Сура 7 Ал-Аъроф (Баландиҳо), оят 182 – 188

  1. وَالَّذِينَ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا سَنَسْتَدْرِجُهُمْ مِنْ حَيْثُ لَا يَعْلَمُونَ

    Ва касоне, ки оёти Моро дурӯғ ангоштанд, [дарҳои рӯзиро ба рӯяшон мекушоем, то бештар дар гуноҳ ғарқ шаванд ва ба ин сон] андак андак аз ҷойе, ки намедонанд [ба кайфари худ] гирифторашон хоҳем сохт

    7:182
  2. وَأُمْلِي لَهُمْ ۚ إِنَّ كَيْدِي مَتِينٌ

    Ва ба онон муҳлат медиҳам. Ба ростӣ, ки тадбири Ман устувор [ва ҳисобшуда] аст

    7:183
  3. أَوَلَمْ يَتَفَكَّرُوا ۗ مَا بِصَاحِبِهِمْ مِنْ جِنَّةٍ ۚ إِنْ هُوَ إِلَّا نَذِيرٌ مُبِينٌ

    Оё наандешидаанд, ки ҳамнишини онон [расулуллоҳ] ҳеҷ ҷунуне надорад? Ӯ ҷуз бимдиҳандаи ошкор нест

    7:184
  4. أَوَلَمْ يَنْظُرُوا فِي مَلَكُوتِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا خَلَقَ اللَّهُ مِنْ شَيْءٍ وَأَنْ عَسَىٰ أَنْ يَكُونَ قَدِ اقْتَرَبَ أَجَلُهُمْ ۖ فَبِأَيِّ حَدِيثٍ بَعْدَهُ يُؤْمِنُونَ

    Оё дар фармонравоии осмонҳо ва замин ва ончи Аллоҳ таоло офаридааст, наменигаранд ва инки чи басо ҳангоми маргашон наздик шуда бошад? Пас, баъд аз ин [Қуръон] ба кадом сухан имон меоваранд?

    7:185
  5. مَنْ يُضْلِلِ اللَّهُ فَلَا هَادِيَ لَهُ ۚ وَيَذَرُهُمْ فِي طُغْيَانِهِمْ يَعْمَهُونَ

    Ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ кунад, пас, [ҳеҷ] роҳнамое барояш нест ва ононро дар саркашии хеш саргардон раҳо мекунад

    7:186
  6. يَسْأَلُونَكَ عَنِ السَّاعَةِ أَيَّانَ مُرْسَاهَا ۖ قُلْ إِنَّمَا عِلْمُهَا عِنْدَ رَبِّي ۖ لَا يُجَلِّيهَا لِوَقْتِهَا إِلَّا هُوَ ۚ ثَقُلَتْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ لَا تَأْتِيكُمْ إِلَّا بَغْتَةً ۗ يَسْأَلُونَكَ كَأَنَّكَ حَفِيٌّ عَنْهَا ۖ قُلْ إِنَّمَا عِلْمُهَا عِنْدَ اللَّهِ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ

    [Эй Паёмбар, кофирони Макка] дар бораи қиёмат аз ту мепурсанд, [ки] кай воқеъ мешавад? Бигӯ: «Бе тардид, дониши он назди Парвардигори ман аст ва ҳеҷ кас ҷуз Ӯ [наметавонад] онро дар вақти муайянаш падидор созад.Ин амр [зуҳури қиёмат] бар аҳли осмонҳо ва замин душвор аст ва ҷуз ба таври ногаҳонӣ ба сӯятон намеояд». [Онон чунон] Аз ту мепурсанд, ки гӯё ту худ муштоқи [донистани замони] он ҳастӣ [ҳол он ки ту дар бораи замони вуқуаш ҳеҷ намепурсӣ]. Бигӯ: «Дониши он фақат назди Аллоҳ таоло аст, вале бештари мардум намедонанд»

    7:187
  7. قُلْ لَا أَمْلِكُ لِنَفْسِي نَفْعًا وَلَا ضَرًّا إِلَّا مَا شَاءَ اللَّهُ ۚ وَلَوْ كُنْتُ أَعْلَمُ الْغَيْبَ لَاسْتَكْثَرْتُ مِنَ الْخَيْرِ وَمَا مَسَّنِيَ السُّوءُ ۚ إِنْ أَنَا إِلَّا نَذِيرٌ وَبَشِيرٌ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ

    [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ман молики суду зиёни хештан нестам, магар ончиро, ки Аллоҳ таоло бихоҳад ва агар ғайбро медонистам, хайр [-у суди] бисёре [барои худ] фароҳам месохтам ва ҳеҷ бадӣ [ва зиёне] ба ман намерасид. Ман [касе] нестам, магар бимдиҳанда ва башоратбахш [-и дилсӯз] барои гурӯҳе, ки имон доранд

    7:188

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»