Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 123 – 129

  1. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا قَاتِلُوا الَّذِينَ يَلُونَكُمْ مِنَ الْكُفَّارِ وَلْيَجِدُوا فِيكُمْ غِلْظَةً ۚ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ مَعَ الْمُتَّقِينَ

    Эй касоне, ки имон овардаед, бо кофироне, ки наздики [маҳалли зиндагии] шумо ҳастанд, биҷангед [то хатарашонро рафъ намоед] ва онон бояд дар шумо шиддату хушунат биёбанд ва бидонед, ки Аллоҳ таоло бо парҳезгорон аст

    9:123
  2. وَإِذَا مَا أُنْزِلَتْ سُورَةٌ فَمِنْهُمْ مَنْ يَقُولُ أَيُّكُمْ زَادَتْهُ هَٰذِهِ إِيمَانًا ۚ فَأَمَّا الَّذِينَ آمَنُوا فَزَادَتْهُمْ إِيمَانًا وَهُمْ يَسْتَبْشِرُونَ

    Ва ҳангоме ки сурае нозил мегардад, бархе аз онон [ба дигаре] мегӯянд: « Ин сура ба имони кадом яке аз шумо афзуд»? Аммо касоне, ки имон овардаанд, бар имонашон меафзояд ва [ба он] шодмон мегарданд

    9:124
  3. وَأَمَّا الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ فَزَادَتْهُمْ رِجْسًا إِلَىٰ رِجْسِهِمْ وَمَاتُوا وَهُمْ كَافِرُونَ

    Ва аммо касоне, ки дар дилҳояшон беморӣ [шакку нифоқе] аст, пас, палидӣ бар палидияшон меафзояд ва дар ҳоле ки кофиранд, мемиранд

    9:125
  4. أَوَلَا يَرَوْنَ أَنَّهُمْ يُفْتَنُونَ فِي كُلِّ عَامٍ مَرَّةً أَوْ مَرَّتَيْنِ ثُمَّ لَا يَتُوبُونَ وَلَا هُمْ يَذَّكَّرُونَ

    Оё онон намебинанд, ки ҳар сол як ё ду бор озмоиш мешаванд? Аммо на тавба мекунанд ва на панд мепазиранд

    9:126
  5. وَإِذَا مَا أُنْزِلَتْ سُورَةٌ نَظَرَ بَعْضُهُمْ إِلَىٰ بَعْضٍ هَلْ يَرَاكُمْ مِنْ أَحَدٍ ثُمَّ انْصَرَفُوا ۚ صَرَفَ اللَّهُ قُلُوبَهُمْ بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لَا يَفْقَهُونَ

    Ва ҳангоме ки сурае нозил мешавад [ки аҳволи мунофиқонро баён намудааст], баъзе аз онон ба баъзи дигар нигоҳ мекунанд [ва мегӯянд]: «Оё касе шуморо мебинад»? Сипас [махфиёна аз он маҷлис] бозмегарданд. Аллоҳ таоло дилҳояшонро [аз хайру ҳидоят] бозгардондааст, зеро онон гурӯҳе ҳастанд, ки намефаҳманд

    9:127
  6. لَقَدْ جَاءَكُمْ رَسُولٌ مِنْ أَنْفُسِكُمْ عَزِيزٌ عَلَيْهِ مَا عَنِتُّمْ حَرِيصٌ عَلَيْكُمْ بِالْمُؤْمِنِينَ رَءُوفٌ رَحِيمٌ

    Яқинан, паёмбаре аз [миёни] худи шумо ба сӯятон омад, ки ранҷдиданатон бар ӯ [гарону] душвор аст ва бар [ҳидояти] шумо сахт исрор дорад ва [нисбат] ба муъминон дилсӯз [ва] меҳрубон аст

    9:128
  7. فَإِنْ تَوَلَّوْا فَقُلْ حَسْبِيَ اللَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۖ عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ ۖ وَهُوَ رَبُّ الْعَرْشِ الْعَظِيمِ

    Пас, [эй Паёмбар] агар [мушрикон ва мунофиқон аз ҳақ рӯйгардон шуданд, бигӯ: «Аллоҳ таоло барои ман кофист. Ҳеҷ маъбуде [барҳақ] ҷуз Ӯ нест, танҳо бар Ӯ таваккал кардам ва Ӯ Парвардигори Арши бузург аст»

    9:129

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»