Сура 90 Ал-Балад (Шаҳр), оят 1 – 20

  1. لَا أُقْسِمُ بِهَٰذَا الْبَلَدِ

    Савганд ба ин шаҳр [Макка]

    90:1
  2. وَأَنْتَ حِلٌّ بِهَٰذَا الْبَلَدِ

    Ва ту дар ин шаҳр сокинӣ [ва ҷанг дар ин шаҳр барои ту ҳалол аст]

    90:2
  3. وَوَالِدٍ وَمَا وَلَدَ

    Ва савганд ба падар [Одам] ва фарзандонаш

    90:3
  4. لَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ فِي كَبَدٍ

    Яқинан, инсонро дар ранҷ офаридем

    90:4
  5. أَيَحْسَبُ أَنْ لَنْ يَقْدِرَ عَلَيْهِ أَحَدٌ

    Оё ӯ гумон мекунад, ҳеҷ кас бар [муҷозоти] вай тавоно нест?

    90:5
  6. يَقُولُ أَهْلَكْتُ مَالًا لُبَدًا

    Мегӯяд: «[Ба хотири инфоқ] Моли зиёдеро табоҳ кардаам»

    90:6
  7. أَيَحْسَبُ أَنْ لَمْ يَرَهُ أَحَدٌ

    Оё мепиндорад, ки ҳеҷ кас ӯро надидааст?

    90:7
  8. أَلَمْ نَجْعَلْ لَهُ عَيْنَيْنِ

    Оё барои ӯ ду чашм қарор надодем?

    90:8
  9. وَلِسَانًا وَشَفَتَيْنِ

    Ва як забон ва ду лаб?

    90:9
  10. وَهَدَيْنَاهُ النَّجْدَيْنِ

    Ва ӯро ба ду роҳ [хайр ва шар] роҳнамоӣ кардем

    90:10
  11. فَلَا اقْتَحَمَ الْعَقَبَةَ

    Пас, ба гардана [и сахт] қадам нагузошт [ва наомад]

    90:11
  12. وَمَا أَدْرَاكَ مَا الْعَقَبَةُ

    Ва ту чи медонӣ, ки гардана [-и сахт] чист?

    90:12
  13. فَكُّ رَقَبَةٍ

    Озод кардани барда аст

    90:13
  14. أَوْ إِطْعَامٌ فِي يَوْمٍ ذِي مَسْغَبَةٍ

    Итъом дар рӯзи қаҳтӣ [ва гуруснагӣ]

    90:14
  15. يَتِيمًا ذَا مَقْرَبَةٍ

    [Хоҳ] Ятиме аз хешовандон [бошад]

    90:15
  16. أَوْ مِسْكِينًا ذَا مَتْرَبَةٍ

    Ё мустаманде хокнишин

    90:16
  17. ثُمَّ كَانَ مِنَ الَّذِينَ آمَنُوا وَتَوَاصَوْا بِالصَّبْرِ وَتَوَاصَوْا بِالْمَرْحَمَةِ

    Он гоҳ аз касоне бошад, ки имон овардаанд ва якдигарро ба сабр [бар ибодат ва дурӣ аз гуноҳ] ва меҳрубонӣ [бо бандагон] тавсия намудаанд

    90:17
  18. أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ الْمَيْمَنَةِ

    Инон аҳли саодатанд [ки номаи аъмол ба дасти росташон дода мешавад ва аҳли биҳиштанд]

    90:18
  19. وَالَّذِينَ كَفَرُوا بِآيَاتِنَا هُمْ أَصْحَابُ الْمَشْأَمَةِ

    Аммо касоне, ки ба оёти Мо куфр варзиданд, онон аҳли шақоватанд [ки номаи аъмол ба дасти чапашон дода мешавад ва ба дузах мераванд]

    90:19
  20. عَلَيْهِمْ نَارٌ مُؤْصَدَةٌ

    Бар онон [аз ҳар сӯ] оташи сарпӯшидае аст [ки роҳи фирор надоранд]

    90:20

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»