Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 100 – 110
-
وَالسَّابِقُونَ الْأَوَّلُونَ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ وَالَّذِينَ اتَّبَعُوهُمْ بِإِحْسَانٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي تَحْتَهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۚ ذَٰلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ
Ва пешгомони нахустин аз муҳоҷирону ансор ва касоне, ки ба некӣ аз онон пайравӣ карданд, Аллоҳ таоло аз онон хушнуд гашт ва онон [низ] аз Ӯ хушнуд шуданд ва барояшон боғҳое [дар биҳишт] муҳайё кардааст, ки ҷуйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст, ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ин ҳамон [растагорӣ ва] комёбии бузург аст
9:100 -
وَمِمَّنْ حَوْلَكُمْ مِنَ الْأَعْرَابِ مُنَافِقُونَ ۖ وَمِنْ أَهْلِ الْمَدِينَةِ ۖ مَرَدُوا عَلَى النِّفَاقِ لَا تَعْلَمُهُمْ ۖ نَحْنُ نَعْلَمُهُمْ ۚ سَنُعَذِّبُهُمْ مَرَّتَيْنِ ثُمَّ يُرَدُّونَ إِلَىٰ عَذَابٍ عَظِيمٍ
Ва бархе аз аъроб [-и бодиянишини Мадина], ки перомуни шумо ҳастанд, [гурӯҳи] мунофиқанд ва аз аҳли Мадина [низ] гурӯҳе ба нифоқ хӯ гирифтаанд. [Эй Паёмбар] Ту ононро намешиносӣ, [вале] мо ононро мешиносем. Ононро ду бор азоб хоҳем кард, сипас ба сӯйи азоби бузург [дар қиёмат] фиристода мешаванд
9:101 -
وَآخَرُونَ اعْتَرَفُوا بِذُنُوبِهِمْ خَلَطُوا عَمَلًا صَالِحًا وَآخَرَ سَيِّئًا عَسَى اللَّهُ أَنْ يَتُوبَ عَلَيْهِمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ
Ва гурӯҳи дигар ба гуноҳони худ [дар бораи фирор аз ҷиҳод] эътироф кардаанд. [Онон] Кори шоиста ва ношоистаро ба ҳам омехтаанд. Умед аст Аллоҳ таоло тавбаи эшонро бипазирад, [чароки] бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
9:102 -
خُذْ مِنْ أَمْوَالِهِمْ صَدَقَةً تُطَهِّرُهُمْ وَتُزَكِّيهِمْ بِهَا وَصَلِّ عَلَيْهِمْ ۖ إِنَّ صَلَاتَكَ سَكَنٌ لَهُمْ ۗ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ
Аз амволи онон [тавбакорон] садақа [ва закот] бигир, то ба ин васила ононро [аз гуноҳ] пок гардонӣ ва дараҷоташонро боло бибарӣ ва барояшон дуо кун, [чароки] яқинан дуои ту оромиш барои онон аст. Ва Аллоҳ таоло шунавову доност
9:103 -
أَلَمْ يَعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ هُوَ يَقْبَلُ التَّوْبَةَ عَنْ عِبَادِهِ وَيَأْخُذُ الصَّدَقَاتِ وَأَنَّ اللَّهَ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ
Оё намедонанд, ки Аллоҳ таоло аст, ки тавбаро аз бандагонаш мепазирад ва садақотро меситонад ва бе тардид, Аллоҳ таолост, ки тавбапазири меҳрубон аст
9:104 -
وَقُلِ اعْمَلُوا فَسَيَرَى اللَّهُ عَمَلَكُمْ وَرَسُولُهُ وَالْمُؤْمِنُونَ ۖ وَسَتُرَدُّونَ إِلَىٰ عَالِمِ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ فَيُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ
