Сура 76 Ал-Инсон (Инсон), оят 23 – 31

  1. إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا عَلَيْكَ الْقُرْآنَ تَنْزِيلًا

    [Эй Паёмбар] Яқинан, Мо Қуръонро бар ту тадриҷан нозил кардем

    76:23
  2. فَاصْبِرْ لِحُكْمِ رَبِّكَ وَلَا تُطِعْ مِنْهُمْ آثِمًا أَوْ كَفُورًا

    Пас, бар ҳукми Парвардигорат шикебо бош ва аз ҳеҷ кадом аз гунаҳгорон ва бединонашон фармон мабар

    76:24
  3. وَاذْكُرِ اسْمَ رَبِّكَ بُكْرَةً وَأَصِيلًا

    Ва субҳу шом номи Парвардигоратро ёд кун

    76:25
  4. وَمِنَ اللَّيْلِ فَاسْجُدْ لَهُ وَسَبِّحْهُ لَيْلًا طَوِيلًا

    Ва [низ] бахше аз шаб барояш саҷда кун [ва намоз бигузор] ва дар бахши баланде аз шаб [қисмати дарози шаб, ки ҳама дар хобанд] Ӯро тасбеҳ гӯй

    76:26
  5. إِنَّ هَٰؤُلَاءِ يُحِبُّونَ الْعَاجِلَةَ وَيَذَرُونَ وَرَاءَهُمْ يَوْمًا ثَقِيلًا

    Бе гумон, инон [кофирон] дунёи зудгузарро дӯст медоранд ва рӯзи сахте [-ро, ки дар пеш доранд] пушти сари худ раҳо мекунанд [ва ба он аҳамият намедиҳанд]

    76:27
  6. نَحْنُ خَلَقْنَاهُمْ وَشَدَدْنَا أَسْرَهُمْ ۖ وَإِذَا شِئْنَا بَدَّلْنَا أَمْثَالَهُمْ تَبْدِيلًا

    Мо онҳоро офаридем ва пайванди вуҷудашонро муҳкам кардем ва ҳар замон, ки бихоҳем, ҷойи ононро ба [гурӯҳи дигаре] монандашон медиҳем

    76:28
  7. إِنَّ هَٰذِهِ تَذْكِرَةٌ ۖ فَمَنْ شَاءَ اتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِ سَبِيلًا

    Бе гумон, ин ёдоварӣ [ва панд] аст, пас, ҳар кас, ки бихоҳад, роҳе ба сӯйи Парвардигораш баргузинад

    76:29
  8. وَمَا تَشَاءُونَ إِلَّا أَنْ يَشَاءَ اللَّهُ ۚ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلِيمًا حَكِيمًا

    Ва шумо чизеро намехоҳед, магар ин ки Аллоҳ таоло бихоҳад. Бе гумон, Аллоҳ таоло донои ҳаким аст

    76:30
  9. يُدْخِلُ مَنْ يَشَاءُ فِي رَحْمَتِهِ ۚ وَالظَّالِمِينَ أَعَدَّ لَهُمْ عَذَابًا أَلِيمًا

    Ҳар касро, ки бихоҳад, дар раҳмати худ ворид мекунад ва барои ситамгорон азоби дардноке омода кардааст

    76:31

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»