Сура 79 Ан-Нозиъот (Нозиъот), оят 1 – 26
-
وَالنَّازِعَاتِ غَرْقًا
Савганд ба фариштагоне, ки ҷон [-и кофирон]-ро ба шиддат берун мекашанд
79:1 -
وَالنَّاشِطَاتِ نَشْطًا
Ва савганд ба фариштагоне, ки ҷон [-и муъминон]-ро ба нармӣ ва осонӣ мегиранд
79:2 -
وَالسَّابِحَاتِ سَبْحًا
Ва савганд ба фариштагоне, ки [ба амри Аллоҳ таоло аз осмон ба сӯйи замин] шиноваранд
79:3 -
فَالسَّابِقَاتِ سَبْقًا
Ва савганд ба фариштагоне, ки [дар иҷрои авомири илоҳӣ] бар якдигар сабқат мегиранд
79:4 -
فَالْمُدَبِّرَاتِ أَمْرًا
Ва савганд ба фариштагоне [ки ба амри илоҳӣ] корҳоро тадбир мекунанд
79:5 -
يَوْمَ تَرْجُفُ الرَّاجِفَةُ
Рӯзе, ки [пас аз аввалин дамидан дар сур] замин [ва кӯҳҳо ва ҳама чиз] ба ларза дарояд
79:6 -
تَتْبَعُهَا الرَّادِفَةُ
[Ва] Дар пайи он [дамидани дувуми ҳашр] биёяд
79:7 -
قُلُوبٌ يَوْمَئِذٍ وَاجِفَةٌ
Дар он рӯз дилҳое сахт музтариб [ва тарсон] аст
79:8 -
أَبْصَارُهَا خَاشِعَةٌ
Ва чашмҳои онон [аз тарсу шармсорӣ] фуру афтодааст
79:9 -
يَقُولُونَ أَإِنَّا لَمَرْدُودُونَ فِي الْحَافِرَةِ
[Кофирон дар дунё] Мегӯянд: «Оё мо [пас аз марг дубора] ба ҳоли аввали худ бозгардонда мешавем?
79:10 -
أَإِذَا كُنَّا عِظَامًا نَخِرَةً
Оё ҳангоме ки устухонҳои пӯсида шудем [ва ба хок табдил гаштем, боз ҳам зинда мешавем]?»
79:11 -
قَالُوا تِلْكَ إِذًا كَرَّةٌ خَاسِرَةٌ
Гӯянд: «[Агар чунин ваъдае дуруст бошад] он гоҳ он бозгаште зиёнбор аст»
79:12 -
فَإِنَّمَا هِيَ زَجْرَةٌ وَاحِدَةٌ
Пас он [бозгашт] танҳо бо як бонги боҳайбат аст
79:13 -
فَإِذَا هُمْ بِالسَّاهِرَةِ
Ва ногаҳон ҳамагӣ бар арсаи замин [-и маҳшар] зоҳир] мешаванд
79:14 -
هَلْ أَتَاكَ حَدِيثُ مُوسَىٰ
[Эй Паёмбар] Оё достони Мӯсо ба ту расидааст?
79:15 -
إِذْ نَادَاهُ رَبُّهُ بِالْوَادِ الْمُقَدَّسِ طُوًى
Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар сарзамини муқаддаси «Туво» нидо дод [ва фармуд]
79:16 -
اذْهَبْ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ إِنَّهُ طَغَىٰ
«Ба сӯи Фиръавн бирав, ки ӯ туғён кардааст
79:17 -
فَقُلْ هَلْ لَكَ إِلَىٰ أَنْ تَزَكَّىٰ
Ва ба ӯ бигӯ: «Оё мехоҳӣ [аз куфру гуноҳ] пок шавӣ?
79:18 -
وَأَهْدِيَكَ إِلَىٰ رَبِّكَ فَتَخْشَىٰ
Ва ман туро ба сӯйи Парвардигорат ҳидоят кунам, то [аз Ӯ] битарсӣ [ва фармонбардор шавӣ]?
79:19 -
فَأَرَاهُ الْآيَةَ الْكُبْرَىٰ
Пас, [Мусо] муъҷизаи бузургро ба ӯ нишон дод
79:20 -
فَكَذَّبَ وَعَصَىٰ
Аммо ӯ такзибу саркашӣ кард
79:21 -
ثُمَّ أَدْبَرَ يَسْعَىٰ
Сипас пушт кард ва ба кӯшишу талош [алайҳи ӯ] пардохт
79:22 -
فَحَشَرَ فَنَادَىٰ
Пас, [қавмашро] ҷамъ карду нидо дод
79:23 -
فَقَالَ أَنَا رَبُّكُمُ الْأَعْلَىٰ
Ва гуфт: «Ман Парвардигори бартари шумо ҳастам»
79:24 -
فَأَخَذَهُ اللَّهُ نَكَالَ الْآخِرَةِ وَالْأُولَىٰ
Пас, Аллоҳ таоло ӯро ба азоби охират ва дунё гирифтор кард
79:25 -
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَعِبْرَةً لِمَنْ يَخْشَىٰ
Бе гумон, дар ин [воқеа] барои ҳар кас, ки [аз Аллоҳ таоло] метарсад, ибрате ҳаст
79:26
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»