Сура 8 Ал-Анфол (Ғаниматҳо), оят 65 – 69
-
يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ حَرِّضِ الْمُؤْمِنِينَ عَلَى الْقِتَالِ ۚ إِنْ يَكُنْ مِنْكُمْ عِشْرُونَ صَابِرُونَ يَغْلِبُوا مِائَتَيْنِ ۚ وَإِنْ يَكُنْ مِنْكُمْ مِائَةٌ يَغْلِبُوا أَلْفًا مِنَ الَّذِينَ كَفَرُوا بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لَا يَفْقَهُونَ
Эй Паёмбар, муъминонро ба ҷанг ташвиқ кун. Агар аз шумо [муъминон] бист нафар [бар ҷиҳод] шикебо бошанд, бар дусад нафар [аз кофирон] ғалаба мекунанд ва агар сад нафар аз шумо [инчунин] бошанд, бар ҳазор нафар аз касоне, ки куфр варзиданд, ғалаба мекунанд, зеро онон гурӯҳе ҳастанд, ки [арзиши ҳақиқии ҷиҳодро] намефаҳманд
8:65 -
الْآنَ خَفَّفَ اللَّهُ عَنْكُمْ وَعَلِمَ أَنَّ فِيكُمْ ضَعْفًا ۚ فَإِنْ يَكُنْ مِنْكُمْ مِائَةٌ صَابِرَةٌ يَغْلِبُوا مِائَتَيْنِ ۚ وَإِنْ يَكُنْ مِنْكُمْ أَلْفٌ يَغْلِبُوا أَلْفَيْنِ بِإِذْنِ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ مَعَ الصَّابِرِينَ
Акнун Аллоҳ таоло ба шумо сабук гирифт ва донист, ки [бар асари ҷанг] заъфе дар вуҷудатон аст. Пас, агар аз [миёни] шумо сад нафар шикебо бошанд, бар дусад нафар [аз кофирон] пирӯз мешаванд ва агар аз шумо ҳазор нафар бошанд, ба фармони Аллоҳ таоло, бар ду ҳазор нафар ғолиб хоҳанд шуд.Ва Аллоҳ таоло бо шикебоён аст
8:66 -
مَا كَانَ لِنَبِيٍّ أَنْ يَكُونَ لَهُ أَسْرَىٰ حَتَّىٰ يُثْخِنَ فِي الْأَرْضِ ۚ تُرِيدُونَ عَرَضَ الدُّنْيَا وَاللَّهُ يُرِيدُ الْآخِرَةَ ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ
Барои ҳеҷ паёмбаре сазовор нест, ки асироне [аз лашкари кофирон] дошта бошад, ки [битавонад бо эъдоми онҳо] дар замин куштори бисёре ба роҳ андозад [то ба ин васила душманро ба ваҳшат биандозад], Шумо [муъминон бо гирифтани фидя аз асирони Бадр сарват ва] колои дунёро мехоҳед ва Аллоҳ таоло охиратро [бароятон] мехоҳад ва Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст
8:67 -
لَوْلَا كِتَابٌ مِنَ اللَّهِ سَبَقَ لَمَسَّكُمْ فِيمَا أَخَذْتُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ
Агар дар ончи [аз ғаноиму фидяҳо] гирифтаед, ҳукми пешини илоҳӣ вуҷуд надошт [ва онро бароятон ҳалол накарда буд], ҳатман, азоби бузург ба шумо мерасид
8:68 -
فَكُلُوا مِمَّا غَنِمْتُمْ حَلَالًا طَيِّبًا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ
Пас, [акнун] аз ончи ғанимат гирифтаед, ҳалолу покиза бихӯред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
8:69
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»