Сура 78 Ан-Набаъ (Набаъ), оят 30 – 40

  1. فَذُوقُوا فَلَنْ نَزِيدَكُمْ إِلَّا عَذَابًا

    Пас, [кайфари аъмоли худро] бичашед, ки чизе ҷуз азоб бар шумо намеафзоем

    78:30
  2. إِنَّ لِلْمُتَّقِينَ مَفَازًا

    Бе гумон, барои парҳезкорон комёбӣ [-и бузурге] аст

    78:31
  3. حَدَائِقَ وَأَعْنَابًا

    Боғҳои [мева] ва токзорҳо

    78:32
  4. وَكَوَاعِبَ أَتْرَابًا

    Ва ҳуроне ҷавон ва ҳамсиннусол

    78:33
  5. وَكَأْسًا دِهَاقًا

    Ва ҷомҳое лабрез ва паёпай [аз шароби покизаи биҳишт]

    78:34
  6. لَا يَسْمَعُونَ فِيهَا لَغْوًا وَلَا كِذَّابًا

    Дар он ҷо на сухани беҳудае мешунаванд ва на дурӯғе

    78:35
  7. جَزَاءً مِنْ رَبِّكَ عَطَاءً حِسَابًا

    [Ин] Подош аз ҷониби Парвардигори туст ва атое аз рӯйи ҳисоб

    78:36
  8. رَبِّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا الرَّحْمَٰنِ ۖ لَا يَمْلِكُونَ مِنْهُ خِطَابًا

    [Ҳамон] Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи дар миёни онҳост; [ҳамон Аллоҳи] Раҳмон [ки] ҳеҷ кас [дар он рӯз] ёрои сухан гуфтан бо ӯро надорад

    78:37
  9. يَوْمَ يَقُومُ الرُّوحُ وَالْمَلَائِكَةُ صَفًّا ۖ لَا يَتَكَلَّمُونَ إِلَّا مَنْ أَذِنَ لَهُ الرَّحْمَٰنُ وَقَالَ صَوَابًا

    Рӯзе, ки Руҳ [Ҷабраил] ва фариштагон ба саф биистанд, ҳеҷ кас сухан нагӯяд, ҷуз касе, ки Аллоҳи раҳмон ба ӯ иҷозат дода бошад ва [ӯ] сухани дуруст [ва савоб] гӯяд

    78:38
  10. ذَٰلِكَ الْيَوْمُ الْحَقُّ ۖ فَمَنْ شَاءَ اتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِ مَآبًا

    Он [рӯз] рӯзи ҳақ аст; пас, ҳар ки хоҳад, роҳи бозгаште ба сӯи Парвардигори худ биҷӯяд

    78:39
  11. إِنَّا أَنْذَرْنَاكُمْ عَذَابًا قَرِيبًا يَوْمَ يَنْظُرُ الْمَرْءُ مَا قَدَّمَتْ يَدَاهُ وَيَقُولُ الْكَافِرُ يَا لَيْتَنِي كُنْتُ تُرَابًا

    Ба ростӣ, Мо шуморо аз азобе наздик бим додем: рӯзе, ки инсон он чиро аз қабл бо дастҳои худ фиристодааст, мебинад ва кофир мегӯяд: «Эй кош, ман хок будам [ва барои ҳисоб барангехта намешудам!»

    78:40

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»