Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 7 – 11

  1. كَيْفَ يَكُونُ لِلْمُشْرِكِينَ عَهْدٌ عِنْدَ اللَّهِ وَعِنْدَ رَسُولِهِ إِلَّا الَّذِينَ عَاهَدْتُمْ عِنْدَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ ۖ فَمَا اسْتَقَامُوا لَكُمْ فَاسْتَقِيمُوا لَهُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُتَّقِينَ

    Чигуна мушрикон метавонанд назди Аллоҳ таоло ва Паёмбараш [аҳду] паймоне дошта бошанд? Магар [дар мавриди] касоне, ки бо онон наздики Масҷиду-л-ҳаром [дар Ҳудайбия] паймон бастаед. Пас, то [мушрикон дар мавриди он аҳд] бо шумо пойдоранд, шумо [низ] бо онон пойдор бошед, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло парҳезгоронро дӯст медорад

    9:7
  2. كَيْفَ وَإِنْ يَظْهَرُوا عَلَيْكُمْ لَا يَرْقُبُوا فِيكُمْ إِلًّا وَلَا ذِمَّةً ۚ يُرْضُونَكُمْ بِأَفْوَاهِهِمْ وَتَأْبَىٰ قُلُوبُهُمْ وَأَكْثَرُهُمْ فَاسِقُونَ

    Чигуна [паймони мушрикон арзиш дорад] бо инки агар бар шумо даст ёбанд, дар бораи шумо на [ҳаққи] хешовандиро муроот мекунанд ва на ҳеҷ паймонеро?! Онон шуморо бо забони худ хушнуд мекунанд ва ҳол онки дилҳояшон имтиноъ меварзад ва бештарашон нофармонанд

    9:8
  3. اشْتَرَوْا بِآيَاتِ اللَّهِ ثَمَنًا قَلِيلًا فَصَدُّوا عَنْ سَبِيلِهِ ۚ إِنَّهُمْ سَاءَ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ

    Оёти Аллоҳ таолоро ба баҳои ночизе фурӯхтанд ва [мардумро] аз роҳи Ӯ боздоштанд. Ба ростӣ, чи бад аъмоле анҷом медоданд!

    9:9
  4. لَا يَرْقُبُونَ فِي مُؤْمِنٍ إِلًّا وَلَا ذِمَّةً ۚ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُعْتَدُونَ

    Инон дар ҳаққи ҳеҷ муъмине, на [ҳаққи] хешовандӣ муроот [риоя] мекунанд ва на паймонеро. Ва инонанд, ки таҷовузкоранд

    9:10
  5. فَإِنْ تَابُوا وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَآتَوُا الزَّكَاةَ فَإِخْوَانُكُمْ فِي الدِّينِ ۗ وَنُفَصِّلُ الْآيَاتِ لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ

    Пас, [бо ин ҳол] агар тавба карданд ва намоз барпо доштанд ва закот пардохтанд, бародарони динии шумо [мусулмонон] ҳастанд ва Мо оёти худро барои гурӯҳе, ки медонанд, ба тафсил баён мекунем

    9:11

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»