Сура 8 Ал-Анфол (Ғаниматҳо), оят 70 – 75

  1. يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُلْ لِمَنْ فِي أَيْدِيكُمْ مِنَ الْأَسْرَىٰ إِنْ يَعْلَمِ اللَّهُ فِي قُلُوبِكُمْ خَيْرًا يُؤْتِكُمْ خَيْرًا مِمَّا أُخِذَ مِنْكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ۗ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ

    Эй Паёмбар, ба асироне, ки дар дасти шумо ҳастанд, бигӯ: «Агар Аллоҳ таоло хайре дар дилҳоятон суроғ дошта бошад, беҳтар аз [фидя ва] ончиро, ки аз шумо гирифта шудааст, ба шумо медиҳад ва шуморо меомурзад ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

    8:70
  2. وَإِنْ يُرِيدُوا خِيَانَتَكَ فَقَدْ خَانُوا اللَّهَ مِنْ قَبْلُ فَأَمْكَنَ مِنْهُمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ

    Ва [эй Паёмбар] агар бихоҳанд ба ту хиёнат кунанд, пас, [бидон, ки] онон, ҳатман, пеш аз ин [низ] ба Аллоҳ таоло хиёнат кардаанд ва Аллоҳ таоло [туро] бар онон пирӯз намуд ва Аллоҳ таоло донову ҳаким аст

    8:71
  3. إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَهَاجَرُوا وَجَاهَدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَالَّذِينَ آوَوْا وَنَصَرُوا أُولَٰئِكَ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ وَالَّذِينَ آمَنُوا وَلَمْ يُهَاجِرُوا مَا لَكُمْ مِنْ وَلَايَتِهِمْ مِنْ شَيْءٍ حَتَّىٰ يُهَاجِرُوا ۚ وَإِنِ اسْتَنْصَرُوكُمْ فِي الدِّينِ فَعَلَيْكُمُ النَّصْرُ إِلَّا عَلَىٰ قَوْمٍ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَهُمْ مِيثَاقٌ ۗ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

    Касоне, ки имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва бо амволу ҷонҳояшон дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод намуданд ва касоне, ки [муҳоҷиронро] паноҳ доданд ва ёрӣ намуданд, инон [ҳама] дӯстони якдигаранд. Ва касоне, ки имон оварданд, ва [-ле аз сарзамини куфр] ҳиҷрат накарданд, шумо ҳеҷ дӯстӣ [ва пайванде] бо онон надоред, магар онки ҳиҷрат кунанд. Ва агар дар [кори] дин аз шумо ёрӣ хостанд, пас, бар шумост, ки [ононро] ёрӣ кунед, магар [инки ин ёрихоҳӣ] алайҳи гурӯҳе бошад, ки миёни шумо ва онон паймоне барқарор аст. Ва Аллоҳ таоло ба ончи мекунед, биност

    8:72
  4. وَالَّذِينَ كَفَرُوا بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ إِلَّا تَفْعَلُوهُ تَكُنْ فِتْنَةٌ فِي الْأَرْضِ وَفَسَادٌ كَبِيرٌ

    Ва касоне, ки куфр варзиданд, [онон низ] дӯстони якдигаранд. Агар [шумо муъминон ба ин супориш дар бораи дӯсту душман] амал накунед, фитна ва фасоди бузург дар замин барпо мегардад

    8:73
  5. وَالَّذِينَ آمَنُوا وَهَاجَرُوا وَجَاهَدُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَالَّذِينَ آوَوْا وَنَصَرُوا أُولَٰئِكَ هُمُ الْمُؤْمِنُونَ حَقًّا ۚ لَهُمْ مَغْفِرَةٌ وَرِزْقٌ كَرِيمٌ

    Ва касоне, ки имон оварданд ва ҳиҷрат намуданд ва дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод карданд ва касоне, ки [ин муҳоҷиринро] паноҳ доданд ва ёрӣ намуданд, инон муъминони ҳақиқӣ ҳастанд. Барои онон [дар биҳишт] омурзиш ва рӯзии шоистае хоҳад буд

    8:74
  6. وَالَّذِينَ آمَنُوا مِنْ بَعْدُ وَهَاجَرُوا وَجَاهَدُوا مَعَكُمْ فَأُولَٰئِكَ مِنْكُمْ ۚ وَأُولُو الْأَرْحَامِ بَعْضُهُمْ أَوْلَىٰ بِبَعْضٍ فِي كِتَابِ اللَّهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ

    Ва касоне, ки пас аз онон имон оварданд ва ҳиҷрат намуданд ва ба ҳамроҳи шумо [муъминон] ҷиҳод карданд, пас, онон [низ] аз шумо ҳастанд. Ва дар [ҳукми] китоби Аллоҳ таоло хешовандон [дар мерос] нисбат ба якдигар сазовортаранд. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност

    8:75

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»