Сура 75 Ал-Қиёмат (Қиёмат), оят 1 – 10

  1. لَا أُقْسِمُ بِيَوْمِ الْقِيَامَةِ

    Ба рӯзи қиёмат савганд мехӯрам

    75:1
  2. وَلَا أُقْسِمُ بِالنَّفْسِ اللَّوَّامَةِ

    Ва ба нафси маломатгар савганд мехӯрам

    75:2
  3. أَيَحْسَبُ الْإِنْسَانُ أَلَّنْ نَجْمَعَ عِظَامَهُ

    Оё инсон мепиндорад, ки [пас аз марг] ҳаргиз устухонҳояшро ҷамъ нахоҳем кард?

    75:3
  4. بَلَىٰ قَادِرِينَ عَلَىٰ أَنْ نُسَوِّيَ بَنَانَهُ

    Оре, Мо қодирем, ки [ҳатто хутути сари] ангуштонашро яксону мураттаб кунем.

    75:4
  5. بَلْ يُرِيدُ الْإِنْسَانُ لِيَفْجُرَ أَمَامَهُ

    Балки инсон мехоҳад, ки [озодона ва бидуни тарс аз охират] дар гуноҳу бадкорӣ мудовимат кунад

    75:5
  6. يَسْأَلُ أَيَّانَ يَوْمُ الْقِيَامَةِ

    [Аз ин рӯ] Мепурсад: «Рӯзи қиёмат кай хоҳад буд?»

    75:6
  7. فَإِذَا بَرِقَ الْبَصَرُ

    Пас, ҳангоме ки чашм хира шавад

    75:7
  8. وَخَسَفَ الْقَمَرُ

    Ва моҳ тира [ва бе нур] гардад

    75:8
  9. وَجُمِعَ الشَّمْسُ وَالْقَمَرُ

    Ва хуршеду моҳ як ҷо ҷамъ шаванд

    75:9
  10. يَقُولُ الْإِنْسَانُ يَوْمَئِذٍ أَيْنَ الْمَفَرُّ

    Он рӯз инсон мегӯяд: «Роҳи гурез куҷост?»

    75:10

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»