Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 119 – 122
-
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَكُونُوا مَعَ الصَّادِقِينَ
Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бо ростгӯён бошед
9:119 -
مَا كَانَ لِأَهْلِ الْمَدِينَةِ وَمَنْ حَوْلَهُمْ مِنَ الْأَعْرَابِ أَنْ يَتَخَلَّفُوا عَنْ رَسُولِ اللَّهِ وَلَا يَرْغَبُوا بِأَنْفُسِهِمْ عَنْ نَفْسِهِ ۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ لَا يُصِيبُهُمْ ظَمَأٌ وَلَا نَصَبٌ وَلَا مَخْمَصَةٌ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَلَا يَطَئُونَ مَوْطِئًا يَغِيظُ الْكُفَّارَ وَلَا يَنَالُونَ مِنْ عَدُوٍّ نَيْلًا إِلَّا كُتِبَ لَهُمْ بِهِ عَمَلٌ صَالِحٌ ۚ إِنَّ اللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ
Сазовор нест, ки аҳли Мадина ва аъроб [-и бодиянишин] перомуни эшон аз [ҳамроҳӣ бо] Расулуллоҳ бозмонанд ва ҳифзи ҷони хешро муқаддам бар ӯ шуморанд, зеро дар роҳи Аллоҳ таоло ҳеҷ ташнагӣ ва ранҷу гуруснагие ба онон намерасад ва дар ҳеҷ маконе, ки кофиронро ба хашм меоварад, қадам намегузоранд ва аз душман ҳеҷ [шикаст ва] зарбае намехӯранд, магар инки ба [подоши] он кори шоиста барояшон сабт мешавад. Баростӣ, ки Аллоҳ таоло подоши накукоронро зоеъ намегардонад
9:120 -
وَلَا يُنْفِقُونَ نَفَقَةً صَغِيرَةً وَلَا كَبِيرَةً وَلَا يَقْطَعُونَ وَادِيًا إِلَّا كُتِبَ لَهُمْ لِيَجْزِيَهُمُ اللَّهُ أَحْسَنَ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ
Ва ҳеҷ моли кучак ва бузургеро [дар роҳи Аллоҳ таоло] инфоқ намекунанд ва [дар роҳи ҷиҳод] аз ҳеҷ сарзамине намегузаранд, магар инки [подошаш] бар эшон сабт мешавад, то Аллоҳ таоло подоши накутарин кирдорашонро ба онон бидиҳад
9:121 -
وَمَا كَانَ الْمُؤْمِنُونَ لِيَنْفِرُوا كَافَّةً ۚ فَلَوْلَا نَفَرَ مِنْ كُلِّ فِرْقَةٍ مِنْهُمْ طَائِفَةٌ لِيَتَفَقَّهُوا فِي الدِّينِ وَلِيُنْذِرُوا قَوْمَهُمْ إِذَا رَجَعُوا إِلَيْهِمْ لَعَلَّهُمْ يَحْذَرُونَ
Ва сазовор нест, ки муъминон ҳамагӣ раҳсипор [-и ҷиҳод] шаванд. Пас, чаро аз ҳар гурӯҳе аз онон иддае раҳсипор намешаванд [ва иддае низ ҳамроҳи Паёмбар намемонанд], то [ба сабаби ончи аз маҳзараш фаро мегиранд] дар ин огоҳӣ биёбанд ва қавми худро вақте ба сӯяшон бозгаштанд, бим диҳанд? Бошад, ки онон [аз кайфари илоҳӣ битарсанд ва] бипарҳезанд
9:122
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»