Сура 8 Ал-Анфол (Ғаниматҳо), оят 38 – 44
-
قُلْ لِلَّذِينَ كَفَرُوا إِنْ يَنْتَهُوا يُغْفَرْ لَهُمْ مَا قَدْ سَلَفَ وَإِنْ يَعُودُوا فَقَدْ مَضَتْ سُنَّتُ الْأَوَّلِينَ
[Эй Паёмбар] ба касоне, ки куфр варзиданд, бигӯ, [ки] агар [аз ширк ва душманӣ] даст бардоранд, гузаштаҳояшон бахшида мешавад, ва [-ле] агар [ба рафтори гузаштаи худ] бозгарданд, суннат [-у азоби илоҳӣ, ки дар мавриди] пешиниён гузашт, [такрор хоҳад шуд]
8:38 -
وَقَاتِلُوهُمْ حَتَّىٰ لَا تَكُونَ فِتْنَةٌ وَيَكُونَ الدِّينُ كُلُّهُ لِلَّهِ ۚ فَإِنِ انْتَهَوْا فَإِنَّ اللَّهَ بِمَا يَعْمَلُونَ بَصِيرٌ
Ва [эй муъминон] бо онон пайкор кунед, то фитна [ширк] решакан шавад ва [парастишу] дин ҳама аз они Аллоҳ таоло гардад. Пас, агар онон [аз ширку озор] даст бардоштанд, [раҳояшон кунед, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ба ончи мекунанд, биност
8:39 -
وَإِنْ تَوَلَّوْا فَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ مَوْلَاكُمْ ۚ نِعْمَ الْمَوْلَىٰ وَنِعْمَ النَّصِيرُ
Ва агар [аз фармудаҳои илоҳӣ] сарпечӣ кунанд, пас, бидонед ки Аллоҳ таоло [дӯсту] корсози шумост. Чи наку корсоз ва чи наку ёваре ҳаст!
8:40 -
وَاعْلَمُوا أَنَّمَا غَنِمْتُمْ مِنْ شَيْءٍ فَأَنَّ لِلَّهِ خُمُسَهُ وَلِلرَّسُولِ وَلِذِي الْقُرْبَىٰ وَالْيَتَامَىٰ وَالْمَسَاكِينِ وَابْنِ السَّبِيلِ إِنْ كُنْتُمْ آمَنْتُمْ بِاللَّهِ وَمَا أَنْزَلْنَا عَلَىٰ عَبْدِنَا يَوْمَ الْفُرْقَانِ يَوْمَ الْتَقَى الْجَمْعَانِ ۗ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
Ва бидонед ҳар ғанимате, ки ба даст овардед, як панҷумаш [панҷякаш] барои Аллоҳ таоло ва Паёмбар ва барои хешовандон [-и Паёмбар, аз Бани Ҳошим ва Бани Мутталиб] ва ятимони [ноболиғ] ва тиҳидастон ва дарроҳмондагон аст. Агар ба Аллоҳ таоло ва ончи ки бар бандаи худ дар рӯзи ҷудоӣ [ҳақ аз ботил], рӯзи бархӯрди ду гурӯҳ [муъминон ва мушрикон] нозил кардем, имон доред [ба ин аҳком амал кунед] ва [бидонед, ки] Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност
8:41 -
إِذْ أَنْتُمْ بِالْعُدْوَةِ الدُّنْيَا وَهُمْ بِالْعُدْوَةِ الْقُصْوَىٰ وَالرَّكْبُ أَسْفَلَ مِنْكُمْ ۚ وَلَوْ تَوَاعَدْتُمْ لَاخْتَلَفْتُمْ فِي الْمِيعَادِ ۙ وَلَٰكِنْ لِيَقْضِيَ اللَّهُ أَمْرًا كَانَ مَفْعُولًا لِيَهْلِكَ مَنْ هَلَكَ عَنْ بَيِّنَةٍ وَيَحْيَىٰ مَنْ حَيَّ عَنْ بَيِّنَةٍ ۗ وَإِنَّ اللَّهَ لَسَمِيعٌ عَلِيمٌ
Он гоҳ ки шумо [муъминон] бар доманаи наздиктар будед ва онон дар доманаи дуртар қарор доштанд ва корвон [-и тиҷории Курайш] поёнтар аз [майдони ҷанг ва дур аз тиррасии] шумо буд ва агар [шумо ва мушрикон] бо якдигар [дар мавриди маҳалли даргирӣ] ваъда гузошта будед, ҳатман, дар ваъдагоҳи худ ихтилоф мекардед, вале [ба иродаи илоҳӣ дар Бадр ҷамъ шудед], то Аллоҳ таоло кореро, ки ҳатман, [бояд] ба вуқуъ мепайваст, анҷом диҳад, то ҳар [кофире] ки ҳалок мешавад, [бо вуҷуди бартарии низомӣ ва ададӣ дар ширку гумроҳӣ] ҳалок гардад ва ҳар [муъмине] ки зинда мемонад, [ба ҳидоят] зиндагӣ ёбад [ва ин марг ва зиндагӣ] бар асоси далели равшан бошад ва ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шунавову доност
8:42 -
إِذْ يُرِيكَهُمُ اللَّهُ فِي مَنَامِكَ قَلِيلًا ۖ وَلَوْ أَرَاكَهُمْ كَثِيرًا لَفَشِلْتُمْ وَلَتَنَازَعْتُمْ فِي الْأَمْرِ وَلَٰكِنَّ اللَّهَ سَلَّمَ ۗ إِنَّهُ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ
[Ба ёд овар] Он гоҳ ки Аллоҳ таоло [иддаи] ононро дар хобат ба ту андак нишон дод ва агар эшонро бисёр нишон медод, мусалламан, суст [-у баддил] мешудед ва дар кори [ҷанг] ихтилоф мекардед. Вале Аллоҳ таоло [шуморо аз сустӣ ва ихтилоф] дар амон нигоҳ дошт. Бе гумон, Ӯ ба ончи дар синаҳост, огоҳ аст
8:43 -
وَإِذْ يُرِيكُمُوهُمْ إِذِ الْتَقَيْتُمْ فِي أَعْيُنِكُمْ قَلِيلًا وَيُقَلِّلُكُمْ فِي أَعْيُنِهِمْ لِيَقْضِيَ اللَّهُ أَمْرًا كَانَ مَفْعُولًا ۗ وَإِلَى اللَّهِ تُرْجَعُ الْأُمُورُ
Ва [ба ёд овар] ҳангоме ки бо ҳам рӯбарӯ шудед, ононро ба чашми шумо камтеъдод намуд ва шуморо [низ] ба чашми онон андак ҷилва дод, то Аллоҳ таоло кореро, ки ҳатман, [бояд] ба вуқуъ мепайваст, анҷом диҳад ва [бидонед, ки ҳамаи] корҳо ба Аллоҳ таоло бозгардонда мешавад
8:44
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»