Сура 7 Ал-Аъроф (Баландиҳо), оят 10 – 25

  1. وَلَقَدْ مَكَّنَّاكُمْ فِي الْأَرْضِ وَجَعَلْنَا لَكُمْ فِيهَا مَعَايِشَ ۗ قَلِيلًا مَا تَشْكُرُونَ

    Ва [эй мардум] ба ростӣ, ки Мо шуморо дар замин ҷой додем ва дар онҷо бароятон васоил [-у имконот]-и зиндагӣ ниҳодем. Чи андак шукр мегузоред!

    7:10
  2. وَلَقَدْ خَلَقْنَاكُمْ ثُمَّ صَوَّرْنَاكُمْ ثُمَّ قُلْنَا لِلْمَلَائِكَةِ اسْجُدُوا لِآدَمَ فَسَجَدُوا إِلَّا إِبْلِيسَ لَمْ يَكُنْ مِنَ السَّاجِدِينَ

    Ва бе тардид, Мо [насли] шуморо [дар замин] падид овардем, сипас шуморо [ба беҳтарин ҳолат] шакл додем, он гоҳ ба фариштагон гуфтем: «Барои [бузургдошту эҳтиром, бар] Одам саҷда кунед», пас, [ҳамагӣ] саҷда карданд, магар иблис, ки аз саҷдакунандагон набуд

    7:11
  3. قَالَ مَا مَنَعَكَ أَلَّا تَسْجُدَ إِذْ أَمَرْتُكَ ۖ قَالَ أَنَا خَيْرٌ مِنْهُ خَلَقْتَنِي مِنْ نَارٍ وَخَلَقْتَهُ مِنْ طِينٍ

    [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Вақте ки туро [ба саҷда] фармон додам, чи чиз монеат шуд, ки саҷда кунӣ»? [Иблис] Гуфт: «Ман аз ӯ беҳтарам: маро аз оташ офаридӣ ва [-ле] ӯро аз гил падид овардӣ»

    7:12
  4. قَالَ فَاهْبِطْ مِنْهَا فَمَا يَكُونُ لَكَ أَنْ تَتَكَبَّرَ فِيهَا فَاخْرُجْ إِنَّكَ مِنَ الصَّاغِرِينَ

    [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Аз ин [биҳишти барин] фуруд о, [зеро] ҳаққи ту нест, ки дар он [макон гарданкашӣ ва] такаббур кунӣ. Пас, берун рав, [ки] бе тардид, ту аз хоршудагонӣ»

    7:13
  5. قَالَ أَنْظِرْنِي إِلَىٰ يَوْمِ يُبْعَثُونَ

    [Иблис] Гуфт: «То рӯзе, ки [инсонҳо] барангехта шаванд, маро муҳлат бидеҳ [то фиребашон диҳам]

    7:14
  6. قَالَ إِنَّكَ مِنَ الْمُنْظَرِينَ

    [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Ҳатман, ту аз муҳлатёфтагонӣ»

    7:15
  7. قَالَ فَبِمَا أَغْوَيْتَنِي لَأَقْعُدَنَّ لَهُمْ صِرَاطَكَ الْمُسْتَقِيمَ

    [Иблис] гуфт: «Пас, ба хотири он ки маро ба гумроҳӣ [ва ҳалокат] афкандӣ, ман низ бар сари роҳи мустақими Ту барои [фиреби] онон менишинам

    7:16
  8. ثُمَّ لَآتِيَنَّهُمْ مِنْ بَيْنِ أَيْدِيهِمْ وَمِنْ خَلْفِهِمْ وَعَنْ أَيْمَانِهِمْ وَعَنْ شَمَائِلِهِمْ ۖ وَلَا تَجِدُ أَكْثَرَهُمْ شَاكِرِينَ

    Сипас бар онон, аз рӯбарӯ ва аз пушти сар ва аз тарафи росту чапашон, дармеоям ва [чунон мекунам] бештарашро шукургузор [-и неъматҳои худ] намеёбӣ»

    7:17
  9. قَالَ اخْرُجْ مِنْهَا مَذْءُومًا مَدْحُورًا ۖ لَمَنْ تَبِعَكَ مِنْهُمْ لَأَمْلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنْكُمْ أَجْمَعِينَ

    [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Аз онҷо [биҳишт] накуҳида ва рондашуда берун рав. Ҳар касе аз онон, ки аз ту пайравӣ кунад, [дар сипоҳи туст ва рӯзи қиёмат] ҳатман, дузахро аз ҳамаи шумо пур хоҳам кард

