Сура 96 Ал-Алақ (Хунлахта), оят 9 – 19

  1. أَرَأَيْتَ الَّذِي يَنْهَىٰ

    [Эй Паёмбар] Оё дидаӣ он касе, ки [аз ибодати Аллоҳ таоло] бозмедорад

    96:9
  2. عَبْدًا إِذَا صَلَّىٰ

    Бандаеро, ҳангоме ки намоз мехонад

    96:10
  3. أَرَأَيْتَ إِنْ كَانَ عَلَى الْهُدَىٰ

    Ба ман хабар бидеҳ, агар ин [банда] бар [роҳи] ҳидоят бошад

    96:11
  4. أَوْ أَمَرَ بِالتَّقْوَىٰ

    [Мардумро] Ба парҳезкорӣ фармон диҳад [пас, сазои касе, ки чунин бандаеро биёзорад чист?]

    96:12
  5. أَرَأَيْتَ إِنْ كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ

    Ба ман хабар деҳ, агар ин [шахси саркаш ҳақро] такзиб кард ва рӯйгардон шуд [оё сазовори азоб нест?]

    96:13
  6. أَلَمْ يَعْلَمْ بِأَنَّ اللَّهَ يَرَىٰ

    Оё намедонад, ки бе тардид, Аллоҳ таоло [ҳама аъмолашро] мебинад?

    96:14
  7. كَلَّا لَئِنْ لَمْ يَنْتَهِ لَنَسْفَعًا بِالنَّاصِيَةِ

    Чунин нест [ки ӯ гумон мекунад]; агар боз наояд [ва даст аз шарорат барнадорад], ҳатман, мӯйи пешониашро ба сахтӣ хоҳем гирифт [ва ба сӯйи дузах хоҳем кашонид]

    96:15
  8. نَاصِيَةٍ كَاذِبَةٍ خَاطِئَةٍ

    Мӯйи пешонии [ҳамон] дурӯғгӯи хатокорро

    96:16
  9. فَلْيَدْعُ نَادِيَهُ

    Пас, бояд ҳаммаҷлисонашро [ба кумак] бихонад

    96:17
  10. سَنَدْعُ الزَّبَانِيَةَ

    Мо [низ] оташбонони [дузах]-ро фаро хоҳем хонд

    96:18
  11. كَلَّا لَا تُطِعْهُ وَاسْجُدْ وَاقْتَرِبْ ۩

    Чунин нест [ки ӯ мепиндорад]; ҳаргиз ӯро итоат макун ва саҷда кун ва [ба Аллоҳ таоло] тақарруб ҷӯй

    96:19

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»