Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 100 – 101
-
وَالسَّابِقُونَ الْأَوَّلُونَ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ وَالَّذِينَ اتَّبَعُوهُمْ بِإِحْسَانٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي تَحْتَهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۚ ذَٰلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ
Ва пешгомони нахустин аз муҳоҷирону ансор ва касоне, ки ба некӣ аз онон пайравӣ карданд, Аллоҳ таоло аз онон хушнуд гашт ва онон [низ] аз Ӯ хушнуд шуданд ва барояшон боғҳое [дар биҳишт] муҳайё кардааст, ки ҷуйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст, ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ин ҳамон [растагорӣ ва] комёбии бузург аст
9:100 -
وَمِمَّنْ حَوْلَكُمْ مِنَ الْأَعْرَابِ مُنَافِقُونَ ۖ وَمِنْ أَهْلِ الْمَدِينَةِ ۖ مَرَدُوا عَلَى النِّفَاقِ لَا تَعْلَمُهُمْ ۖ نَحْنُ نَعْلَمُهُمْ ۚ سَنُعَذِّبُهُمْ مَرَّتَيْنِ ثُمَّ يُرَدُّونَ إِلَىٰ عَذَابٍ عَظِيمٍ
Ва бархе аз аъроб [-и бодиянишини Мадина], ки перомуни шумо ҳастанд, [гурӯҳи] мунофиқанд ва аз аҳли Мадина [низ] гурӯҳе ба нифоқ хӯ гирифтаанд. [Эй Паёмбар] Ту ононро намешиносӣ, [вале] мо ононро мешиносем. Ононро ду бор азоб хоҳем кард, сипас ба сӯйи азоби бузург [дар қиёмат] фиристода мешаванд
9:101
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»