Сура 71 Нуҳ ((Пайғомбар) Нуҳ), оят 10 – 13
-
فَقُلْتُ اسْتَغْفِرُوا رَبَّكُمْ إِنَّهُ كَانَ غَفَّارًا
Пас, гуфтам: «Аз Парвардигори хеш омурзиш бихоҳед [ки] бе гумон, Ӯ бисёр омурзанда аст
71:10 -
يُرْسِلِ السَّمَاءَ عَلَيْكُمْ مِدْرَارًا
То аз осмон [борони] паёпай бар шумо бифиристад
71:11 -
وَيُمْدِدْكُمْ بِأَمْوَالٍ وَبَنِينَ وَيَجْعَلْ لَكُمْ جَنَّاتٍ وَيَجْعَلْ لَكُمْ أَنْهَارًا
Ва шуморо бо амволу фарзандони бисёр ёрӣ кунад, ба шумо боғҳои [сарсабз] бидиҳад ва бароятон ҷӯйборҳо[-и ҷорӣ] қарор диҳад
71:12 -
مَا لَكُمْ لَا تَرْجُونَ لِلَّهِ وَقَارًا
Шуморо чи шудааст, ки барои Аллоҳ таоло азамат [-у шукӯҳ] қоил нестед?
71:13
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»