Сура 89 Ал-Фаҷр (Сапедаи субҳ), оят 1 – 9

  1. وَالْفَجْرِ

    Савганд ба субҳ

    89:1
  2. وَلَيَالٍ عَشْرٍ

    Ва ба шабҳои даҳгона [-и оғози зулҳиҷҷа]

    89:2
  3. وَالشَّفْعِ وَالْوَتْرِ

    Ва ба завҷ ва фард [-и ашё]

    89:3
  4. وَاللَّيْلِ إِذَا يَسْرِ

    Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки [ҳаракат мекунад ва] меравад

    89:4
  5. هَلْ فِي ذَٰلِكَ قَسَمٌ لِذِي حِجْرٍ

    Оё дар ин [чизҳо] савганде барои соҳибхирад нест [ки ӯро қонеъ намояд]?

    89:5
  6. أَلَمْ تَرَ كَيْفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِعَادٍ

    [Эй Паёмбар] Оё надидӣ, ки Парвардигорат бо [қавми] Од чи кард?

    89:6
  7. إِرَمَ ذَاتِ الْعِمَادِ

    [Ҳамон қабилаи] Ирам, ки дорои [кохҳои бо] сутунҳои баланд буданд

    89:7
  8. الَّتِي لَمْ يُخْلَقْ مِثْلُهَا فِي الْبِلَادِ

    Ки ҳаммонанди он дар шаҳрҳо офарида нашуда буд?

    89:8
  9. وَثَمُودَ الَّذِينَ جَابُوا الصَّخْرَ بِالْوَادِ

    Ва [низ қавми] Самуд, онҳое, ки сахраҳои сахтро аз [канори] водӣ метарошиданд [ва барои худ хона месохтанд]?

    89:9

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»