Сура 74 Ал-Муддассир (Муддассир), оят 32 – 56

  1. كَلَّا وَالْقَمَرِ

    Оре, савганд ба моҳ [ки ҳаргиз чунин нест, ки онон тасаввур мекунанд]

    74:32
  2. وَاللَّيْلِ إِذْ أَدْبَرَ

    Ва [савганд ба] шаб ҳангоме ки пушт кунад

    74:33
  3. وَالصُّبْحِ إِذَا أَسْفَرَ

    Ва ба субҳ ҳангоме ки равшан шавад

    74:34
  4. إِنَّهَا لَإِحْدَى الْكُبَرِ

    Ки он [оташи дузах] яке аз [азобҳои] бузург [ва ҳавлнок] аст

    74:35
  5. نَذِيرًا لِلْبَشَرِ

    Барои инсон бимдиҳанда аст

    74:36
  6. لِمَنْ شَاءَ مِنْكُمْ أَنْ يَتَقَدَّمَ أَوْ يَتَأَخَّرَ

    Барои касе аз шумо, ки бихоҳад [бо корҳои наку] пеш афтад, ё [бо гуноҳ кардан] ақиб бимонад

    74:37
  7. كُلُّ نَفْسٍ بِمَا كَسَبَتْ رَهِينَةٌ

    Ҳар кас дар гарави аъмоли хеш аст

    74:38
  8. إِلَّا أَصْحَابَ الْيَمِينِ

    Магар асҳоби ямин [муъминон]

    74:39
  9. فِي جَنَّاتٍ يَتَسَاءَلُونَ

    Ки дар боғҳо [-и биҳишт] ҳастанд ва мепурсанд

    74:40
  10. عَنِ الْمُجْرِمِينَ

    аз гунаҳгорон:

    74:41
  11. مَا سَلَكَكُمْ فِي سَقَرَ

    «Чӣ чиз шуморо ба дузах даровард?

    74:42
  12. قَالُوا لَمْ نَكُ مِنَ الْمُصَلِّينَ

    [Дузахиён] Мегӯянд: «Мо аз намозгузорон набудем

    74:43
  13. وَلَمْ نَكُ نُطْعِمُ الْمِسْكِينَ

    Ва бенаво[-ён]-ро итъом намекардем

    74:44
  14. وَكُنَّا نَخُوضُ مَعَ الْخَائِضِينَ

    Ва пайваста ҳамроҳи ёвагӯён [ва аҳли ботил] ҳамсадо мешудем

    74:45
  15. وَكُنَّا نُكَذِّبُ بِيَوْمِ الدِّينِ

    Ва ҳамвора рӯзи ҷазоро такзиб мекардем

    74:46
  16. حَتَّىٰ أَتَانَا الْيَقِينُ

    То замоне, ки марг ба суроғамон омад

    74:47
  17. فَمَا تَنْفَعُهُمْ شَفَاعَةُ الشَّافِعِينَ

    Пас, шафоати шафоаткунандагон ба онҳо суде намебахшад

    74:48
  18. فَمَا لَهُمْ عَنِ التَّذْكِرَةِ مُعْرِضِينَ

    Пас, онҳоро чи шудааст, ки аз панд [-у тазаккур] рӯй гардондаанд?

    74:49
  19. كَأَنَّهُمْ حُمُرٌ مُسْتَنْفِرَةٌ

    Гӯӣ, ки гӯрхароне рамидаанд

    74:50
  20. فَرَّتْ مِنْ قَسْوَرَةٍ

    Ки аз [муқобили] шер гурехтаанд

    74:51
  21. بَلْ يُرِيدُ كُلُّ امْرِئٍ مِنْهُمْ أَنْ يُؤْتَىٰ صُحُفًا مُنَشَّرَةً

    Балки ҳар кадом аз онҳо [таваққуъ дорад ва] мехоҳад, ки [ба ӯ] номае кушода [ва ҷудогона аз сӯйи Аллоҳ таоло] дода шавад

    74:52
  22. كَلَّا ۖ بَلْ لَا يَخَافُونَ الْآخِرَةَ

    Ҳаргиз, чунин нест [ки онон мепиндоранд]! Балки онҳо аз [азоби] охират наметарсанд

    74:53
  23. كَلَّا إِنَّهُ تَذْكِرَةٌ

    На, чунин нест, ки онҳо мегӯянд, он [Қуръон] як тазаккур ва ёдоварӣ аст

    74:54
  24. فَمَنْ شَاءَ ذَكَرَهُ

    Пас, ҳар касе, ки бихоҳад аз он панд гирад

    74:55
  25. وَمَا يَذْكُرُونَ إِلَّا أَنْ يَشَاءَ اللَّهُ ۚ هُوَ أَهْلُ التَّقْوَىٰ وَأَهْلُ الْمَغْفِرَةِ

    Ва ёд намекунанд [ва панд намегиранд], магар ин ки Аллоҳ таоло бихоҳад. Ӯст, ки сазовори парво кардан ва омурзидан аст.

    74:56

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»