Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 1 – 3
-
بَرَاءَةٌ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ إِلَى الَّذِينَ عَاهَدْتُمْ مِنَ الْمُشْرِكِينَ
[Ин оёт] Эъломи безорӣ [ва поёни тааҳҳуд] аз тарафи Аллоҳ таоло ва паёмбараш нисбат ба мушриконест, ки [шумо мусулмонон] бо онон паймон бастаед
9:1 -
فَسِيحُوا فِي الْأَرْضِ أَرْبَعَةَ أَشْهُرٍ وَاعْلَمُوا أَنَّكُمْ غَيْرُ مُعْجِزِي اللَّهِ ۙ وَأَنَّ اللَّهَ مُخْزِي الْكَافِرِينَ
Пас, [эй мушрикон, фақат] чаҳор моҳ [фурсат доред, ки бо амнияти комил] дар замин бигардед ва бидонед, ки [ҳаргиз] наметавонед Аллоҳ таолоро нотавон созед [ва аз азобаш бигурезед] ва Аллоҳ таоло расвокунандаи кофирон аст
9:2 -
وَأَذَانٌ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ إِلَى النَّاسِ يَوْمَ الْحَجِّ الْأَكْبَرِ أَنَّ اللَّهَ بَرِيءٌ مِنَ الْمُشْرِكِينَ ۙ وَرَسُولُهُ ۚ فَإِنْ تُبْتُمْ فَهُوَ خَيْرٌ لَكُمْ ۖ وَإِنْ تَوَلَّيْتُمْ فَاعْلَمُوا أَنَّكُمْ غَيْرُ مُعْجِزِي اللَّهِ ۗ وَبَشِّرِ الَّذِينَ كَفَرُوا بِعَذَابٍ أَلِيمٍ
Ва [ин] эъломест аз ҷониби Аллоҳ таоло ва Паёмбараш ба мардум дар рӯзи ҳаҷҷи акбар [иди қурбон], ки: «Аллоҳ таоло ва Паёмбараш аз мушрикон безоранд». Пас, агар тавба кунед, барои шумо беҳтар аст ва агар рӯ бигардонед [ва сарпечӣ кунед], пас, бидонед, ки шумо [ҳаргиз] наметавонед Аллоҳ таолоро нотавон созед [ва аз азобаш бигурезед]. Ва [ту эй Паёмбар] касонеро ки куфр варзиданд, ба азоби дардноке башорат бидеҳ
9:3
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»