Сура 8 Ал-Анфол (Ғаниматҳо), оят 1 – 10

  1. يَسْأَلُونَكَ عَنِ الْأَنْفَالِ ۖ قُلِ الْأَنْفَالُ لِلَّهِ وَالرَّسُولِ ۖ فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَصْلِحُوا ذَاتَ بَيْنِكُمْ ۖ وَأَطِيعُوا اللَّهَ وَرَسُولَهُ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ

    [Эй Паёмбар] Аз ту дар бораи [тақсим] анфол [ғаноими ҷангӣ] мепурсанд, бигӯ: «Анфол аз они Аллоҳ таоло ва паёмбар аст, пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бо якдигар созиш намоед ва агар имон доред, аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат кунед

    8:1
  2. إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ إِذَا ذُكِرَ اللَّهُ وَجِلَتْ قُلُوبُهُمْ وَإِذَا تُلِيَتْ عَلَيْهِمْ آيَاتُهُ زَادَتْهُمْ إِيمَانًا وَعَلَىٰ رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ

    Бе тардид, муъминон [-и ҳақиқӣ] касоне ҳастанд, ки чун ёди Аллоҳ таоло мешавад, дилҳояшон ҳаросон мегардад ва чун оёташ бар онон хонда мешавад, бар имонашон меафзояд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд

    8:2
  3. الَّذِينَ يُقِيمُونَ الصَّلَاةَ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنْفِقُونَ

    Касоне, ки намоз барпо медоранд ва аз ончи рӯзияшон кардаем, инфоқ мекунанд.

    8:3
  4. أُولَٰئِكَ هُمُ الْمُؤْمِنُونَ حَقًّا ۚ لَهُمْ دَرَجَاتٌ عِنْدَ رَبِّهِمْ وَمَغْفِرَةٌ وَرِزْقٌ كَرِيمٌ

    Онон ҳастанд, ки ба ростӣ муъминанд. Барои онон назди Парвардигорашон дараҷот [-и воло] ва омурзишу рӯзии наку хоҳад буд

    8:4
  5. كَمَا أَخْرَجَكَ رَبُّكَ مِنْ بَيْتِكَ بِالْحَقِّ وَإِنَّ فَرِيقًا مِنَ الْمُؤْمِنِينَ لَكَارِهُونَ

    [Эй Паёмбар, ихтиёри комили ту бар ғаноим муҷиби нохушнудии бархе афрод аст, дуруст] Ҳамон тавре ки Парвардигорат туро ба ҳақ аз хонаат [дар Мадина ба сӯйи майдони Бадр] берун овард ва ҳатман, гурӯҳе аз муъминон [аз ҷангидан] нохушнуд буданд

    8:5
  6. يُجَادِلُونَكَ فِي الْحَقِّ بَعْدَمَا تَبَيَّنَ كَأَنَّمَا يُسَاقُونَ إِلَى الْمَوْتِ وَهُمْ يَنْظُرُونَ

    Онон пас аз онки ҳақиқат ошкор шуд, дар бораи ҳақ [-и ҷиҳод] бо ту муҷодала мекунанд, гӯё эшонро ба сӯйи марг меронанд, дар ҳоле ки худ [ба мурданашон] менигаранд

    8:6
  7. وَإِذْ يَعِدُكُمُ اللَّهُ إِحْدَى الطَّائِفَتَيْنِ أَنَّهَا لَكُمْ وَتَوَدُّونَ أَنَّ غَيْرَ ذَاتِ الشَّوْكَةِ تَكُونُ لَكُمْ وَيُرِيدُ اللَّهُ أَنْ يُحِقَّ الْحَقَّ بِكَلِمَاتِهِ وَيَقْطَعَ دَابِرَ الْكَافِرِينَ

    Ва [эй муҷоҳидон, ба ёд оваред] ҳангоме ки Аллоҳ таоло ба шумо ваъда дод, ки [ғаноими] яке аз ду гурӯҳ [корвони тиҷорӣ ё лашкар] насибатон хоҳад шуд ва шумо дӯст доштед, ки корвони ғайри низомӣ [тиҷорӣ] барои шумо бошад ва Аллоҳ таоло мехост бо суханони хеш [дар бораи куштори кофирон] ҳақ [-и Ислом]–ро пойдор гардонад ва решаи кофиронро қатъ кунад

    8:7
  8. لِيُحِقَّ الْحَقَّ وَيُبْطِلَ الْبَاطِلَ وَلَوْ كَرِهَ الْمُجْرِمُونَ

    [Аллоҳ таоло Исломро пирӯз кард] То ҳақро собит намояд ва ботилро аз миён бардорад, ҳарчанд гунаҳгорон [-и мушрик] нохушнуд бошанд

    8:8
  9. إِذْ تَسْتَغِيثُونَ رَبَّكُمْ فَاسْتَجَابَ لَكُمْ أَنِّي مُمِدُّكُمْ بِأَلْفٍ مِنَ الْمَلَائِكَةِ مُرْدِفِينَ

    [Рӯзи Бадрро ба ёд оваред] Он гоҳ ки аз Парвардигоратон фарёдрасӣ [ва ёрӣ] мехостед ва Ӯ [дархости] шуморо пазируфт [ва фармуд]: «Бе гумон, шуморо бо ҳазор фаришта, ки паёпай фуруд меоянд, ёрӣ мекунам»

    8:9
  10. وَمَا جَعَلَهُ اللَّهُ إِلَّا بُشْرَىٰ وَلِتَطْمَئِنَّ بِهِ قُلُوبُكُمْ ۚ وَمَا النَّصْرُ إِلَّا مِنْ عِنْدِ اللَّهِ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

    Ва Аллоҳ таоло ин [ёрӣ]-ро ҷуз муждае [бароятон] қарор надод, то дилҳоятон бо он ором гирад ва [бидонед, ки] пирӯзӣ ҷуз аз ҷониби Аллоҳ таоло нест. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шикастнопазири ҳаким аст

    8:10

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»