Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 17 – 24
-
مَا كَانَ لِلْمُشْرِكِينَ أَنْ يَعْمُرُوا مَسَاجِدَ اللَّهِ شَاهِدِينَ عَلَىٰ أَنْفُسِهِمْ بِالْكُفْرِ ۚ أُولَٰئِكَ حَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ وَفِي النَّارِ هُمْ خَالِدُونَ
Сазовор нест, ки мушрикон масоҷиди Аллоҳ таолоро обод кунанд, дар ҳоле ки онон [амалан] ба куфри хеш гувоҳанд [ва онро изҳор мекунанд], ононанд, ки аъмолашон табоҳ гаштааст ва худ дар оташи [дузах] ҷовидонанд
9:17 -
إِنَّمَا يَعْمُرُ مَسَاجِدَ اللَّهِ مَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَأَقَامَ الصَّلَاةَ وَآتَى الزَّكَاةَ وَلَمْ يَخْشَ إِلَّا اللَّهَ ۖ فَعَسَىٰ أُولَٰئِكَ أَنْ يَكُونُوا مِنَ الْمُهْتَدِينَ
Масоҷиди Аллоҳ таолоро фақат касоне [бояд] обод кунанд, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи охират имон овардаанд ва намоз барпо медоранд ва закот мепардозанд ва аз ғайри Аллоҳ таоло наметарсанд. Умед аст, ки инон аз ҳидоятёфтагон бошанд
9:18 -
أَجَعَلْتُمْ سِقَايَةَ الْحَاجِّ وَعِمَارَةَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ كَمَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَجَاهَدَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۚ لَا يَسْتَوُونَ عِنْدَ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ
[Эй мушрикон] Оё об додан ба ҳоҷиён ва обод кардани Масҷиду-л-ҳаромро бо [имону амали] касе, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи вопасин имон оварда ва дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод кардааст, баробар медонед? [Ин ду ҳаргиз] Назди Аллоҳ таоло баробар нестанд. Ва Аллоҳ таоло ситамгорон [-и мушрик]-ро ҳидоят намекунад
9:19 -
الَّذِينَ آمَنُوا وَهَاجَرُوا وَجَاهَدُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ أَعْظَمُ دَرَجَةً عِنْدَ اللَّهِ ۚ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْفَائِزُونَ
Касоне, ки имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва дар роҳи Аллоҳ таоло бо амвол ва ҷонҳои хеш ҷиҳод карданд, назди Аллоҳ таоло мақоми бартаре доранд ва инон ҳамон растагоронанд
9:20 -
يُبَشِّرُهُمْ رَبُّهُمْ بِرَحْمَةٍ مِنْهُ وَرِضْوَانٍ وَجَنَّاتٍ لَهُمْ فِيهَا نَعِيمٌ مُقِيمٌ
Парвардигорашон ононро аз ҷониби хеш ба раҳмату хушнудӣ ва боғҳое [дар биҳишт] мужда медиҳад, ки дар онҳо неъматҳои пойдор доранд
9:21 -
خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۚ إِنَّ اللَّهَ عِنْدَهُ أَجْرٌ عَظِيمٌ
Ҳамвора дар он ҷовидонанд. Ба ростӣ, ки подоши бузург [фақат] назди Аллоҳ таоло аст
9:22 -
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا آبَاءَكُمْ وَإِخْوَانَكُمْ أَوْلِيَاءَ إِنِ اسْتَحَبُّوا الْكُفْرَ عَلَى الْإِيمَانِ ۚ وَمَنْ يَتَوَلَّهُمْ مِنْكُمْ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الظَّالِمُونَ
Эй касоне, ки имон овардаед, агар падарону бародаронатон куфрро бар имон тарҷеҳ медиҳанд, [ононро] ба дӯстӣ нагиред ва ҳар касе аз шумо ононро ба дӯстӣ бигирад, онон ҳамон ситамгоронанд
9:23 -
قُلْ إِنْ كَانَ آبَاؤُكُمْ وَأَبْنَاؤُكُمْ وَإِخْوَانُكُمْ وَأَزْوَاجُكُمْ وَعَشِيرَتُكُمْ وَأَمْوَالٌ اقْتَرَفْتُمُوهَا وَتِجَارَةٌ تَخْشَوْنَ كَسَادَهَا وَمَسَاكِنُ تَرْضَوْنَهَا أَحَبَّ إِلَيْكُمْ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ وَجِهَادٍ فِي سَبِيلِهِ فَتَرَبَّصُوا حَتَّىٰ يَأْتِيَ اللَّهُ بِأَمْرِهِ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْفَاسِقِينَ
[Эй Паёмбар, ба муъминон] Бигӯ: «Агар падарону фарзандон ва бародарон ва ҳамсарон ва хешовандонатон ва амволе, ки ба даст овардаед ва тиҷорате, ки аз касодиаш метарсед ва хонаҳое, ки ба он дилхуш ҳастед, назди шумо аз Аллоҳ таоло ва Паёмбараш ва ҷиҳод дар роҳи Ӯ маҳбубтаранд, пас, мунтазир бошед, то Аллоҳ таоло фармони [азоби] хешро нозил кунад. Ва Аллоҳ таоло гурӯҳи нофармонро ҳидоят намекунад»
9:24
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»