Сура 6 Ал-Анъам (Чорпоён), оят 71 – 82

  1. قُلْ أَنَدْعُو مِنْ دُونِ اللَّهِ مَا لَا يَنْفَعُنَا وَلَا يَضُرُّنَا وَنُرَدُّ عَلَىٰ أَعْقَابِنَا بَعْدَ إِذْ هَدَانَا اللَّهُ كَالَّذِي اسْتَهْوَتْهُ الشَّيَاطِينُ فِي الْأَرْضِ حَيْرَانَ لَهُ أَصْحَابٌ يَدْعُونَهُ إِلَى الْهُدَى ائْتِنَا ۗ قُلْ إِنَّ هُدَى اللَّهِ هُوَ الْهُدَىٰ ۖ وَأُمِرْنَا لِنُسْلِمَ لِرَبِّ الْعَالَمِينَ

    [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Оё ба ҷойи Аллоҳи мутаол чизеро бихонем, ки на ба мо суд медиҳад ва на зиён мерасонад? Ва оё пас аз он ки Аллоҳ таоло моро ҳидоят кардааст, [ба сӯйи гумроҳӣ] ба ақиб бозгардем? Ҳамчун касе, ки шаётин ӯро [фиреб дода ва аз роҳи рост] бадар бурдаанд ва ӯ дар замин ҳайрону саргашта мондааст, дар ҳоле ки ӯ ёрон [-и дилсӯз] дорад, ки ба ҳидоят даъваташ мекунанд [ва мегӯянд]: “Ба сӯйи мо биё”»!Бигӯ: «Бе тардид, ҳидояти [ростин] ҳидояти Аллоҳ таолост ва мо фармон ёфтаем, ки таслими Парвардигори ҷаҳониён бошем

    6:71
  2. وَأَنْ أَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَاتَّقُوهُ ۚ وَهُوَ الَّذِي إِلَيْهِ تُحْشَرُونَ

    Ва ин ки намоз барпо доред ва аз ӯ парво кунед ва Ӯст, ки ба пешгоҳаш ҳашр хоҳед шуд»

    6:72
  3. وَهُوَ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ بِالْحَقِّ ۖ وَيَوْمَ يَقُولُ كُنْ فَيَكُونُ ۚ قَوْلُهُ الْحَقُّ ۚ وَلَهُ الْمُلْكُ يَوْمَ يُنْفَخُ فِي الصُّورِ ۚ عَالِمُ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ ۚ وَهُوَ الْحَكِيمُ الْخَبِيرُ

    Ва Ӯст, ки осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид ва рӯзе, ки [Аллоҳ таоло ба ҳар чизе] бигӯяд: «Мавҷуд шав», пас, бедиранг мавҷуд мешавад. Сухани Ӯ ҳақ аст. Ва рӯзе, ки дар сур дамида мешавад, фармонравоӣ аз они Ӯст. Ӯ донои пинҳону пайдост ва Ӯст, ки ҳакими огоҳ аст

    6:73
  4. وَإِذْ قَالَ إِبْرَاهِيمُ لِأَبِيهِ آزَرَ أَتَتَّخِذُ أَصْنَامًا آلِهَةً ۖ إِنِّي أَرَاكَ وَقَوْمَكَ فِي ضَلَالٍ مُبِينٍ

    Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки Иброҳим ба падараш –Озар– гуфт: «Оё бутҳоро маъбуди [хеш] мегирӣ? Ба ростӣ, ки ман ту ва қавматро дар гумроҳии ошкоре мебинам»

    6:74
  5. وَكَذَٰلِكَ نُرِي إِبْرَاهِيمَ مَلَكُوتَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَلِيَكُونَ مِنَ الْمُوقِنِينَ

    Ва ин гуна фармондиҳии [шукӯҳманди] осмонҳо ва заминро ба Иброҳим нишон додем, то [ягонагии Аллоҳ таоло ва гумроҳии Озар ва қавмашро дарёбад ва] аз аҳли яқин бошад

    6:75
  6. فَلَمَّا جَنَّ عَلَيْهِ اللَّيْلُ رَأَىٰ كَوْكَبًا ۖ قَالَ هَٰذَا رَبِّي ۖ فَلَمَّا أَفَلَ قَالَ لَا أُحِبُّ الْآفِلِينَ

    Пас, ҳангоме ки [торикии] шаб Ӯро дарбар гирифт, ситорае дид, [ва] гуфт: «Ин Парвардигори ман аст».Ва чун ғуруб кард, гуфт: «Ғурубкунандагонро дӯст надорам»

