Сура 8 Ал-Анфол (Ғаниматҳо), оят 20 – 28

  1. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَطِيعُوا اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَلَا تَوَلَّوْا عَنْهُ وَأَنْتُمْ تَسْمَعُونَ

    Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло ва расулаш итоат кунед ва аз [аҳкому фармонҳои] Ӯ рӯ нагардонед, дар ҳоле ки [оёти Қуръонро] мешунавед

    8:20
  2. وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ قَالُوا سَمِعْنَا وَهُمْ لَا يَسْمَعُونَ

    Ва монанди касоне набошед, ки гуфтанд: «[Оёти илоҳиро] шунидем», ҳол онки намешуниданд

    8:21
  3. إِنَّ شَرَّ الدَّوَابِّ عِنْدَ اللَّهِ الصُّمُّ الْبُكْمُ الَّذِينَ لَا يَعْقِلُونَ

    Бе гумон, бадтарин ҷунбандагон назди Аллоҳ таоло он [касоне ҳастанд, ки дар баробари ҳақ] кару гунг ҳастанд [ва ҳаққо], ки намеандешанд

    8:22
  4. وَلَوْ عَلِمَ اللَّهُ فِيهِمْ خَيْرًا لَأَسْمَعَهُمْ ۖ وَلَوْ أَسْمَعَهُمْ لَتَوَلَّوْا وَهُمْ مُعْرِضُونَ

    Ва агар Аллоҳ таоло хайре дар онон суроғ дошт, [дар баробари каломи ҳақ] шунавояшон менамуд, ва [ле ҳатто] агар шунавояшон месохт, боз ҳам пушт мекарданд ва рӯйгардон мешуданд

    8:23
  5. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَجِيبُوا لِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُمْ لِمَا يُحْيِيكُمْ ۖ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ يَحُولُ بَيْنَ الْمَرْءِ وَقَلْبِهِ وَأَنَّهُ إِلَيْهِ تُحْشَرُونَ

    Эй касоне, ки имон овардаед, ҳаргоҳе Аллоҳ таоло ва паёмбар, шуморо ба чизе фаро хонданд, ки ба шумо зиндагӣ мебахшад, ононро иҷобат кунед ва бидонед, ки Аллоҳ таоло миёни инсон ва дилаш қарор мегирад [ва аз асрор огоҳ аст] ва ин ки [дар қиёмат ҳамагӣ] назди Ӯ гирд оварда мешавед

    8:24
  6. وَاتَّقُوا فِتْنَةً لَا تُصِيبَنَّ الَّذِينَ ظَلَمُوا مِنْكُمْ خَاصَّةً ۖ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ

    Ва [эй муъминон] аз азоб бипарҳезед, ки танҳо домани ситамгоронатонро намегирад ва бидонед, ки Аллоҳ таоло сахткайфар аст

    8:25
  7. وَاذْكُرُوا إِذْ أَنْتُمْ قَلِيلٌ مُسْتَضْعَفُونَ فِي الْأَرْضِ تَخَافُونَ أَنْ يَتَخَطَّفَكُمُ النَّاسُ فَآوَاكُمْ وَأَيَّدَكُمْ بِنَصْرِهِ وَرَزَقَكُمْ مِنَ الطَّيِّبَاتِ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

    Ва ба ёд оваред замонеро, ки шумо дар сарзамини [Макка] андак ва нотавон будед [ва] метарсидед ки мардумон [-и мушрик] шуморо бирабоянд, пас, Аллоҳ таоло [дар Мадина] паноҳатон дод ва бо ёрии хеш нерумандатон сохт ва аз чизҳои покиза ба шумо рӯзӣ бахшид, бошад, ки сипос гузоред

    8:26
  8. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَخُونُوا اللَّهَ وَالرَّسُولَ وَتَخُونُوا أَمَانَاتِكُمْ وَأَنْتُمْ تَعْلَمُونَ

    Эй касоне, ки имон овардаед, [бо сарпечӣ аз авомир ва навоҳӣ] ба Аллоҳ таоло ва паёмбар хиёнат накунед ва [ҳамчунин] дар амонатҳои худ хиёнат накунед, дар ҳоле ки медонед [ин кор гуноҳ аст]

    8:27
  9. وَاعْلَمُوا أَنَّمَا أَمْوَالُكُمْ وَأَوْلَادُكُمْ فِتْنَةٌ وَأَنَّ اللَّهَ عِنْدَهُ أَجْرٌ عَظِيمٌ

    Ва бидонед, ки бе тардид, амволу фарзандонатон [василаи] озмоиш аст ва подоши бузург назди Аллоҳ таоло аст

    8:28

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»