنًا قَلِيلًا فَصَدُّوا عَنْ سَبِيلِهِ ۚ إِنَّهُمْ سَاءَ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ
Оёти Аллоҳ таолоро ба баҳои ночизе фурӯхтанд ва [мардумро] аз роҳи Ӯ боздоштанд. Ба ростӣ, чи бад аъмоле анҷом медоданд!
9:9 -
لَا يَرْقُبُونَ فِي مُؤْمِنٍ إِلًّا وَلَا ذِمَّةً ۚ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُعْتَدُونَ
Инон дар ҳаққи ҳеҷ муъмине, на [ҳаққи] хешовандӣ муроот [риоя] мекунанд ва на паймонеро. Ва инонанд, ки таҷовузкоранд
9:10 -
فَإِنْ تَابُوا وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَآتَوُا الزَّكَاةَ فَإِخْوَانُكُمْ فِي الدِّينِ ۗ وَنُفَصِّلُ الْآيَاتِ لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ
Пас, [бо ин ҳол] агар тавба карданд ва намоз барпо доштанд ва закот пардохтанд, бародарони динии шумо [мусулмонон] ҳастанд ва Мо оёти худро барои гурӯҳе, ки медонанд, ба тафсил баён мекунем
9:11 -
وَإِنْ نَكَثُوا أَيْمَانَهُمْ مِنْ بَعْدِ عَهْدِهِمْ وَطَعَنُوا فِي دِينِكُمْ فَقَاتِلُوا أَئِمَّةَ الْكُفْرِ ۙ إِنَّهُمْ لَا أَيْمَانَ لَهُمْ لَعَلَّهُمْ يَنْتَهُونَ
Ва агар [тааҳҳуду] савгандашонро пас аз паймони хеш шикастанд ва дар динатон таъна заданд, пас бо пешвоёни куфр биҷангед; зеро онон аҳд [-у паймоне бо шумо] надоранд, бошад, ки [аз рафтори худ] даст бардоранд
9:12 -
أَلَا تُقَاتِلُونَ قَوْمًا نَكَثُوا أَيْمَانَهُمْ وَهَمُّوا بِإِخْرَاجِ الرَّسُولِ وَهُمْ بَدَءُوكُمْ أَوَّلَ مَرَّةٍ ۚ أَتَخْشَوْنَهُمْ ۚ فَاللَّهُ أَحَقُّ أَنْ تَخْشَوْهُ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ
Эй муъминон] Чаро бо гурӯҳе намеҷангед, ки савганд [ва паймони] худро шикастанд ва дар берун рондани Паёмбар [аз Макка] кӯшиданд? Онон буданд, ки нахустин бор [бо ёрӣ кардани қабилаи Бакр дар баробари Хузоа ҷангро] бо шумо оғоз карданд. Оё аз онон метарсед? Дар ҳоле ки агар имон доред, Аллоҳ таоло сазовортар аст, ки аз Ӯ битарсед
9:13 -
قَاتِلُوهُمْ يُعَذِّبْهُمُ اللَّهُ بِأَيْدِيكُمْ وَيُخْزِهِمْ وَيَنْصُرْكُمْ عَلَيْهِمْ وَيَشْفِ صُدُورَ قَوْمٍ مُؤْمِنِينَ
Бо онон биҷангед, то Аллоҳ таоло ба дасти шумо азобашон кунад ва хорашон созад ва шуморо бар онон пирӯз гардонад ва дилҳои муъминонро ором бахшад
9:14 -
وَيُذْهِبْ غَيْظَ قُلُوبِهِمْ ۗ وَيَتُوبُ اللَّهُ عَلَىٰ مَنْ يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ
Ва [бо шикасти кофирон] хашми дилҳои онон [муъминон] –ро бартараф кунад. Ва Аллоҳ таоло аз ҳар ки бихоҳад, дармегузарад. Ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
9:15 -
أَمْ حَسِبْتُمْ أَنْ تُتْرَكُوا وَلَمَّا يَعْلَمِ اللَّهُ الَّذِينَ جَاهَدُوا مِنْكُمْ وَلَمْ يَتَّخِذُوا مِنْ دُونِ اللَّهِ وَلَا رَسُولِهِ وَلَا الْمُؤْمِنِينَ وَلِيجَةً ۚ وَاللَّهُ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ
Оё пиндоштаед, ки [бидуни имтиҳони илоҳӣ] ба ҳоли худ раҳо мешавед? Дар ҳоле ки Аллоҳ таоло ҳанӯз касоне аз шуморо, ки ҷиҳод карданд ва ба ҷуз Аллоҳ таоло ва Паёмбар ва муъминон [касеро ба дӯстӣ ва] ҳамрозӣ нагирифтаанд, маълум надоштааст? Ва Аллоҳ таоло ба ончи мекунед, огоҳ аст
9:16
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»