Сура 7 Ал-Аъроф (Баландиҳо), оят 189 – 206

  1. هُوَ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَجَعَلَ مِنْهَا زَوْجَهَا لِيَسْكُنَ إِلَيْهَا ۖ فَلَمَّا تَغَشَّاهَا حَمَلَتْ حَمْلًا خَفِيفًا فَمَرَّتْ بِهِ ۖ فَلَمَّا أَثْقَلَتْ دَعَوَا اللَّهَ رَبَّهُمَا لَئِنْ آتَيْتَنَا صَالِحًا لَنَكُونَنَّ مِنَ الشَّاكِرِينَ

    [Эй мардум] Ӯст, ки шуморо аз як тан офарид ва ҳамсарашро аз ӯ падид овард, то дар канораш ором гирад. Пас, чун [Одам] бо вай [Ҳаво] даромехт, бордор шуд – бори сабук – ва [нахустин моҳҳои бордориро] гузаронд ва чун сангинбор шуд, Аллоҳ таоло – Парвардигори худро хонданд, ки: «Агар ба мо [фарзанди тандурусту] шоиста ато кунӣ, ҳатман, сипосгузор хоҳем буд»

    7:189
  2. فَلَمَّا آتَاهُمَا صَالِحًا جَعَلَا لَهُ شُرَكَاءَ فِيمَا آتَاهُمَا ۚ فَتَعَالَى اللَّهُ عَمَّا يُشْرِكُونَ

    Пас, чун [Аллоҳ таоло фарзанди тандуруст ва] шоиста ба онон дод, дар ин неъмат, ки ба онҳо бахшида буд, барояш шариконе қарор доданд. Ва Аллоҳ таоло аз ончи шарик [ва ҳамтои] Ӯ месозанд, бартар аст

    7:190
  3. أَيُشْرِكُونَ مَا لَا يَخْلُقُ شَيْئًا وَهُمْ يُخْلَقُونَ

    Оё чизҳоеро шарик мегиранд, ки чизе намеофаринанд ва худ офарида мешаванд?

    7:191
  4. وَلَا يَسْتَطِيعُونَ لَهُمْ نَصْرًا وَلَا أَنْفُسَهُمْ يَنْصُرُونَ

    Ва наметавонанд ононро ёрӣ кунанд ва на хештанро ёрӣ медиҳанд

    7:192
  5. وَإِنْ تَدْعُوهُمْ إِلَى الْهُدَىٰ لَا يَتَّبِعُوكُمْ ۚ سَوَاءٌ عَلَيْكُمْ أَدَعَوْتُمُوهُمْ أَمْ أَنْتُمْ صَامِتُونَ

    Ва [эй мушрикон] агар онҳо [бутҳо]-ро ба ҳидоят даъват кунед, аз шумо пайравӣ намекунанд. Чи даъваташон кунед ё хомӯш бошед, бароятон яксон аст [ва посухе нахоҳед шунид]

    7:193
  6. إِنَّ الَّذِينَ تَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ عِبَادٌ أَمْثَالُكُمْ ۖ فَادْعُوهُمْ فَلْيَسْتَجِيبُوا لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ

    Бе гумон, онҳое, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мехонед, офаридагоне ҳамчун шумо ҳастанд [аммо ҷомид ва берӯҳ], пас, онҳоро [дар сахтиҳо] бихонед. Агар рост мегӯед, бояд посухатонро бидиҳанд

    7:194
  7. أَلَهُمْ أَرْجُلٌ يَمْشُونَ بِهَا ۖ أَمْ لَهُمْ أَيْدٍ يَبْطِشُونَ بِهَا ۖ أَمْ لَهُمْ أَعْيُنٌ يُبْصِرُونَ بِهَا ۖ أَمْ لَهُمْ آذَانٌ يَسْمَعُونَ بِهَا ۗ قُلِ ادْعُوا شُرَكَاءَكُمْ ثُمَّ كِيدُونِ فَلَا تُنْظِرُونِ

    Оё [бутҳое, ки маъбуди худ медонед] пойҳое доранд, ки бо онҳо роҳ бираванд ё дастҳое доранд, ки бо онҳо [ёриатон диҳанд ва аз шумо] дифоъ кунанд? Оё чашмоне доранд, ки бо онҳо бубинанд ё гӯшҳое доранд, ки бо онҳо бишнаванд? [Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Шариконатонро бихонед, сипас [алайҳи ман] тадбир [-у найранг] кунед ва маро муҳлат надиҳед

    7:195
  8. إِنَّ وَلِيِّيَ اللَّهُ الَّذِي نَزَّلَ الْكِتَابَ ۖ وَهُوَ يَتَوَلَّى الصَّالِحِينَ

    Бе тардид, [дӯсту] корсози ман Аллоҳ таоло аст, ки [ин] китобро нозил кардааст ва Ӯ барои шоистагон [дӯстӣ ва] корсозӣ мекунад

    7:196
  9. وَالَّذِينَ تَدْعُونَ مِنْ دُونِهِ لَا يَسْتَطِيعُونَ نَصْرَكُمْ وَلَا أَنْفُسَهُمْ يَنْصُرُونَ

