Сура 71 Нуҳ ((Пайғомбар) Нуҳ), оят 21 – 28

  1. قَالَ نُوحٌ رَبِّ إِنَّهُمْ عَصَوْنِي وَاتَّبَعُوا مَنْ لَمْ يَزِدْهُ مَالُهُ وَوَلَدُهُ إِلَّا خَسَارًا

    Нуҳ гуфт: «Парвардигоро, онҳо аз ман нофармонӣ намуданд ва аз касе пайравӣ карданд, ки молу фарзандаш чизе ҷуз зиёнкорӣ бар ӯ наафзудааст

    71:21
  2. وَمَكَرُوا مَكْرًا كُبَّارًا

    Ва [он пешвоёни гумроҳ] найранги бузурге ба кор бурданд

    71:22
  3. وَقَالُوا لَا تَذَرُنَّ آلِهَتَكُمْ وَلَا تَذَرُنَّ وَدًّا وَلَا سُوَاعًا وَلَا يَغُوثَ وَيَعُوقَ وَنَسْرًا

    Ва гуфтанд: «Маъбудони худро раҳо накунед ва [ба хусус] «Вадда» ва «Сувоъ» ва «Яғус» ва «Яъуқ» ва «Наср»-ро [раҳо накунед]

    71:23
  4. وَقَدْ أَضَلُّوا كَثِيرًا ۖ وَلَا تَزِدِ الظَّالِمِينَ إِلَّا ضَلَالًا

    Ба ростӣ, онҳо бисёреро гумроҳ карданд ва [ту эй Парвардигор] ситамгоронро ҷуз гумроҳӣ маафзой»

    71:24
  5. مِمَّا خَطِيئَاتِهِمْ أُغْرِقُوا فَأُدْخِلُوا نَارًا فَلَمْ يَجِدُوا لَهُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ أَنْصَارًا

    [Саранҷом онон] Ба кайфари гуноҳонашон [ҳамагӣ] ғарқ шуданд, пас, дар оташ [-и дузах] дароварда шуданд ва дар баробари [азоби] илоҳӣ ёвар [-у мададгоре] барои худ наёфтанд

    71:25
  6. وَقَالَ نُوحٌ رَبِّ لَا تَذَرْ عَلَى الْأَرْضِ مِنَ الْكَافِرِينَ دَيَّارًا

    Нуҳ гуфт: «Парвардигоро, ҳеҷ як аз кофиронро бар рӯйи замин боқӣ магузор

    71:26
  7. إِنَّكَ إِنْ تَذَرْهُمْ يُضِلُّوا عِبَادَكَ وَلَا يَلِدُوا إِلَّا فَاجِرًا كَفَّارًا

    Чаро ки агар онҳоро боқӣ гузорӣ, бандагонатро гумроҳ мекунанд ва ҷуз [насле] бадкор ва кофир ба вуҷуд намеоваранд

    71:27
  8. رَبِّ اغْفِرْ لِي وَلِوَالِدَيَّ وَلِمَنْ دَخَلَ بَيْتِيَ مُؤْمِنًا وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ وَلَا تَزِدِ الظَّالِمِينَ إِلَّا تَبَارًا

    Парвардигоро, маро ва падару модарам ва ҳар он касеро, ки бо имон вориди хонаи ман мешавад ва [тамоми] мардони муъмин ва занони муъминро биёмурз ва ситамгоронро ҷуз ҳалокат [ва нобудӣ] маафзо»

    71:28

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»