Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 65 – 66

  1. وَلَئِنْ سَأَلْتَهُمْ لَيَقُولُنَّ إِنَّمَا كُنَّا نَخُوضُ وَنَلْعَبُ ۚ قُلْ أَبِاللَّهِ وَآيَاتِهِ وَرَسُولِهِ كُنْتُمْ تَسْتَهْزِئُونَ

    Ва агар аз онон бипурсӣ: [«Чаро тамасхур мекардед»?] Мусалламан, мегӯянд: «Мо ҷиддӣ намегуфтем ва [шӯхӣ ва] бозӣ мекардем». Бигӯ: «Оё Аллоҳ таоло ва оёти Ӯ ва паёмбарашро масхара мекардед»?

    9:65
  2. لَا تَعْتَذِرُوا قَدْ كَفَرْتُمْ بَعْدَ إِيمَانِكُمْ ۚ إِنْ نَعْفُ عَنْ طَائِفَةٍ مِنْكُمْ نُعَذِّبْ طَائِفَةً بِأَنَّهُمْ كَانُوا مُجْرِمِينَ

    Узр наоваред. Ба ростӣ, ки шумо пас аз имонатон кофир шудаед. Агар гурӯҳе аз шуморо [ба хотири тавбаашон] бибахшем, гурӯҳи дигарро [ба сабаби саркашӣ ва тарки инфоқ] азоб хоҳем кард, чаро ки бе тардид, онон табаҳкор буданд

    9:66

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»