Сура 8 Ал-Анфол (Ғаниматҳо), оят 55 – 58

  1. إِنَّ شَرَّ الدَّوَابِّ عِنْدَ اللَّهِ الَّذِينَ كَفَرُوا فَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ

    Яқинан, бадтарин ҷунбандагон назди Аллоҳ таоло касоне ҳастанд, ки куфр варзиданд ва имон намеоваранд

    8:55
  2. الَّذِينَ عَاهَدْتَ مِنْهُمْ ثُمَّ يَنْقُضُونَ عَهْدَهُمْ فِي كُلِّ مَرَّةٍ وَهُمْ لَا يَتَّقُونَ

    [Ҳамон] Касоне, ки бо онон паймон бастӣ, вале ҳар бор паймонашонро мешикананд ва [аз Аллоҳ таоло] парво намекунанд

    8:56
  3. فَإِمَّا تَثْقَفَنَّهُمْ فِي الْحَرْبِ فَشَرِّدْ بِهِمْ مَنْ خَلْفَهُمْ لَعَلَّهُمْ يَذَّكَّرُونَ

    Ва [эй Паёмбар] агар дар ҷанг бар онон даст ёфтӣ, чунон дар ҳам бикӯбашон, ки ибрати дигарон гардад, бошад, ки [дигарон] панд гиранд

    8:57
  4. وَإِمَّا تَخَافَنَّ مِنْ قَوْمٍ خِيَانَةً فَانْبِذْ إِلَيْهِمْ عَلَىٰ سَوَاءٍ ۚ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ الْخَائِنِينَ

    Ва агар аз гурӯҳе бими хиёнат дорӣ, [паймонашонро] ба онон бозгардон, [то огоҳии тарафайн аз шикасти паймон] ба таври яксон [бошад]. Бе тардид, Аллоҳ таоло хоинонро дӯст надорад

    8:58

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»