Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 38 – 42

  1. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا مَا لَكُمْ إِذَا قِيلَ لَكُمُ انْفِرُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ اثَّاقَلْتُمْ إِلَى الْأَرْضِ ۚ أَرَضِيتُمْ بِالْحَيَاةِ الدُّنْيَا مِنَ الْآخِرَةِ ۚ فَمَا مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا فِي الْآخِرَةِ إِلَّا قَلِيلٌ

    Эй касоне, ки имон овардаед, шуморо чи шудааст, ки чун ба шумо гуфта мешавад: «Дар роҳи Аллоҳ таоло раҳсипор [ҷиҳод] шавед», сустӣ ба харҷ медиҳед [ва дар хонаҳоятон менишинед]? Оё ба ҷойи охират ба зиндагии дунё дилхуш кардаед? [Пас, бидонед, ки] колои зиндагии дунё дар баробари охират ҷуз андаке нест

    9:38
  2. إِلَّا تَنْفِرُوا يُعَذِّبْكُمْ عَذَابًا أَلِيمًا وَيَسْتَبْدِلْ قَوْمًا غَيْرَكُمْ وَلَا تَضُرُّوهُ شَيْئًا ۗ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

    [Эй муъминон] Агар раҳсипор [-и ҷиҳод] нагардед, [Аллоҳ таоло] ба азоби дарднок гирифторатон мекунад ва ба ҷойи шумо гурӯҳи дигареро меоварад ва [шумо бо нофармонӣ ҳаргиз] ба Ӯ зиёне намерасонед. Ва Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност

    9:39
  3. إِلَّا تَنْصُرُوهُ فَقَدْ نَصَرَهُ اللَّهُ إِذْ أَخْرَجَهُ الَّذِينَ كَفَرُوا ثَانِيَ اثْنَيْنِ إِذْ هُمَا فِي الْغَارِ إِذْ يَقُولُ لِصَاحِبِهِ لَا تَحْزَنْ إِنَّ اللَّهَ مَعَنَا ۖ فَأَنْزَلَ اللَّهُ سَكِينَتَهُ عَلَيْهِ وَأَيَّدَهُ بِجُنُودٍ لَمْ تَرَوْهَا وَجَعَلَ كَلِمَةَ الَّذِينَ كَفَرُوا السُّفْلَىٰ ۗ وَكَلِمَةُ اللَّهِ هِيَ الْعُلْيَا ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

    [Эй асҳоби Паёмбар] Агар шумо ӯро ёрӣ накунед, ҳатман, Аллоҳ таоло ёриаш намуд: ҳангоме ки кофирон ӯро [аз Макка] берун карданд, он гоҳ ки яке аз он ду, ки дар ғор [-и Савр паноҳ гирифта] буданд, ба ҳамроҳи худ [Абубакр] гуфт: «Андуҳгин мабош, [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло бо мост». Пас, Аллоҳ таоло оромиши худро бар ӯ фурӯ фиристод ва ӯро бо сипоҳиёне, ки онҳоро намедидед, таъйид [-у тақвият] кард ва сухани касонеро, ки куфр варзиданд, пасттар гардонд. Ва сухани Аллоҳ таолост, ки бартар аст ва Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст

    9:40
  4. انْفِرُوا خِفَافًا وَثِقَالًا وَجَاهِدُوا بِأَمْوَالِكُمْ وَأَنْفُسِكُمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۚ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ

    Сабукбору гаронбор [ба ҳар ҳолате барои ҷиҳод] раҳсипор шавед ва бо амволу ҷонҳои хеш дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод кунед. Агар бидонед, ин барои шумо беҳтар аст

    9:41
  5. لَوْ كَانَ عَرَضًا قَرِيبًا وَسَفَرًا قَاصِدًا لَاتَّبَعُوكَ وَلَٰكِنْ بَعُدَتْ عَلَيْهِمُ الشُّقَّةُ ۚ وَسَيَحْلِفُونَ بِاللَّهِ لَوِ اسْتَطَعْنَا لَخَرَجْنَا مَعَكُمْ يُهْلِكُونَ أَنْفُسَهُمْ وَاللَّهُ يَعْلَمُ إِنَّهُمْ لَكَاذِبُونَ

    [Эй Паёмбар] Агар [ҳадафи мунофиқон аз ҳамроҳӣ бо ту касби ғанимат ва ёфтани] моле дар дастрас ва сафари [осон ва] кӯтоҳ буд, ҳатман, ба дунболат меомаданд. Вале он роҳи пурмашаққати [ Шом] бар эшон дур [-у душвор] намуд ва ба зудӣ ба Аллоҳ таоло савганд хоҳанд хӯрд, ки: «Агар метавонистем, ҳатман, бо шумо раҳсипор мешудем» [Онон бо нофармонӣ ва савганди дурӯғ] худро ба ҳалокат афканданд ва Аллоҳ таоло медонад, ки онон, яқинан, дурӯғгӯ ҳастанд

    9:42

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»