    6:76
  7. فَلَمَّا رَأَى الْقَمَرَ بَازِغًا قَالَ هَٰذَا رَبِّي ۖ فَلَمَّا أَفَلَ قَالَ لَئِنْ لَمْ يَهْدِنِي رَبِّي لَأَكُونَنَّ مِنَ الْقَوْمِ الضَّالِّينَ

    Пас, ҳангоме ки моҳро тобанда дид, гуфт: «Ин Парвардигори ман аст».Ва чун ғуруб кард, гуфт: «Агар Парвардигорам маро ҳидоят накарда буд, ҳатман, аз гумроҳон будам»

    6:77
  8. فَلَمَّا رَأَى الشَّمْسَ بَازِغَةً قَالَ هَٰذَا رَبِّي هَٰذَا أَكْبَرُ ۖ فَلَمَّا أَفَلَتْ قَالَ يَا قَوْمِ إِنِّي بَرِيءٌ مِمَّا تُشْرِكُونَ

    Пас, ҳангоме ки хуршедро дурахшанда дид, гуфт: «Ин Парвардигори ман аст. Ин бузургтар аст». Он гоҳ вақте ки ғуруб кард, гуфт: «Эй қавм, ман аз он чи [барои Аллоҳ таоло] шарик қарор медиҳед, безорам»

    6:78
  9. إِنِّي وَجَّهْتُ وَجْهِيَ لِلَّذِي فَطَرَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ حَنِيفًا ۖ وَمَا أَنَا مِنَ الْمُشْرِكِينَ

    Ба ростӣ, ки ман ҳақгароёна дин [-у ибодат]-и хешро барои касе холис кардам, ки осмонҳо ва заминро падид овардааст ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон нестам»

    6:79
  10. وَحَاجَّهُ قَوْمُهُ ۚ قَالَ أَتُحَاجُّونِّي فِي اللَّهِ وَقَدْ هَدَانِ ۚ وَلَا أَخَافُ مَا تُشْرِكُونَ بِهِ إِلَّا أَنْ يَشَاءَ رَبِّي شَيْئًا ۗ وَسِعَ رَبِّي كُلَّ شَيْءٍ عِلْمًا ۗ أَفَلَا تَتَذَكَّرُونَ

    Ва қавми ӯ бо вай ба муҷодала пардохтанд, [ва ӯро аз хашми бутҳо тарсонданд. Иброҳим] гуфт: «Оё дар бораи Аллоҳи мутаол бо ман муҷодала мекунед, дар ҳоле ки Ӯ маро [ба роҳи рост] ҳидоят кардааст ва аз он чи бо Ӯ шарик мепиндоред, ҳеҷ наметарсам, магар он ки Парвардигорам чизе [аз суд ва зиён бароям] хоста бошад. Илми Парвардигорам ҳама чизро фаро гирифтааст. Оё панд намегиред?

    6:80
  11. وَكَيْفَ أَخَافُ مَا أَشْرَكْتُمْ وَلَا تَخَافُونَ أَنَّكُمْ أَشْرَكْتُمْ بِاللَّهِ مَا لَمْ يُنَزِّلْ بِهِ عَلَيْكُمْ سُلْطَانًا ۚ فَأَيُّ الْفَرِيقَيْنِ أَحَقُّ بِالْأَمْنِ ۖ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ

    Ва чигуна аз он чи шарик [-и Аллоҳ таоло] мепиндоред битарсам бо он ки шумо худ намеҳаросед аз ин ки чизеро шарики Аллоҳи мутаол сохтаед, ки Ӯ [ҳеҷ] далеле дар бораи [ҳаққонияти] он бар шумо нозил накардааст? Пас, агар медонед, [бигӯед] кадом як аз ин ду гурӯҳ [муваҳҳид ва мушрик] ба амният [ва дурӣ аз азоб] сазовортар аст?

    6:81
  12. الَّذِينَ آمَنُوا وَلَمْ يَلْبِسُوا إِيمَانَهُمْ بِظُلْمٍ أُولَٰئِكَ لَهُمُ الْأَمْنُ وَهُمْ مُهْتَدُونَ

    Касоне, ки имон овардаанд ва имонашонро ба [ҳеҷ] ширке наолудаанд, ононанд, ки амн [-у оромиш] доранд ва роҳёфтагонанд»

    6:82

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»