Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 102 – 106

  1. وَآخَرُونَ اعْتَرَفُوا بِذُنُوبِهِمْ خَلَطُوا عَمَلًا صَالِحًا وَآخَرَ سَيِّئًا عَسَى اللَّهُ أَنْ يَتُوبَ عَلَيْهِمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ

    Ва гурӯҳи дигар ба гуноҳони худ [дар бораи фирор аз ҷиҳод] эътироф кардаанд. [Онон] Кори шоиста ва ношоистаро ба ҳам омехтаанд. Умед аст Аллоҳ таоло тавбаи эшонро бипазирад, [чароки] бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

    9:102
  2. خُذْ مِنْ أَمْوَالِهِمْ صَدَقَةً تُطَهِّرُهُمْ وَتُزَكِّيهِمْ بِهَا وَصَلِّ عَلَيْهِمْ ۖ إِنَّ صَلَاتَكَ سَكَنٌ لَهُمْ ۗ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

    Аз амволи онон [тавбакорон] садақа [ва закот] бигир, то ба ин васила ононро [аз гуноҳ] пок гардонӣ ва дараҷоташонро боло бибарӣ ва барояшон дуо кун, [чароки] яқинан дуои ту оромиш барои онон аст. Ва Аллоҳ таоло шунавову доност

    9:103
  3. أَلَمْ يَعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ هُوَ يَقْبَلُ التَّوْبَةَ عَنْ عِبَادِهِ وَيَأْخُذُ الصَّدَقَاتِ وَأَنَّ اللَّهَ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ

    Оё намедонанд, ки Аллоҳ таоло аст, ки тавбаро аз бандагонаш мепазирад ва садақотро меситонад ва бе тардид, Аллоҳ таолост, ки тавбапазири меҳрубон аст

    9:104
  4. وَقُلِ اعْمَلُوا فَسَيَرَى اللَّهُ عَمَلَكُمْ وَرَسُولُهُ وَالْمُؤْمِنُونَ ۖ وَسَتُرَدُّونَ إِلَىٰ عَالِمِ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ فَيُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ

    Ва [эй Паёмбар, ба мутахаллифон аз ҷиҳод ва тавбакорон] бигӯ: «Ба амал кӯшед [ва ончиро, ки аз даст додаед, ҷуброн кунед]. Пас, Аллоҳ таоло ва Паёмбараш ва муъминон корҳои шуморо хоҳанд дид ва ба зудӣ ба сӯйи [Аллоҳ таолои] донои пинҳону ошкор бозгардонда мешавед, сипас Ӯ [дар қиёмат] шуморо аз ончи анҷом медодед, огоҳ месозад»

    9:105
  5. وَآخَرُونَ مُرْجَوْنَ لِأَمْرِ اللَّهِ إِمَّا يُعَذِّبُهُمْ وَإِمَّا يَتُوبُ عَلَيْهِمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ

    Ва гурӯҳи дигар [аз мутахаллифони Табук ҳастанд, ки сарнавишташон] мавкул [вобасташуда] ба фармони Аллоҳ таоло аст: ё азобашон мекунад ва ё тавбаашонро мепазирад. Ва Аллоҳ таоло донову ҳаким аст

    9:106

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»