Сура 93 Аз-Зуҳо (Оғози рӯз), оят 1 – 11

  1. وَالضُّحَىٰ

    Савганд ба оғози рӯз

    93:1
  2. وَاللَّيْلِ إِذَا سَجَىٰ

    Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки ором гирад

    93:2
  3. مَا وَدَّعَكَ رَبُّكَ وَمَا قَلَىٰ

    [Ки] Парвардигорат туро во нагузошта ва [бар ту] хашм нагирифтааст

    93:3
  4. وَلَلْآخِرَةُ خَيْرٌ لَكَ مِنَ الْأُولَىٰ

    Ва мусалламан охират барои ту аз дунё беҳтар аст

    93:4
  5. وَلَسَوْفَ يُعْطِيكَ رَبُّكَ فَتَرْضَىٰ

    Ва ба зудӣ Парвардигорат ба ту [ва уммати ту он қадр] ато хоҳад кард, ки хушнуд гардӣ

    93:5
  6. أَلَمْ يَجِدْكَ يَتِيمًا فَآوَىٰ

    Оё туро ятим наёфт, пас, паноҳ дод?

    93:6
  7. وَوَجَدَكَ ضَالًّا فَهَدَىٰ

    Ва туро [гумроҳ ва] саргашта ёфт, пас, ҳидоят кард

    93:7
  8. وَوَجَدَكَ عَائِلًا فَأَغْنَىٰ

    Ва туро фақир ёфт, пас, бениёз намуд

    93:8
  9. فَأَمَّا الْيَتِيمَ فَلَا تَقْهَرْ

    Пас, [ту низ] ятимро маёзор

    93:9
  10. وَأَمَّا السَّائِلَ فَلَا تَنْهَرْ

    Ва [мустаманди] ниёзхоҳро марон [ва бо ӯ дуруштӣ макун]

    93:10
  11. وَأَمَّا بِنِعْمَةِ رَبِّكَ فَحَدِّثْ

    Ва неъматҳои Парвардигоратро бозгӯ кун [ва сипос гузор]

    93:11

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»