Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 67 – 68
-
الْمُنَافِقُونَ وَالْمُنَافِقَاتُ بَعْضُهُمْ مِنْ بَعْضٍ ۚ يَأْمُرُونَ بِالْمُنْكَرِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمَعْرُوفِ وَيَقْبِضُونَ أَيْدِيَهُمْ ۚ نَسُوا اللَّهَ فَنَسِيَهُمْ ۗ إِنَّ الْمُنَافِقِينَ هُمُ الْفَاسِقُونَ
Мардону занони мунофиқ [монанди якдигар ва] аз як гурӯҳанд: ба корҳои зишт фармон медиҳанд ва аз некиҳо бозмедоранд ва дастҳои хешро [аз инфоқ] фурӯ мебанданд [ва] Аллоҳ таолоро фаромӯш карданд. Пас, Аллоҳ таоло [низ бо бетафовутӣ] ононро ба фаромӯшӣ супурд [ва раҳмату тавфиқашро аз онон салб намуд]. Бе гумон, мунофиқон ҳамон фосиқонанд
9:67 -
وَعَدَ اللَّهُ الْمُنَافِقِينَ وَالْمُنَافِقَاتِ وَالْكُفَّارَ نَارَ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ هِيَ حَسْبُهُمْ ۚ وَلَعَنَهُمُ اللَّهُ ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ مُقِيمٌ
Аллоҳ таоло ба мардону занони мунофиқ ва [ҳамчунин] ба кофирон ваъдаи оташи дузах додааст, ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ҳамон [оташ] барояшон кофист ва Аллоҳ таоло лаънаташон кардааст ва азоби пойдор [дар пеш] доранд
9:68
Тарҷума: Центр переводов «Руввад»