Сура 99 Аз-Зилзол (Ларзиш), оят 6 – 8
-
يَوْمَئِذٍ يَصْدُرُ النَّاسُ أَشْتَاتًا لِيُرَوْا أَعْمَالَهُمْ
Дар он рӯз мардум гурӯҳ-гурӯҳ бозмегарданд, то [натиҷаи] аъмолашон ба онон нишон дода шавад
99:6 -
فَمَنْ يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ خَيْرًا يَرَهُ
Пас, ҳар кас ба андозаи заррае кори нек анҷом дода бошад, [подоши] онро мебинад
99:7 -
وَمَنْ يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ شَرًّا يَرَهُ
Ва ҳар кас ба андозаи заррае кори бад карда бошад, [кайфари] онро мебинад
99:8
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»