    7:18
  10. وَيَا آدَمُ اسْكُنْ أَنْتَ وَزَوْجُكَ الْجَنَّةَ فَكُلَا مِنْ حَيْثُ شِئْتُمَا وَلَا تَقْرَبَا هَٰذِهِ الشَّجَرَةَ فَتَكُونَا مِنَ الظَّالِمِينَ

    Ва, эй Одам, ту ва ҳамсарат дар биҳишт сокин шавед ва аз [хӯрданиҳои он аз] ҳар ҷойе ки хостед бихуред, ва [-ле] ба ин дарахт наздик нашавед ки аз ситамгорони [нофармон] хоҳед буд»

    7:19
  11. فَوَسْوَسَ لَهُمَا الشَّيْطَانُ لِيُبْدِيَ لَهُمَا مَا وُورِيَ عَنْهُمَا مِنْ سَوْآتِهِمَا وَقَالَ مَا نَهَاكُمَا رَبُّكُمَا عَنْ هَٰذِهِ الشَّجَرَةِ إِلَّا أَنْ تَكُونَا مَلَكَيْنِ أَوْ تَكُونَا مِنَ الْخَالِدِينَ

    Пас, шайтон он дуро васваса кард, то он чи аз шармгоҳашон ба онон пӯшида монда буд, бар эшон ошкор созад [пас, ҳилае андешид] ва гуфт: «Парвардигоратон шуморо аз [хӯрдани меваи] ин дарахт манъ накард, магар [барои] он ки [мабодо табдил ба] ду фаришта гардед ё аз ҷовидонон шавед»

    7:20
  12. وَقَاسَمَهُمَا إِنِّي لَكُمَا لَمِنَ النَّاصِحِينَ

    Ва барои он ду савганд хӯрд, ки: «Ман, ҳатман, хайрхоҳатон ҳастам»

    7:21
  13. فَدَلَّاهُمَا بِغُرُورٍ ۚ فَلَمَّا ذَاقَا الشَّجَرَةَ بَدَتْ لَهُمَا سَوْآتُهُمَا وَطَفِقَا يَخْصِفَانِ عَلَيْهِمَا مِنْ وَرَقِ الْجَنَّةِ ۖ وَنَادَاهُمَا رَبُّهُمَا أَلَمْ أَنْهَكُمَا عَنْ تِلْكُمَا الشَّجَرَةِ وَأَقُلْ لَكُمَا إِنَّ الشَّيْطَانَ لَكُمَا عَدُوٌّ مُبِينٌ

    Пас, онҳоро бо фиреб [аз мақому манзилашон] фуруд овард ва чун аз [меваи] он дарахт бичашиданд, шармгоҳашон бар онон намоён шуд ва шурӯъ карданд ба қарор додани барги [дарахтони] биҳишт бар [шармгоҳи] худ.Ва Парвардигорашон [инчунин] ба онҳо нидо дод: «Оё шуморо аз [хӯрдани меваи] он дарахт манъ накардам ва ба шумо нагуфтам, ки бе тардид, шайтон душмани ошкори шумост»?!

    7:22
  14. قَالَا رَبَّنَا ظَلَمْنَا أَنْفُسَنَا وَإِنْ لَمْ تَغْفِرْ لَنَا وَتَرْحَمْنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ الْخَاسِرِينَ

    [Он ду] Гуфтанд: «Парвардигоро, мо [ бо сарпечӣ аз дастурат] ба хештан ситам кардаем ва агар моро наёмурзӣ ва бар мо раҳм накунӣ, ҳатман, аз зиёнкорон хоҳем буд»

    7:23
  15. قَالَ اهْبِطُوا بَعْضُكُمْ لِبَعْضٍ عَدُوٌّ ۖ وَلَكُمْ فِي الْأَرْضِ مُسْتَقَرٌّ وَمَتَاعٌ إِلَىٰ حِينٍ

    [Аллоҳ таоло] Фармуд: «[Аз биҳишт бар замин] фуруд оед, [дар ҳоле ки азин пас] бархе аз шумо душмани бархе дигаред ва дар замин бароятон то муддат [-и муайян]-е қароргоҳ ва баҳрамандӣ хоҳад буд»

    7:24
  16. قَالَ فِيهَا تَحْيَوْنَ وَفِيهَا تَمُوتُونَ وَمِنْهَا تُخْرَجُونَ

    [Ва] Фармуд: «Дар он зиндагӣ мекунед ва дар ҳамон[ҷо] мемиред ва [рӯзи қиёмат низ] аз он берун оварда мешавед»

    7:25

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»