Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 43 – 59

  1. عَفَا اللَّهُ عَنْكَ لِمَ أَذِنْتَ لَهُمْ حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَكَ الَّذِينَ صَدَقُوا وَتَعْلَمَ الْكَاذِبِينَ

    [Эй Паёмбар] Аллоҳ таоло аз ту даргузарад! Чаро пеш аз онки [ҳоли] ростгӯён бар ту равшан гардад ва дурӯғгуёнро бозшиносӣ, ба онон иҷозат додӣ [ки дар ҷиҳод ширкат кунанд]?

    9:43
  2. لَا يَسْتَأْذِنُكَ الَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ أَنْ يُجَاهِدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالْمُتَّقِينَ

    Касоне, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи вопасин имон доранд, дар ҷиҳод бо амволу ҷонҳояшон аз ту иҷозат [муофият] намехоҳанд. Ва Аллоҳ таоло ба [ҳоли] парҳезгорон доност

    9:44
  3. إِنَّمَا يَسْتَأْذِنُكَ الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَارْتَابَتْ قُلُوبُهُمْ فَهُمْ فِي رَيْبِهِمْ يَتَرَدَّدُونَ

    Танҳо касоне аз ту иҷозат [-и муофият аз ҷиҳод] мехоҳанд, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи вопасин имон надоранд ва дилҳояшон ба тардид олуда аст ва дар тардиди худ саргардонанд

    9:45
  4. وَلَوْ أَرَادُوا الْخُرُوجَ لَأَعَدُّوا لَهُ عُدَّةً وَلَٰكِنْ كَرِهَ اللَّهُ انْبِعَاثَهُمْ فَثَبَّطَهُمْ وَقِيلَ اقْعُدُوا مَعَ الْقَاعِدِينَ

    Ва агар [ба ростӣ] иродаи раҳсипорӣ [ба қасди ҷиҳод] доштанд, ҳатман, созу барге барояш фароҳам мекарданд, вале Аллоҳ таоло раҳсипори ононро хуш надошт, пас, эшонро мунсариф намуд ва [ба онон] гуфта шуд: «Бо хонанишинон бимонед»

    9:46
  5. لَوْ خَرَجُوا فِيكُمْ مَا زَادُوكُمْ إِلَّا خَبَالًا وَلَأَوْضَعُوا خِلَالَكُمْ يَبْغُونَكُمُ الْفِتْنَةَ وَفِيكُمْ سَمَّاعُونَ لَهُمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ

    [Эй муъминон] Агар [мунофиқон] ҳамроҳи шумо раҳсипор мешуданд, [ба сабаби буздилӣ ва фирор аз майдони ҷанг] ҷуз фитна ва фасод бароятон ба бор намеоварданд ва миёнатон нуфуз менамуданд ва дар ҳаққи шумо фитнаҷӯӣ мекарданд ва дар ҷамъатон ҷосусоне доранд. Ва Аллоҳ таоло ба [ҳоли] ситамгорон огоҳ аст

    9:47
  6. لَقَدِ ابْتَغَوُا الْفِتْنَةَ مِنْ قَبْلُ وَقَلَّبُوا لَكَ الْأُمُورَ حَتَّىٰ جَاءَ الْحَقُّ وَظَهَرَ أَمْرُ اللَّهِ وَهُمْ كَارِهُونَ

    Яқинан, пеш аз ин [низ мунофиқон бисёр] фитнаҷӯӣ карданд ва корҳоро бар ту [воруна ва] ошуфта ҷилва доданд, то онки ҳақ омад ва фармони Аллоҳ таоло ошкор гардид, дар ҳоле ки онон кароҳат доштанд

    9:48
  7. وَمِنْهُمْ مَنْ يَقُولُ ائْذَنْ لِي وَلَا تَفْتِنِّي ۚ أَلَا فِي الْفِتْنَةِ سَقَطُوا ۗ وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمُحِيطَةٌ بِالْكَافِرِينَ

    Ва аз эшон касе ҳаст, ки мегӯяд: «Ба ман иҷозат бидеҳ, [ки ҷиҳод накунам] ва маро дар фитна наандоз». Огоҳ бошед! [Мунофиқон] Ҳам акнун низ дар фитна афтодаанд ва бе тардид, дузах бар кофирон иҳота дорад

    9:49
  8. إِنْ تُصِبْكَ حَسَنَةٌ تَسُؤْهُمْ ۖ وَإِنْ تُصِبْكَ مُصِيبَةٌ يَقُولُوا قَدْ أَخَذْنَا أَمْرَنَا مِنْ قَبْلُ وَيَتَوَلَّوْا وَهُمْ فَرِحُونَ

    [Эй Паёмбар] Агар ба ту некӣ бирасад, ононро нороҳат мекунад ва агар мусибате ба ту расад, мегӯянд: «Мо пеш аз ин чораи кори худ андешидаем» ва шодмон [назди хонаводаҳояшон] бозмегарданд

    9:50
  9. قُلْ لَنْ يُصِيبَنَا إِلَّا مَا كَتَبَ اللَّهُ لَنَا هُوَ مَوْلَانَا ۚ وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ

    Бигӯ: «Ҳаргиз [мусибате] ба мо намерасад, ҷуз ончи Аллоҳ таоло бароямон муқаррар кардааст. Ӯ [дӯсту] корсози мост ва муъминон бояд ба Аллоҳ таоло таваккал кунанд»

