Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 41 – 49
-
انْفِرُوا خِفَافًا وَثِقَالًا وَجَاهِدُوا بِأَمْوَالِكُمْ وَأَنْفُسِكُمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۚ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ
Сабукбору гаронбор [ба ҳар ҳолате барои ҷиҳод] раҳсипор шавед ва бо амволу ҷонҳои хеш дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод кунед. Агар бидонед, ин барои шумо беҳтар аст
9:41 -
لَوْ كَانَ عَرَضًا قَرِيبًا وَسَفَرًا قَاصِدًا لَاتَّبَعُوكَ وَلَٰكِنْ بَعُدَتْ عَلَيْهِمُ الشُّقَّةُ ۚ وَسَيَحْلِفُونَ بِاللَّهِ لَوِ اسْتَطَعْنَا لَخَرَجْنَا مَعَكُمْ يُهْلِكُونَ أَنْفُسَهُمْ وَاللَّهُ يَعْلَمُ إِنَّهُمْ لَكَاذِبُونَ
[Эй Паёмбар] Агар [ҳадафи мунофиқон аз ҳамроҳӣ бо ту касби ғанимат ва ёфтани] моле дар дастрас ва сафари [осон ва] кӯтоҳ буд, ҳатман, ба дунболат меомаданд. Вале он роҳи пурмашаққати [ Шом] бар эшон дур [-у душвор] намуд ва ба зудӣ ба Аллоҳ таоло савганд хоҳанд хӯрд, ки: «Агар метавонистем, ҳатман, бо шумо раҳсипор мешудем» [Онон бо нофармонӣ ва савганди дурӯғ] худро ба ҳалокат афканданд ва Аллоҳ таоло медонад, ки онон, яқинан, дурӯғгӯ ҳастанд
9:42 -
عَفَا اللَّهُ عَنْكَ لِمَ أَذِنْتَ لَهُمْ حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَكَ الَّذِينَ صَدَقُوا وَتَعْلَمَ الْكَاذِبِينَ
[Эй Паёмбар] Аллоҳ таоло аз ту даргузарад! Чаро пеш аз онки [ҳоли] ростгӯён бар ту равшан гардад ва дурӯғгуёнро бозшиносӣ, ба онон иҷозат додӣ [ки дар ҷиҳод ширкат кунанд]?
9:43 -
لَا يَسْتَأْذِنُكَ الَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ أَنْ يُجَاهِدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالْمُتَّقِينَ
Касоне, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи вопасин имон доранд, дар ҷиҳод бо амволу ҷонҳояшон аз ту иҷозат [муофият] намехоҳанд. Ва Аллоҳ таоло ба [ҳоли] парҳезгорон доност
9:44 -
إِنَّمَا يَسْتَأْذِنُكَ الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَارْتَابَتْ قُلُوبُهُمْ فَهُمْ فِي رَيْبِهِمْ يَتَرَدَّدُونَ
Танҳо касоне аз ту иҷозат [-и муофият аз ҷиҳод] мехоҳанд, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи вопасин имон надоранд ва дилҳояшон ба тардид олуда аст ва дар тардиди худ саргардонанд
9:45 -
وَلَوْ أَرَادُوا الْخُرُوجَ لَأَعَدُّوا لَهُ عُدَّةً وَلَٰكِنْ كَرِهَ اللَّهُ انْبِعَاثَهُمْ فَثَبَّطَهُمْ وَقِيلَ اقْعُدُوا مَعَ الْقَاعِدِينَ
Ва агар [ба ростӣ] иродаи раҳсипорӣ [ба қасди ҷиҳод] доштанд, ҳатман, созу барге барояш фароҳам мекарданд, вале Аллоҳ таоло раҳсипори ононро хуш надошт, пас, эшонро мунсариф намуд ва [ба онон] гуфта шуд: «Бо хонанишинон бимонед»
9:46 -
لَوْ خَرَجُوا فِيكُمْ مَا زَادُوكُمْ إِلَّا خَبَالًا وَلَأَوْضَعُوا خِلَالَكُمْ يَبْغُونَكُمُ الْفِتْنَةَ وَفِيكُمْ سَمَّاعُونَ لَهُمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ
[Эй муъминон] Агар [мунофиқон] ҳамроҳи шумо раҳсипор мешуданд, [ба сабаби буздилӣ ва фирор аз майдони ҷанг] ҷуз фитна ва фасод бароятон ба бор намеоварданд ва миёнатон нуфуз менамуданд ва дар ҳаққи шумо фитнаҷӯӣ мекарданд ва дар ҷамъатон ҷосусоне доранд. Ва Аллоҳ таоло ба [ҳоли] ситамгорон огоҳ аст
9:47 -
لَقَدِ ابْتَغَوُا الْفِتْنَةَ مِنْ قَبْلُ وَقَلَّبُوا لَكَ الْأُمُورَ حَتَّىٰ جَاءَ الْحَقُّ وَظَهَرَ أَمْرُ اللَّهِ وَهُمْ كَارِهُونَ
Яқинан, пеш аз ин [низ мунофиқон бисёр] фитнаҷӯӣ карданд ва корҳоро бар ту [воруна ва] ошуфта ҷилва доданд, то онки ҳақ омад ва фармони Аллоҳ таоло ошкор гардид, дар ҳоле ки онон кароҳат доштанд
9:48 -
وَمِنْهُمْ مَنْ يَقُولُ ائْذَنْ لِي وَلَا تَفْتِنِّي ۚ أَلَا فِي الْفِتْنَةِ سَقَطُوا ۗ وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمُحِيطَةٌ بِالْكَافِرِينَ
Ва аз эшон касе ҳаст, ки мегӯяд: «Ба ман иҷозат бидеҳ, [ки ҷиҳод накунам] ва маро дар фитна наандоз». Огоҳ бошед! [Мунофиқон] Ҳам акнун низ дар фитна афтодаанд ва бе тардид, дузах бар кофирон иҳота дорад
9:49
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»