Сура 7 Ал-Аъроф (Баландиҳо), оят 94 – 99
-
وَمَا أَرْسَلْنَا فِي قَرْيَةٍ مِنْ نَبِيٍّ إِلَّا أَخَذْنَا أَهْلَهَا بِالْبَأْسَاءِ وَالضَّرَّاءِ لَعَلَّهُمْ يَضَّرَّعُونَ
Ва мо дар ҳеҷ шаҳр [ва диёре] паёмбаре нафиристодем, магар инки сокинонашро ба ранҷҳо ва сахтиҳо гирифтор сохтем, бошад, ки [ба даргоҳи илоҳӣ фурӯтанӣ ва] тазарруъ кунанд
7:94 -
ثُمَّ بَدَّلْنَا مَكَانَ السَّيِّئَةِ الْحَسَنَةَ حَتَّىٰ عَفَوْا وَقَالُوا قَدْ مَسَّ آبَاءَنَا الضَّرَّاءُ وَالسَّرَّاءُ فَأَخَذْنَاهُمْ بَغْتَةً وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ
Сипас ба ҷойи нохушӣ [ва бадӣ] некӣ [ва хушӣ] овардем, то афзун шуданд ва гуфтанд: «Бе тардид, ба падарони мо [низ ба ҳукми табиат] сахтӣ ва роҳате мерасид». Пас, дар ҳоле ки бехабар буданд, ононро [ба азоб] фаро гирифтем
7:95 -
وَلَوْ أَنَّ أَهْلَ الْقُرَىٰ آمَنُوا وَاتَّقَوْا لَفَتَحْنَا عَلَيْهِمْ بَرَكَاتٍ مِنَ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ وَلَٰكِنْ كَذَّبُوا فَأَخَذْنَاهُمْ بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ
Ва агар аҳли он шаҳрҳо имон меоварданд ва парво мекарданд, [дарҳои] баракати осмон ва заминро бар онон мекушодем, вале [оёту паёмҳои Моро] дурӯғ ангоштаанд, пас, ба [кайфари] ончи мекарданд, ононро [ба азоб] фаро гирифтем
7:96 -
أَفَأَمِنَ أَهْلُ الْقُرَىٰ أَنْ يَأْتِيَهُمْ بَأْسُنَا بَيَاتًا وَهُمْ نَائِمُونَ
Оё сокинони [ин] шаҳрҳо дар амонанд аз инки азоби Мо [ногаҳон] шабҳангом, ки хуфтаанд ба суроғашон биояд?
7:97 -
أَوَأَمِنَ أَهْلُ الْقُرَىٰ أَنْ يَأْتِيَهُمْ بَأْسُنَا ضُحًى وَهُمْ يَلْعَبُونَ
Ва оё сокинони [ин] шаҳрҳо дар амонанд аз ин ки азоби Мо нимрӯзӣ, ки ба бозӣ [ва умури беҳуда] саргарманд, ба суроғашон биояд?
7:98 -
أَفَأَمِنُوا مَكْرَ اللَّهِ ۚ فَلَا يَأْمَنُ مَكْرَ اللَّهِ إِلَّا الْقَوْمُ الْخَاسِرُونَ
Оё худро аз макр [-у тадбир]-и Аллоҳ таоло эмин донистаанд? [Ҳол он ки] Ҷуз мардуми зиёнкор [касе] худро аз макри Аллоҳ таоло дар амон намедонад
7:99
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»