    9:51
  10. قُلْ هَلْ تَرَبَّصُونَ بِنَا إِلَّا إِحْدَى الْحُسْنَيَيْنِ ۖ وَنَحْنُ نَتَرَبَّصُ بِكُمْ أَنْ يُصِيبَكُمُ اللَّهُ بِعَذَابٍ مِنْ عِنْدِهِ أَوْ بِأَيْدِينَا ۖ فَتَرَبَّصُوا إِنَّا مَعَكُمْ مُتَرَبِّصُونَ

    [Ба мунофиқон] Бигӯ: «Оё барои мо ҷуз яке аз ду некӣ [пирӯзӣ ё шаҳодат]-ро интизор доред? Дар ҳоле ки мо интизор мекашем, ки Аллоҳ таоло аз ҷониби хеш ё ба дасти мо ба азоб [-и сахте] гирифторатон кунад. Пас, интизор бикашед, ки бе тардид, мо [низ] бо шумо мунтазирем»

    9:52
  11. قُلْ أَنْفِقُوا طَوْعًا أَوْ كَرْهًا لَنْ يُتَقَبَّلَ مِنْكُمْ ۖ إِنَّكُمْ كُنْتُمْ قَوْمًا فَاسِقِينَ

    [Ба мунофиқон] Бигӯ: «Чи бо рағбат, чи бо кароҳат инфоқ кунед, ҳаргиз аз шумо пазируфта намешавад, [чаро ки] бе тардид, шумо гурӯҳи нофармон будаед»

    9:53
  12. وَمَا مَنَعَهُمْ أَنْ تُقْبَلَ مِنْهُمْ نَفَقَاتُهُمْ إِلَّا أَنَّهُمْ كَفَرُوا بِاللَّهِ وَبِرَسُولِهِ وَلَا يَأْتُونَ الصَّلَاةَ إِلَّا وَهُمْ كُسَالَىٰ وَلَا يُنْفِقُونَ إِلَّا وَهُمْ كَارِهُونَ

    Ва ҳеҷ чиз монеи қабули бахшишҳояшон нашуд, ҷуз инки онон ба Аллоҳ таоло ва паёмбараш куфр варзиданд ва ҷуз бо сустӣ намоз намегузоранд ва ҷуз ба кароҳат [ва бемайлӣ] инфоқ намекунанд

    9:54
  13. فَلَا تُعْجِبْكَ أَمْوَالُهُمْ وَلَا أَوْلَادُهُمْ ۚ إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُعَذِّبَهُمْ بِهَا فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَتَزْهَقَ أَنْفُسُهُمْ وَهُمْ كَافِرُونَ

    Пас, [эй Паёмбар] амволу фарзандонашон туро шигифтзада накунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло мехоҳад дар зиндагии дунё ба василаи инҳо азобашон кунад ва дар ҳоле ки кофиранд, ҷонашон барояд

    9:55
  14. وَيَحْلِفُونَ بِاللَّهِ إِنَّهُمْ لَمِنْكُمْ وَمَا هُمْ مِنْكُمْ وَلَٰكِنَّهُمْ قَوْمٌ يَفْرَقُونَ

    Ва онон [ мунофиқон] ба Аллоҳ таоло савганд ёд мекунанд, ки аз шумо [муъминон] ҳастанд, дар ҳоле ки аз шумо нестанд, вале онон гурӯҳе ҳастанд, ки метарсанд [ва ба ин сабаб савганд мехӯранд]

    9:56
  15. لَوْ يَجِدُونَ مَلْجَأً أَوْ مَغَارَاتٍ أَوْ مُدَّخَلًا لَوَلَّوْا إِلَيْهِ وَهُمْ يَجْمَحُونَ

    Агар паноҳгоҳ ё ғор ё гурезгоҳе пайдо кунанд, шитобон ба сӯйи он рӯ меоваранд

    9:57
  16. وَمِنْهُمْ مَنْ يَلْمِزُكَ فِي الصَّدَقَاتِ فَإِنْ أُعْطُوا مِنْهَا رَضُوا وَإِنْ لَمْ يُعْطَوْا مِنْهَا إِذَا هُمْ يَسْخَطُونَ

    Ва бархе аз онон ҳастанд, ки дар [тақсими] садақот [ва ғаноим] бар ту хурда мегиранд, пас, агар аз он [амвол] ба эшон дода шавад, хушнуд мегарданд ва агар аз он ба эшон дода нашавад, он гоҳ хашмгин мешаванд

    9:58
  17. وَلَوْ أَنَّهُمْ رَضُوا مَا آتَاهُمُ اللَّهُ وَرَسُولُهُ وَقَالُوا حَسْبُنَا اللَّهُ سَيُؤْتِينَا اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ وَرَسُولُهُ إِنَّا إِلَى اللَّهِ رَاغِبُونَ

    Ва [ҳатман, бар эшон беҳтар буд], агар онон ба ончи Аллоҳ таоло ва Паёмбараш ба эшон додаанд, хушнуд мегаштанд ва мегуфтанд: «Аллоҳ таоло бароямон кофист, ба зудӣ Аллоҳ таоло ва Паёмбараш аз фазлу бахшиши худ ба мо медиҳад ва мо ба Аллоҳ таоло [умедвор ва ] муштоқем»

    9:59

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»