Сура 81 Ат-Таквир (Торик шудан), оят 1 – 14
-
إِذَا الشَّمْسُ كُوِّرَتْ
Он гоҳ ки хуршед дар ҳам печида [ва торик] гардад
81:1 -
وَإِذَا النُّجُومُ انْكَدَرَتْ
Ва он гоҳ ки ситорагон бефурӯғ шаванд
81:2 -
وَإِذَا الْجِبَالُ سُيِّرَتْ
Ва он гоҳ ки кӯҳҳо ба ҳаракат дароянд
81:3 -
وَإِذَا الْعِشَارُ عُطِّلَتْ
ва он гоҳ ки модашутурони бордор раҳо шаванд
81:4 -
وَإِذَا الْوُحُوشُ حُشِرَتْ
Ва он гоҳ ки ҳайвоноти ваҳшӣ [дар канори инсон] гирд оварда шаванд
81:5 -
وَإِذَا الْبِحَارُ سُجِّرَتْ
Ва он гоҳ ки дарёҳо [ҷӯшону] барафрӯхта шаванд
81:6 -
وَإِذَا النُّفُوسُ زُوِّجَتْ
Ва он гоҳ ки ҳар кас бо ҳамсони худ қарин гардад
81:7 -
وَإِذَا الْمَوْءُودَةُ سُئِلَتْ
Ва он гоҳ ки аз духтари зиндабагуршуда пурсида шавад
81:8 -
بِأَيِّ ذَنْبٍ قُتِلَتْ
[Ки] Ба кадомин гуноҳ кушта шудааст
81:9 -
وَإِذَا الصُّحُفُ نُشِرَتْ
Ва он гоҳ ки номаҳо [-и аъмол] кушода шавад
81:10 -
وَإِذَا السَّمَاءُ كُشِطَتْ
Ва он гоҳ ки парда аз рӯи осмон баргирифта шавад
81:11 -
وَإِذَا الْجَحِيمُ سُعِّرَتْ
Ва он гоҳ ки дузах афрӯхта [ва шуълавар] гардад
81:12 -
وَإِذَا الْجَنَّةُ أُزْلِفَتْ
Ва он гоҳ ки биҳишт [барои парҳезкорон] наздик оварда шавад
81:13 -
عَلِمَتْ نَفْسٌ مَا أَحْضَرَتْ
[Дар он ҳангом] Ҳар кас хоҳад донист, ки чи чизе [барои охирати худ] омода кардааст
81:14
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»