Сура 86 Ат-Ториқ (Он чӣ дар шаб ояд), оят 1 – 17

  1. وَالسَّمَاءِ وَالطَّارِقِ

    Савганд ба осмон ва савганд ба ситораи шабгард

    86:1
  2. وَمَا أَدْرَاكَ مَا الطَّارِقُ

    Ва чи медонӣ, ки ситораи шабгард чист?

    86:2
  3. النَّجْمُ الثَّاقِبُ

    [Ҳамон] Ситораи фурӯзон аст

    86:3
  4. إِنْ كُلُّ نَفْسٍ لَمَّا عَلَيْهَا حَافِظٌ

    Ҳеҷ кас нест магар он ки бар ӯ нигаҳбоне [аз фариштагон гумошта шуда] аст

    86:4
  5. فَلْيَنْظُرِ الْإِنْسَانُ مِمَّ خُلِقَ

    Инсон бояд бингарад, ки аз чӣ чиз офарида шудааст

    86:5
  6. خُلِقَ مِنْ مَاءٍ دَافِقٍ

    Аз як оби ҷаҳанда офарида шудааст

    86:6
  7. يَخْرُجُ مِنْ بَيْنِ الصُّلْبِ وَالتَّرَائِبِ

    Ки аз миёни [устухони] пушт [-и мард] ва сина [-и зан] берун меояд

    86:7
  8. إِنَّهُ عَلَىٰ رَجْعِهِ لَقَادِرٌ

    Бе гумон, Аллоҳ таоло бар бозгардондани ӯ [пас аз марг] тавоност

    86:8
  9. يَوْمَ تُبْلَى السَّرَائِرُ

    Рӯзе, ки розҳо ошкор гардад

    86:9
  10. فَمَا لَهُ مِنْ قُوَّةٍ وَلَا نَاصِرٍ

    [Дар он рӯз] Инсон ҳеҷ тавону ёваре надорад

    86:10
  11. وَالسَّمَاءِ ذَاتِ الرَّجْعِ

    Савганд ба осмони пурборон

    86:11
  12. وَالْأَرْضِ ذَاتِ الصَّدْعِ

    Ва савганд ба замини пуршикоф [ки гиёҳон аз он сар бармеоваранд]

    86:12
  13. إِنَّهُ لَقَوْلٌ فَصْلٌ

    Бе гумон, ин Қуръон сухани ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст

    86:13
  14. وَمَا هُوَ بِالْهَزْلِ

    Ва [сухани] ҳазлу беҳуда нест

    86:14
  15. إِنَّهُمْ يَكِيدُونَ كَيْدًا

    Онон [кофирон] пайваста ҳила ва найранг мекунанд

    86:15
  16. وَأَكِيدُ كَيْدًا

    Ва ман [низ] ҳила [ва тадбир] мекунам

    86:16
  17. فَمَهِّلِ الْكَافِرِينَ أَمْهِلْهُمْ رُوَيْدًا

    Пас, кофиронро муҳлат деҳ, [ва] андаке раҳояшон кун [то ғарқи гуноҳ бошанд]

    86:17

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»