Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 25 – 29
-
لَقَدْ نَصَرَكُمُ اللَّهُ فِي مَوَاطِنَ كَثِيرَةٍ ۙ وَيَوْمَ حُنَيْنٍ ۙ إِذْ أَعْجَبَتْكُمْ كَثْرَتُكُمْ فَلَمْ تُغْنِ عَنْكُمْ شَيْئًا وَضَاقَتْ عَلَيْكُمُ الْأَرْضُ بِمَا رَحُبَتْ ثُمَّ وَلَّيْتُمْ مُدْبِرِينَ
Бе тардид, Аллоҳ таоло шумо [муъминон]-ро дар мавқеиятҳои бисёр ёрӣ кардааст ва низ дар ҷанги Ҳунайн, он гоҳ ки фаровонии теъдодатон шуморо [шоду] шигифтзада кард, вале ҳеҷ суде ба ҳолатон надошт ва замин бо ҳама густурдагӣ бар шумо танг омад, он гоҳ [ба душман] пушт кардед [ва гурехтед]
9:25 -
ثُمَّ أَنْزَلَ اللَّهُ سَكِينَتَهُ عَلَىٰ رَسُولِهِ وَعَلَى الْمُؤْمِنِينَ وَأَنْزَلَ جُنُودًا لَمْ تَرَوْهَا وَعَذَّبَ الَّذِينَ كَفَرُوا ۚ وَذَٰلِكَ جَزَاءُ الْكَافِرِينَ
Сипас Аллоҳ таоло оромиши хешро бар Паёмбараш ва муъминон фурӯ фиристод ва сипоҳиёнеро, ки шумо намедидед [ба кумакатон] фиристод ва ононро, ки куфр варзида буданд, азоб кард. Ва ҷазои кофирон чунин аст
9:26 -
ثُمَّ يَتُوبُ اللَّهُ مِنْ بَعْدِ ذَٰلِكَ عَلَىٰ مَنْ يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ
Сипас Аллоҳ таоло баъд аз он [азоби хоркунанда] тавбаи ҳаркиро бихоҳад, мепазирад ва Аллоҳ таоло омурзандаву меҳрубон аст
9:27 -
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْمُشْرِكُونَ نَجَسٌ فَلَا يَقْرَبُوا الْمَسْجِدَ الْحَرَامَ بَعْدَ عَامِهِمْ هَٰذَا ۚ وَإِنْ خِفْتُمْ عَيْلَةً فَسَوْفَ يُغْنِيكُمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ إِنْ شَاءَ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ حَكِيمٌ
Эй касоне, ки имон овардаед, ҷуз ин нест, ки мушрикон ҳатман, палиданд, пас, набояд баъд аз имсол ба Масҷиду-л-ҳаром наздик шаванд. Ва агар [ба хотири қатъи тиҷорат бо онон] аз тангдастӣ бим доред, [бидонед, ки] агар Аллоҳ таоло бихоҳад, шуморо аз бахшиши хеш бениёз месозад. Бе тардид, Аллоҳ таоло доною ҳаким аст
9:28 -
قَاتِلُوا الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَلَا بِالْيَوْمِ الْآخِرِ وَلَا يُحَرِّمُونَ مَا حَرَّمَ اللَّهُ وَرَسُولُهُ وَلَا يَدِينُونَ دِينَ الْحَقِّ مِنَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ حَتَّىٰ يُعْطُوا الْجِزْيَةَ عَنْ يَدٍ وَهُمْ صَاغِرُونَ
Бо касоне [аз аҳли китоб], ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон намеоранд ва ончиро Аллоҳ таоло ва Паёмбараш ҳаром кардаанд, ҳаром намешуморанд ва дини ҳақро намепазиранд, биҷангед, то он гоҳ ки бо шикасту хорӣ ба дасти хеш ҷизя диҳанд
9:29
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»