    Ва касонеро, ки [шумо мушрикон] ба ҷойи Ӯ мехонед, наметавонанд шуморо ёрӣ кунанд ва на ба хештан ёрӣ расонанд

    7:197
  10. وَإِنْ تَدْعُوهُمْ إِلَى الْهُدَىٰ لَا يَسْمَعُوا ۖ وَتَرَاهُمْ يَنْظُرُونَ إِلَيْكَ وَهُمْ لَا يُبْصِرُونَ

    Ва агар ононро ба ҳидоят даъват кунед, [суханонатонро] намешунаванд ва ононро мебинӣ, ки [зоҳиран] ба ту нигоҳ мекунанд, дар ҳоле [ҷимодоте ҳастанд] ки намебинанд»

    7:198
  11. خُذِ الْعَفْوَ وَأْمُرْ بِالْعُرْفِ وَأَعْرِضْ عَنِ الْجَاهِلِينَ

    [Эй Паёмбар] Гузашт пеша кун ва ба некӣ фармон бидеҳ ва аз нодонон рӯ бигардон

    7:199
  12. وَإِمَّا يَنْزَغَنَّكَ مِنَ الشَّيْطَانِ نَزْغٌ فَاسْتَعِذْ بِاللَّهِ ۚ إِنَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

    Ва агар васвасае аз сӯйи шайтон туро барангезонд, ба Аллоҳ таоло паноҳ бибар, [ки] бе тардид, Ӯ шунавову доност

    7:200
  13. إِنَّ الَّذِينَ اتَّقَوْا إِذَا مَسَّهُمْ طَائِفٌ مِنَ الشَّيْطَانِ تَذَكَّرُوا فَإِذَا هُمْ مُبْصِرُونَ

    Дар ҳақиқат, касоне, ки [аз Аллоҳ таоло] парво мекунанд, чун васвасае аз ҷониби шайтон ба онон расад, [Аллоҳ таолоро] ба ёд меоваранд ва он гоҳ [нисбат ба ҳақиқат] бино мешаванд

    7:201
  14. وَإِخْوَانُهُمْ يَمُدُّونَهُمْ فِي الْغَيِّ ثُمَّ لَا يُقْصِرُونَ

    Ва бародаронашон [бародарони кофирон ва мушрикон, ки шаётин ҳастанд] ононро ба гумроҳӣ мекашонанд ва [ҳаргиз дар ин кор] кӯтоҳӣ намекунанд

    7:202
  15. وَإِذَا لَمْ تَأْتِهِمْ بِآيَةٍ قَالُوا لَوْلَا اجْتَبَيْتَهَا ۚ قُلْ إِنَّمَا أَتَّبِعُ مَا يُوحَىٰ إِلَيَّ مِنْ رَبِّي ۚ هَٰذَا بَصَائِرُ مِنْ رَبِّكُمْ وَهُدًى وَرَحْمَةٌ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ

    Ва [эй Паёмбар] ҳангоме ки [нузули ваҳй ба таъхир меафтод ва] ту ояте бар эшон намеоварӣ, мегӯянд: «Чаро ту худ онро намесозӣ»? Бигӯ: «Ман фақат аз чизе пайравӣ мекунам, ки аз сӯйи Парвардигорам ба ман ваҳй мешавад. Ин [Қуръон шомили] равшангариҳое аз сӯйи Павардигоратон аст ва барои гурӯҳе, ки имон меоваранд, ҳидояту раҳмат аст

    7:203
  16. وَإِذَا قُرِئَ الْقُرْآنُ فَاسْتَمِعُوا لَهُ وَأَنْصِتُوا لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ

    Ва ҳангоме ки Қуръон хонда мешавад, пас, ба он гӯш фаро диҳед ва хомӯш бошед, бошад, ки фарогири раҳмат шавед»

    7:204
  17. وَاذْكُرْ رَبَّكَ فِي نَفْسِكَ تَضَرُّعًا وَخِيفَةً وَدُونَ الْجَهْرِ مِنَ الْقَوْلِ بِالْغُدُوِّ وَالْآصَالِ وَلَا تَكُنْ مِنَ الْغَافِلِينَ

    Ва Парвардигоратро дар дили хеш бо тазарруъ ва тарс, бидуни овози баландгуфтор [дар] бомдодон ва шомгоҳон ёд кун ва [аз ёди Аллоҳ таоло] ғофил мабош

    7:205
  18. إِنَّ الَّذِينَ عِنْدَ رَبِّكَ لَا يَسْتَكْبِرُونَ عَنْ عِبَادَتِهِ وَيُسَبِّحُونَهُ وَلَهُ يَسْجُدُونَ ۩

    [Эй Паёмбар] Касоне, ки назди Парвардигори ту ҳастанд [фариштагон], яқинан, аз парастиши Вай [саркашӣ ва] такаббур намеварзанд ва Ӯро ба покӣ меситоянд ва барояш саҷда мекунанд

    7:206

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»