Сура 6 Ал-Анъам (Чорпоён), оят 56 – 60
-
قُلْ إِنِّي نُهِيتُ أَنْ أَعْبُدَ الَّذِينَ تَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ ۚ قُلْ لَا أَتَّبِعُ أَهْوَاءَكُمْ ۙ قَدْ ضَلَلْتُ إِذًا وَمَا أَنَا مِنَ الْمُهْتَدِينَ
[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ман наҳй шудаам аз ин ки касонеро бипарастам, ки шумо ба ҷойи Аллоҳи мутаол мехонед». Бигӯ: «Ман аз ҳавасҳоятон пайравӣ намекунам, ки [агар чунин кунам] ҳатман, гумроҳ шудаам ва аз ҳидоятёфтагон нахоҳам буд»
6:56 -
قُلْ إِنِّي عَلَىٰ بَيِّنَةٍ مِنْ رَبِّي وَكَذَّبْتُمْ بِهِ ۚ مَا عِنْدِي مَا تَسْتَعْجِلُونَ بِهِ ۚ إِنِ الْحُكْمُ إِلَّا لِلَّهِ ۖ يَقُصُّ الْحَقَّ ۖ وَهُوَ خَيْرُ الْفَاصِلِينَ
Бигӯ: «Ман далели равшане аз Парвардигорам дорам, ва [-ле] шумо онро дурӯғ пиндоштед.Ва он чи ба шитоб хостораш ҳастед, [азоби илоҳӣ] назди ман нест. Фармон, танҳо аз они Аллоҳ таолост, [ки] ҳақро баён мекунад ва Ӯ беҳтарин ҷудокунанда[-и ҳақ аз ботил] аст»
6:57 -
قُلْ لَوْ أَنَّ عِنْدِي مَا تَسْتَعْجِلُونَ بِهِ لَقُضِيَ الْأَمْرُ بَيْنِي وَبَيْنَكُمْ ۗ وَاللَّهُ أَعْلَمُ بِالظَّالِمِينَ
[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Агар он чи ки ба шитоб хостораш ҳастед, назди ман буд, [бар саратон фуруд меовардам ва] кори миёни ману шумо ба поён мерасид, ва [-ле] Аллоҳ таоло ба [ҳоли] ситамгорон донотар аст [ва ба онон муҳлат медиҳад]»
6:58 -
وَعِنْدَهُ مَفَاتِحُ الْغَيْبِ لَا يَعْلَمُهَا إِلَّا هُوَ ۚ وَيَعْلَمُ مَا فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ ۚ وَمَا تَسْقُطُ مِنْ وَرَقَةٍ إِلَّا يَعْلَمُهَا وَلَا حَبَّةٍ فِي ظُلُمَاتِ الْأَرْضِ وَلَا رَطْبٍ وَلَا يَابِسٍ إِلَّا فِي كِتَابٍ مُبِينٍ
Ва калидҳо [ганҷинаҳо]-и ниҳон назди Ӯст [ва] ҷуз Ӯ [ҳеҷ кас] онро намедонад ва [Ӯст, ки] он чиро дар хушкӣ ва дарёст медонад ва ҳеҷ барге [аз дарахт] намеафтад, магар ин ки онро медонад ва ҳеҷ донае дар торикиҳои замин ва ҳеҷ тару хушке нест, магар ин ки дар китоби равшан [Лавҳи маҳфуз] қарор дорад
6:59 -
وَهُوَ الَّذِي يَتَوَفَّاكُمْ بِاللَّيْلِ وَيَعْلَمُ مَا جَرَحْتُمْ بِالنَّهَارِ ثُمَّ يَبْعَثُكُمْ فِيهِ لِيُقْضَىٰ أَجَلٌ مُسَمًّى ۖ ثُمَّ إِلَيْهِ مَرْجِعُكُمْ ثُمَّ يُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ
Ва Ӯст, ки шабонгоҳ рӯҳатонро [ҳангоми хоб] мегирад ва [ҳам Ӯст, ки] ончиро дар рӯз ба даст овардаед, медонад. Сипас шуморо дар он [рӯз] бедор мекунад, то он ки замони муайяне сипарӣ гардад,; онгоҳ [ки вафот кардед, дар қиёмат] бозгаштатон ба сӯйи Ӯст. Сипас шуморо аз ончи анҷом медодед, огоҳ мекунад
6:60
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»