Ва [эй Паёмбар, ба мутахаллифон аз ҷиҳод ва тавбакорон] бигӯ: «Ба амал кӯшед [ва ончиро, ки аз даст додаед, ҷуброн кунед]. Пас, Аллоҳ таоло ва Паёмбараш ва муъминон корҳои шуморо хоҳанд дид ва ба зудӣ ба сӯйи [Аллоҳ таолои] донои пинҳону ошкор бозгардонда мешавед, сипас Ӯ [дар қиёмат] шуморо аз ончи анҷом медодед, огоҳ месозад»
9:105 -
وَآخَرُونَ مُرْجَوْنَ لِأَمْرِ اللَّهِ إِمَّا يُعَذِّبُهُمْ وَإِمَّا يَتُوبُ عَلَيْهِمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ
Ва гурӯҳи дигар [аз мутахаллифони Табук ҳастанд, ки сарнавишташон] мавкул [вобасташуда] ба фармони Аллоҳ таоло аст: ё азобашон мекунад ва ё тавбаашонро мепазирад. Ва Аллоҳ таоло донову ҳаким аст
9:106 -
وَالَّذِينَ اتَّخَذُوا مَسْجِدًا ضِرَارًا وَكُفْرًا وَتَفْرِيقًا بَيْنَ الْمُؤْمِنِينَ وَإِرْصَادًا لِمَنْ حَارَبَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ مِنْ قَبْلُ ۚ وَلَيَحْلِفُنَّ إِنْ أَرَدْنَا إِلَّا الْحُسْنَىٰ ۖ وَاللَّهُ يَشْهَدُ إِنَّهُمْ لَكَاذِبُونَ
Ва касоне [аз мунофиқон ҳастанд], ки барои зиён расондан [ба мусулмонон] ва [тақвияти] куфру тафриқаафканӣ миёни муъминон масҷиде сохтанд, [то] камингоҳе бошад барои касоне, ки бо Аллоҳ таоло ва паёмбараш аз пеш дар ҷанг буданд ва, албатта, онон савганд ёд мекунанд, ки қасде ҷуз некӣ [ва хидмат] надоштаем. Ва Аллоҳ таоло гувоҳӣ медиҳад, ки онон, ҳатман, дурӯғгӯ ҳастанд
9:107 -
لَا تَقُمْ فِيهِ أَبَدًا ۚ لَمَسْجِدٌ أُسِّسَ عَلَى التَّقْوَىٰ مِنْ أَوَّلِ يَوْمٍ أَحَقُّ أَنْ تَقُومَ فِيهِ ۚ فِيهِ رِجَالٌ يُحِبُّونَ أَنْ يَتَطَهَّرُوا ۚ وَاللَّهُ يُحِبُّ الْمُطَّهِّرِينَ
Эй Паёмбар] Ҳаргиз дар он масҷид [ба намоз] наист, [зеро] шоистатар аст дар масҷиде [ба намоз] биистӣ, ки аз рӯзи нахуст бар пояи парҳезгорӣ бино шудааст. [Оре, масҷиди Қубост] Ки дар он, мардоне ҳастанд, ки дӯст медоранд, ки [аз гуноҳу олудагӣ] поку покиза гарданд. Ва Аллоҳ таоло покизагонро дӯст медорад
9:108 -
أَفَمَنْ أَسَّسَ بُنْيَانَهُ عَلَىٰ تَقْوَىٰ مِنَ اللَّهِ وَرِضْوَانٍ خَيْرٌ أَمْ مَنْ أَسَّسَ بُنْيَانَهُ عَلَىٰ شَفَا جُرُفٍ هَارٍ فَانْهَارَ بِهِ فِي نَارِ جَهَنَّمَ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ
Оё касе, ки бунёни [кори] хешро бар пояи парҳезгорӣ ва хушнудии Аллоҳ таоло бино ниҳода,беҳтар аст ё касе, ки бунёни хешро бар лаби партгоҳи фурӯрехтание бино ниҳодааст ва бо он дар оташи дузах сарнагун мегардад? Ва Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгоронро [ба сабаби куфру нифоқашон] ҳидоят намекунад
9:109 -
لَا يَزَالُ بُنْيَانُهُمُ الَّذِي بَنَوْا رِيبَةً فِي قُلُوبِهِمْ إِلَّا أَنْ تَقَطَّعَ قُلُوبُهُمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ
Он биное, ки онон бунён ниҳодаанд, пайваста дар дилҳояшон мояи тардид [ва нифоқ] хоҳад буд, магар онки дилҳояшон пора-пора шавад [ва бимиранд]. Ва Аллоҳ таоло донову ҳаким аст
9:110
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»