Сура 8 Ал-Анфол (Ғаниматҳо), оят 45 – 48
-
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا لَقِيتُمْ فِئَةً فَاثْبُتُوا وَاذْكُرُوا اللَّهَ كَثِيرًا لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ
Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки бо гурӯҳе [аз душманон] рӯбарӯ шудед, пойдорӣ намоед ва Аллоҳ таолоро бисёр ёд кунед, бошад, ки растагор шавед
8:45 -
وَأَطِيعُوا اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَلَا تَنَازَعُوا فَتَفْشَلُوا وَتَذْهَبَ رِيحُكُمْ ۖ وَاصْبِرُوا ۚ إِنَّ اللَّهَ مَعَ الصَّابِرِينَ
Ва аз Аллоҳ таоло ва Паёмбараш итоат кунед ва [дар тасмимгирӣ] бо якдигар кашмакаш накунед, ки суст мешавед ва [тавону] иқтидоратон аз байн меравад. Ва шикебоӣ кунед, ки бе гумон, Аллоҳ таоло бо шикебоён аст
8:46 -
وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ خَرَجُوا مِنْ دِيَارِهِمْ بَطَرًا وَرِئَاءَ النَّاسِ وَيَصُدُّونَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۚ وَاللَّهُ بِمَا يَعْمَلُونَ مُحِيطٌ
Ва монанди касоне набошед, ки бо саркашию худнамоӣ дар баробари мардум аз сарзамини худ [Макка] хориҷ шуданд ва [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд ва Аллоҳ таоло ба ончи мекунанд, иҳота дорад
8:47 -
وَإِذْ زَيَّنَ لَهُمُ الشَّيْطَانُ أَعْمَالَهُمْ وَقَالَ لَا غَالِبَ لَكُمُ الْيَوْمَ مِنَ النَّاسِ وَإِنِّي جَارٌ لَكُمْ ۖ فَلَمَّا تَرَاءَتِ الْفِئَتَانِ نَكَصَ عَلَىٰ عَقِبَيْهِ وَقَالَ إِنِّي بَرِيءٌ مِنْكُمْ إِنِّي أَرَىٰ مَا لَا تَرَوْنَ إِنِّي أَخَافُ اللَّهَ ۚ وَاللَّهُ شَدِيدُ الْعِقَابِ
Ва [эй муъминон, ба ёд оред] ҳангоме ки шайтон аъмоли ононро дар назарашон орост ва гуфт: «Имрӯз ҳеҷ кас бар шумо пирӯз намешавад ва ман [ёвару] паноҳатон ҳастам». Аммо ҳангоме ки ду гурӯҳ [бо ҳам] рӯбарӯ шуданд, ба ақиб бозгашту гуфт: «Ба ростӣ, ки ман аз шумо безорам ва чизе [фариштагони ёригар] –ро мебинам, ки шумо намебинед. Ман аз Аллоҳ таоло метарсам ва [аз ҳалок бим дорам, чаро ки] Аллоҳ таоло сахткайфар аст»
8:48
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»