Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 111 – 118
-
إِنَّ اللَّهَ اشْتَرَىٰ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ أَنْفُسَهُمْ وَأَمْوَالَهُمْ بِأَنَّ لَهُمُ الْجَنَّةَ ۚ يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَيَقْتُلُونَ وَيُقْتَلُونَ ۖ وَعْدًا عَلَيْهِ حَقًّا فِي التَّوْرَاةِ وَالْإِنْجِيلِ وَالْقُرْآنِ ۚ وَمَنْ أَوْفَىٰ بِعَهْدِهِ مِنَ اللَّهِ ۚ فَاسْتَبْشِرُوا بِبَيْعِكُمُ الَّذِي بَايَعْتُمْ بِهِ ۚ وَذَٰلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ
Бе тардид, Аллоҳ таоло аз муъминон ҷонҳо ва амволашонро ба [баҳои] инки биҳишт барои онон бошад, харидааст, ҳамон касоне, ки дар роҳи Аллоҳ таоло меҷанганд ва [кофиронро] мекушанд ва [ё худ ба дасти онҳо] кушта мешаванд. [Ин подош] ба унвони ваъдаи росту дуруст дар Таврот ва Инҷил ва Қуръон бар уҳдаи Ӯст. Ва кист, ки аз Аллоҳ таоло ба паймони хеш вафодортар аст? Пас, [эй муъминон] ба муомилае, ки бо Ӯ кардаед, шодмон бошед ва ин ҳамон [растагорӣ ва] комёбии бузург аст
9:111 -
التَّائِبُونَ الْعَابِدُونَ الْحَامِدُونَ السَّائِحُونَ الرَّاكِعُونَ السَّاجِدُونَ الْآمِرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَالنَّاهُونَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَالْحَافِظُونَ لِحُدُودِ اللَّهِ ۗ وَبَشِّرِ الْمُؤْمِنِينَ
[Онон, ки чунин подоше доранд, ҳамон] тавбакунандагон, парастишгарон, сипосгузорон, рӯзадорон, рукуъкунандагон, саҷдакунандагон, водорандагон ба корҳои писандида ва боздорандагон аз корҳои нописанд ва посдорони ҳудуд [ва аҳкоми] илоҳӣ ҳастанд. Ва он муъминонеро, [ки чунин ҳастанд, ба биҳишт] башорат бидеҳ
9:112 -
مَا كَانَ لِلنَّبِيِّ وَالَّذِينَ آمَنُوا أَنْ يَسْتَغْفِرُوا لِلْمُشْرِكِينَ وَلَوْ كَانُوا أُولِي قُرْبَىٰ مِنْ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُمْ أَصْحَابُ الْجَحِيمِ
Барои Паёмбар ва касоне, ки имон оварданд, сазовор нест, ки барои мушрикон, пас аз инки бар эшон ошкор шуд, ки онон аҳли дузаханд, омурзиш бихоҳанд, ҳарчанд аз наздикон бошанд
9:113 -
وَمَا كَانَ اسْتِغْفَارُ إِبْرَاهِيمَ لِأَبِيهِ إِلَّا عَنْ مَوْعِدَةٍ وَعَدَهَا إِيَّاهُ فَلَمَّا تَبَيَّنَ لَهُ أَنَّهُ عَدُوٌّ لِلَّهِ تَبَرَّأَ مِنْهُ ۚ إِنَّ إِبْرَاهِيمَ لَأَوَّاهٌ حَلِيمٌ
Омурзишхоҳии Иброҳим барои падараш [Озар] ҷуз ба хотири ваъдае, ки ба ӯ дода буд, сурат нагирифт, вале ҳангоме ки барояш ошкор шуд, ки вай душмани Аллоҳ таолост, аз ӯ безорӣ ҷуст [ва барояш дуо накард]. Ба ростӣ, ки Иброҳим, басе ниёишгар ва бурдбор буд
9:114 -
وَمَا كَانَ اللَّهُ لِيُضِلَّ قَوْمًا بَعْدَ إِذْ هَدَاهُمْ حَتَّىٰ يُبَيِّنَ لَهُمْ مَا يَتَّقُونَ ۚ إِنَّ اللَّهَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ
Ва Аллоҳ таоло ҳаргиз бар он нест, ки гурӯҳеро пас аз онки ҳидояташон кардааст, гумроҳ бигзорад. Магар онки чизеро, ки бояд [аз он] парҳез кунанд, барояшон равшан карда бошад [ва онон ба он амал накарда бошанд]. Бе тардид, Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност
9:115 -
إِنَّ اللَّهَ لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ يُحْيِي وَيُمِيتُ ۚ وَمَا لَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ
Дар ҳақиқат, фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таолост. [Ӯст, ки] зинда мекунад ва мемиронад ва шумо ба ҷуз Аллоҳ таоло ҳеҷ корсозу ёваре надоред
9:116 -
لَقَدْ تَابَ اللَّهُ عَلَى النَّبِيِّ وَالْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ الَّذِينَ اتَّبَعُوهُ فِي سَاعَةِ الْعُسْرَةِ مِنْ بَعْدِ مَا كَادَ يَزِيغُ قُلُوبُ فَرِيقٍ مِنْهُمْ ثُمَّ تَابَ عَلَيْهِمْ ۚ إِنَّهُ بِهِمْ رَءُوفٌ رَحِيمٌ
Бе гумон, Аллоҳ таоло бар Паёмбар ва муҳоҷирин ва ансор, ки дар ҳангоми душворӣ [ғазваи Табук] аз Ӯ пайравӣ карданд, раҳмат овард, баъд аз онки наздик буд дилҳои гурӯҳе аз онон билағжад [ва ба сабаби сахтиҳои фаровон ҷиҳодро тарк кунанд], пас, [боз] тавбаи ононро пазируфт. Бе тардид, Ӯ [нисбат] ба онон дилсӯз [ва] меҳрубон аст
9:117 -
وَعَلَى الثَّلَاثَةِ الَّذِينَ خُلِّفُوا حَتَّىٰ إِذَا ضَاقَتْ عَلَيْهِمُ الْأَرْضُ بِمَا رَحُبَتْ وَضَاقَتْ عَلَيْهِمْ أَنْفُسُهُمْ وَظَنُّوا أَنْ لَا مَلْجَأَ مِنَ اللَّهِ إِلَّا إِلَيْهِ ثُمَّ تَابَ عَلَيْهِمْ لِيَتُوبُوا ۚ إِنَّ اللَّهَ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ
Ва ба он се нафар, ки [аз ширкат дар ғазваи Табук] тахаллуф намуданд [ва пазириши тавбаашон ба таъхир афтод, низ лутфу эҳсон намуд],он гоҳ ки [мусулмонон аз онон, ки буриданд ва] замин боҳамаи фарохияш бар эшон танг шуд ва аз худ [низ] ба танг омаданд ва донистанд, ки аз Аллоҳ таоло ҷуз ба сӯйи худи Ӯ паноҳе нест. Пас, [Аллоҳ таоло бо бахшоиши хеш] ба онон бозгашт, то тавба кунанд [ва аз эшон даргузашт]. Яқинан, Аллоҳ таоло аст, ки тавбапазири меҳрубон аст
9:118
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»