Сура 8 Ал-Анфол (Ғаниматҳо), оят 9 – 12

  1. إِذْ تَسْتَغِيثُونَ رَبَّكُمْ فَاسْتَجَابَ لَكُمْ أَنِّي مُمِدُّكُمْ بِأَلْفٍ مِنَ الْمَلَائِكَةِ مُرْدِفِينَ

    [Рӯзи Бадрро ба ёд оваред] Он гоҳ ки аз Парвардигоратон фарёдрасӣ [ва ёрӣ] мехостед ва Ӯ [дархости] шуморо пазируфт [ва фармуд]: «Бе гумон, шуморо бо ҳазор фаришта, ки паёпай фуруд меоянд, ёрӣ мекунам»

    8:9
  2. وَمَا جَعَلَهُ اللَّهُ إِلَّا بُشْرَىٰ وَلِتَطْمَئِنَّ بِهِ قُلُوبُكُمْ ۚ وَمَا النَّصْرُ إِلَّا مِنْ عِنْدِ اللَّهِ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

    Ва Аллоҳ таоло ин [ёрӣ]-ро ҷуз муждае [бароятон] қарор надод, то дилҳоятон бо он ором гирад ва [бидонед, ки] пирӯзӣ ҷуз аз ҷониби Аллоҳ таоло нест. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шикастнопазири ҳаким аст

    8:10
  3. إِذْ يُغَشِّيكُمُ النُّعَاسَ أَمَنَةً مِنْهُ وَيُنَزِّلُ عَلَيْكُمْ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً لِيُطَهِّرَكُمْ بِهِ وَيُذْهِبَ عَنْكُمْ رِجْزَ الشَّيْطَانِ وَلِيَرْبِطَ عَلَىٰ قُلُوبِكُمْ وَيُثَبِّتَ بِهِ الْأَقْدَامَ

    [Ва ба ёд оваред] Ҳангоме ки хоби сабук, ки оромише аз сӯйи Ӯ буд, шуморо фаро гирифт ва аз осмон обе бар шумо фурӯ фиристод, то бо он покатон кунад ва палидии шайтонро аз шумо дур созад ва дилҳоятонро маҳкам бидорад ва гомҳоятонро бо он устувор намояд

    8:11
  4. إِذْ يُوحِي رَبُّكَ إِلَى الْمَلَائِكَةِ أَنِّي مَعَكُمْ فَثَبِّتُوا الَّذِينَ آمَنُوا ۚ سَأُلْقِي فِي قُلُوبِ الَّذِينَ كَفَرُوا الرُّعْبَ فَاضْرِبُوا فَوْقَ الْأَعْنَاقِ وَاضْرِبُوا مِنْهُمْ كُلَّ بَنَانٍ

    [Ва эй Паёмбар, ба ёд овар] ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон ваҳй кард,ки: «Ман бо шумо ҳастам, пас, касонеро, ки имон овардаанд, собитқадам доред. Ба зудӣ, дар дили касоне, ки куфр варзиданд, ҳарос меафканам, пас. [эй муҷоҳидон, шамшери хешро] бар фарози гарданҳояшон бизанед ва ҳамаи ангуштонашонро қатъ кунед [то силоҳ барнагиранд]

    8:12

Тарҷума: Центр переводов «Руввад»