Сура 8 Ал-Анфол (Ғаниматҳо), оят 59 – 64
-
وَلَا يَحْسَبَنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا سَبَقُوا ۚ إِنَّهُمْ لَا يُعْجِزُونَ
Ва касоне, ки куфр варзиданд, ҳаргиз мапиндоранд ки ҷон бадар бурдаанд [ва наҷот ёфтаанд], онон ҳаргиз [аз маргу азоб] роҳи гурезе надоранд
8:59 -
وَأَعِدُّوا لَهُمْ مَا اسْتَطَعْتُمْ مِنْ قُوَّةٍ وَمِنْ رِبَاطِ الْخَيْلِ تُرْهِبُونَ بِهِ عَدُوَّ اللَّهِ وَعَدُوَّكُمْ وَآخَرِينَ مِنْ دُونِهِمْ لَا تَعْلَمُونَهُمُ اللَّهُ يَعْلَمُهُمْ ۚ وَمَا تُنْفِقُوا مِنْ شَيْءٍ فِي سَبِيلِ اللَّهِ يُوَفَّ إِلَيْكُمْ وَأَنْتُمْ لَا تُظْلَمُونَ
Ва [эй муъминон] ҳарчи дар тавон доред, аз неру ва аспҳои омода [ва ҷангафзор], басиҷ кунед, то бо ин [тадорукот] душмани Аллоҳ таоло ва душмани хешро битарсонед, ҳамчунин, [бо ин таҷҳизот душманони] дигареро ғайр аз эшон, ки шумо ононро намешиносед, ва [-ле] Аллоҳ таоло мешиносадашон [ба ваҳшат бияндозед] ва ҳарчи дар роҳи Аллоҳ таоло инфоқ кунед, подоши он ба шумо бозгардонда мешавад ва бар шумо ситам намеравад
8:60 -
وَإِنْ جَنَحُوا لِلسَّلْمِ فَاجْنَحْ لَهَا وَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ ۚ إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ
Ва агар [кофирон] ба сулҳ моил шуданд, пас, ту [низ эй Паёмбар] аз дари сулҳ даро ва бар Аллоҳ таоло таваккал кун. Бе гумон, Ӯст, ки шунавову доност
8:61 -
وَإِنْ يُرِيدُوا أَنْ يَخْدَعُوكَ فَإِنَّ حَسْبَكَ اللَّهُ ۚ هُوَ الَّذِي أَيَّدَكَ بِنَصْرِهِ وَبِالْمُؤْمِنِينَ
Ва агар [кофирон бо тазоҳур ба оштӣ] бихоҳанд фиребат диҳанд, пас, Аллоҳ таоло бароят кофӣ аст. Ӯст, ки бо ёрии худ ва муъминон, туро таъйид [-у тақвият] намуд
8:62 -
وَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِهِمْ ۚ لَوْ أَنْفَقْتَ مَا فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا مَا أَلَّفْتَ بَيْنَ قُلُوبِهِمْ وَلَٰكِنَّ اللَّهَ أَلَّفَ بَيْنَهُمْ ۚ إِنَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ
Ва байни дилҳояшон [меҳрубонӣ ва] улфат барқарор намуд. [Эй Паёмбар] Агар ту тамоми ончиро, ки дар рӯйи замин аст, харҷ мекардӣ, [ҳаргиз] наметавонистӣ байни дилҳояшонро улфат диҳӣ, вале Аллоҳ таоло миёни онон улфат падид овард. Ба ростӣ, ки Ӯ шикастнопазири ҳаким аст
8:63 -
يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ حَسْبُكَ اللَّهُ وَمَنِ اتَّبَعَكَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ
Эй Паёмбар, [ҳимояти] Аллоҳ таоло барои ту ва [низ] барои муъминоне, ки аз ту пайравӣ кардаанд, кофӣ аст
8:64
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»