Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 60 – 66

  1. إِنَّمَا الصَّدَقَاتُ لِلْفُقَرَاءِ وَالْمَسَاكِينِ وَالْعَامِلِينَ عَلَيْهَا وَالْمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمْ وَفِي الرِّقَابِ وَالْغَارِمِينَ وَفِي سَبِيلِ اللَّهِ وَابْنِ السَّبِيلِ ۖ فَرِيضَةً مِنَ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ

    Садақот [ва закот] ихтисос дорад ба фақирон [-и тиҳидаст] ва мустамандон [-и тангдаст] ва коргузорон [-и ҷамъоварӣ ва тавзеи] он ва дилҷӯишудагон [тозамусулмон] ва барои [озод кардани] бардагон ва [пардохти воми] қарздорон ва дар роҳи Аллоҳ таоло ва [кумак ба] дарроҳмондагон. [Ин] Фаризаи [муқарраршуда] аз ҷониби Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст

    9:60
  2. وَمِنْهُمُ الَّذِينَ يُؤْذُونَ النَّبِيَّ وَيَقُولُونَ هُوَ أُذُنٌ ۚ قُلْ أُذُنُ خَيْرٍ لَكُمْ يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَيُؤْمِنُ لِلْمُؤْمِنِينَ وَرَحْمَةٌ لِلَّذِينَ آمَنُوا مِنْكُمْ ۚ وَالَّذِينَ يُؤْذُونَ رَسُولَ اللَّهِ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ

    Ва бархе аз онон [мунофиқон] ҳастанд, ки Паёмбарро меозоранд ва мегӯянд: «Ӯ зудбовар [ва саропо гӯш] аст». [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ӯ барои шумо [фақат] шунавандаи сухани хайр аст. [Вай] ба Аллоҳ таоло имон дорад ва [сухани] муъминонро бовар дорад ва барои касоне аз шумо, ки имон овардаанд, раҳматест». Ва касоне, ки Расулуллоҳро меозоранд, азоби дарднок [дар пеш] доранд

    9:61
  3. يَحْلِفُونَ بِاللَّهِ لَكُمْ لِيُرْضُوكُمْ وَاللَّهُ وَرَسُولُهُ أَحَقُّ أَنْ يُرْضُوهُ إِنْ كَانُوا مُؤْمِنِينَ

    [Эй муъминон, мунофиқон] Бароятон ба Аллоҳ таоло савганд ёд мекунанд, то шуморо хушнуд созанд, дар ҳоле ки агар имон доштанд, шоистатар [ин] буд, ки Аллоҳ таоло ва паёмбарашро хушнуд созанд

    9:62
  4. أَلَمْ يَعْلَمُوا أَنَّهُ مَنْ يُحَادِدِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَأَنَّ لَهُ نَارَ جَهَنَّمَ خَالِدًا فِيهَا ۚ ذَٰلِكَ الْخِزْيُ الْعَظِيمُ

    Оё намедонанд, ҳар ки бо Аллоҳ таоло ва расулаш мухолифат [ва душманӣ] кунад, мусалламан, оташи ҷаҳаннам барои ӯст [ва] ҷовидона дар он хоҳад буд? Ин ҳамон расвоии бузург аст

    9:63
  5. يَحْذَرُ الْمُنَافِقُونَ أَنْ تُنَزَّلَ عَلَيْهِمْ سُورَةٌ تُنَبِّئُهُمْ بِمَا فِي قُلُوبِهِمْ ۚ قُلِ اسْتَهْزِئُوا إِنَّ اللَّهَ مُخْرِجٌ مَا تَحْذَرُونَ

    Мунофиқон бим доранд, ки [мабодо] сурае дар бораи онон [бар паёмбар] нозил шавад ва онон [ муъминон]-ро аз ончи дар дилҳои эшон [мунофиқон] аст, огоҳ созад. [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: «[Ҳарчи мехоҳед] Масхара кунед, [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ончиро, ки [аз он мепарҳезед ва] ҳарос доред, ифшо хоҳад кард»

    9:64
  6. وَلَئِنْ سَأَلْتَهُمْ لَيَقُولُنَّ إِنَّمَا كُنَّا نَخُوضُ وَنَلْعَبُ ۚ قُلْ أَبِاللَّهِ وَآيَاتِهِ وَرَسُولِهِ كُنْتُمْ تَسْتَهْزِئُونَ

    Ва агар аз онон бипурсӣ: [«Чаро тамасхур мекардед»?] Мусалламан, мегӯянд: «Мо ҷиддӣ намегуфтем ва [шӯхӣ ва] бозӣ мекардем». Бигӯ: «Оё Аллоҳ таоло ва оёти Ӯ ва паёмбарашро масхара мекардед»?

    9:65
  7. لَا تَعْتَذِرُوا قَدْ كَفَرْتُمْ بَعْدَ إِيمَانِكُمْ ۚ إِنْ نَعْفُ عَنْ طَائِفَةٍ مِنْكُمْ نُعَذِّبْ طَائِفَةً بِأَنَّهُمْ كَانُوا مُجْرِمِينَ

    Узр наоваред. Ба ростӣ, ки шумо пас аз имонатон кофир шудаед. Агар гурӯҳе аз шуморо [ба хотири тавбаашон] бибахшем, гурӯҳи дигарро [ба сабаби саркашӣ ва тарки инфоқ] азоб хоҳем кард, чаро ки бе тардид, онон табаҳкор буданд

    9:66

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»