Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 30 – 37

  1. وَقَالَتِ الْيَهُودُ عُزَيْرٌ ابْنُ اللَّهِ وَقَالَتِ النَّصَارَى الْمَسِيحُ ابْنُ اللَّهِ ۖ ذَٰلِكَ قَوْلُهُمْ بِأَفْوَاهِهِمْ ۖ يُضَاهِئُونَ قَوْلَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ قَبْلُ ۚ قَاتَلَهُمُ اللَّهُ ۚ أَنَّىٰ يُؤْفَكُونَ

    Ва яҳудиён гуфтанд: «Узайр писари Аллоҳ таоло аст» ва масеҳиён гуфтанд: «Масеҳ писари Аллоҳ таоло аст». Ин сухан [-и ботил]-е аст, ки бар забон меоваранд ва ба гуфтори касоне, ки пеш аз ин куфр варзиданд, шабоҳат дорад. Аллоҳ таоло ҳалокашон кунад! Чигуна [аз ҳақ] мунҳариф мешаванд?

    9:30
  2. اتَّخَذُوا أَحْبَارَهُمْ وَرُهْبَانَهُمْ أَرْبَابًا مِنْ دُونِ اللَّهِ وَالْمَسِيحَ ابْنَ مَرْيَمَ وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا إِلَٰهًا وَاحِدًا ۖ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۚ سُبْحَانَهُ عَمَّا يُشْرِكُونَ

    [Ин мушрикон] Уламо ва роҳибони худ ва [ҳамчунин] Масеҳ писари Марямро ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба унвони] маъбудони хеш талаққӣ карданд, ҳол онки дастуре ҷуз ин надоштанд, ки фақат Аллоҳ таолои ягонаро бипарастанд, ки маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест. Ӯ аз ончи шарикаш қарор медиҳанд, муназзаҳ аст

    9:31
  3. يُرِيدُونَ أَنْ يُطْفِئُوا نُورَ اللَّهِ بِأَفْوَاهِهِمْ وَيَأْبَى اللَّهُ إِلَّا أَنْ يُتِمَّ نُورَهُ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ

    Онон мехоҳанд нури Аллоҳ таолоро бо суханони хеш хомӯш кунанд, вале Аллоҳ таоло ҷуз ин намехоҳад, ки нури хешро комил кунад, ҳарчанд кофирон нохушнуд бошанд

    9:32
  4. هُوَ الَّذِي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَىٰ وَدِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ وَلَوْ كَرِهَ الْمُشْرِكُونَ

    Ӯст, ки Паёмбарашро бо ҳидояту дини ҳақ фиристодааст, то онро бар ҳамаи адён пирӯз гардонад, ҳарчанд мушрикон нохушнуд бошанд

    9:33
  5. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّ كَثِيرًا مِنَ الْأَحْبَارِ وَالرُّهْبَانِ لَيَأْكُلُونَ أَمْوَالَ النَّاسِ بِالْبَاطِلِ وَيَصُدُّونَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۗ وَالَّذِينَ يَكْنِزُونَ الذَّهَبَ وَالْفِضَّةَ وَلَا يُنْفِقُونَهَا فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَبَشِّرْهُمْ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ

    Эй касоне, ки имон овардаед, бе тардид, бисёре аз уламо[-и яҳудӣ] ва роҳибон, амволи мардумро ба ноҳақ мехӯранд ва [ононро] аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоранд.Ва касоне, ки зару сим меандузанд ва онро дар роҳи Аллоҳ таоло инфоқ намекунанд, пас, ононро ба азоби дарднок башорат бидеҳ

    9:34
  6. يَوْمَ يُحْمَىٰ عَلَيْهَا فِي نَارِ جَهَنَّمَ فَتُكْوَىٰ بِهَا جِبَاهُهُمْ وَجُنُوبُهُمْ وَظُهُورُهُمْ ۖ هَٰذَا مَا كَنَزْتُمْ لِأَنْفُسِكُمْ فَذُوقُوا مَا كُنْتُمْ تَكْنِزُونَ

    Рӯзе, ки он [ганҷинаҳо]-ро дар оташи дузах сурх кунанд ва пешонӣ ва паҳлу ва пушташонро бо он доғ ниҳанд [ва бигӯянд]: «Ин аст ончи барои хеш меандӯхтед, пас, бичашед ончиро, ки меандӯхтед»

    9:35
  7. إِنَّ عِدَّةَ الشُّهُورِ عِنْدَ اللَّهِ اثْنَا عَشَرَ شَهْرًا فِي كِتَابِ اللَّهِ يَوْمَ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ مِنْهَا أَرْبَعَةٌ حُرُمٌ ۚ ذَٰلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ ۚ فَلَا تَظْلِمُوا فِيهِنَّ أَنْفُسَكُمْ ۚ وَقَاتِلُوا الْمُشْرِكِينَ كَافَّةً كَمَا يُقَاتِلُونَكُمْ كَافَّةً ۚ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ مَعَ الْمُتَّقِينَ

    Шумори моҳҳо назди Аллоҳ таоло [аз] рӯзе, ки осмонҳо ва заминро офаридааст, дар китоби Аллоҳ таоло [Лавҳи маҳфуз] дувоздаҳ моҳ аст, ки [ҷангу даргирӣ дар] чаҳор моҳ аз он ҳаром аст [Зулқаъда, Зулҳиҷҷа, Муҳаррам ва Раҷаб]. Ин аст оини устувор [ва роҳи ҳақ]. Пас, дар ин [чаҳор моҳ] бар худ ситам накунед ва ҳамагӣ бо мушрикон биҷангед, чунонки ҳамаи онон бо шумо меҷанганд ва бидонед, ки Алллоҳ таоло ҳамроҳи парҳезгорон аст

    9:36
  8. إِنَّمَا النَّسِيءُ زِيَادَةٌ فِي الْكُفْرِ ۖ يُضَلُّ بِهِ الَّذِينَ كَفَرُوا يُحِلُّونَهُ عَامًا وَيُحَرِّمُونَهُ عَامًا لِيُوَاطِئُوا عِدَّةَ مَا حَرَّمَ اللَّهُ فَيُحِلُّوا مَا حَرَّمَ اللَّهُ ۚ زُيِّنَ لَهُمْ سُوءُ أَعْمَالِهِمْ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْكَافِرِينَ

    Бе тардид, ба таъхир андохтан [-и моҳҳои ҳаром ва барҳам задани тартиби асли онҳо муҷиби] афзоиши куфр аст [ва] касоне, ки куфр варзиданд, бо ин кор ба гумроҳӣ кашида мешаванд. Он [моҳ]-ро як сол ҳалол мешуморанд ва як сол [-и дигар] ҳаромаш медонанд, то бо теъдоди моҳҳое, ки Аллоҳ таоло ҳаром кардааст, баробар созанд. Пас, [ба он сабаб] ончиро, ки Аллоҳ таоло ҳаром кардааст, [бар худ] ҳалол мекунанд.Зиштии аъмолашон бар эшон ороста шудааст ва Аллоҳ таоло гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад

    9:37

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»